4 авг. 2010 г.

ҲАЁТИ СОЛИМ

Бузурге гуфтааст, агар хоҳӣ, ки дар пирӣ надавӣ, дар ҷавонӣ дав

Воқеан, барои он ки дар пирӣ саломату бардам бошӣ, бояд ба варзиш машғул шавӣ. Ҳамарӯза ба масофаи муайян давидан, велосипедсаворӣ, пиёда роҳ гаштан ба саломатӣ фоидаи калон дорад. Хушбахтона, солҳои охир толорҳои варзишӣ, фитнесклубҳо дар кишвар бештар шудаву сафи ҷавонон низ ба ин клубҳо дар ҳоли афзудан аст. Бештари ҷавонон маҳз барои саломатӣ ба клубҳои варзишӣ шомил мешаванд. Духтарон низ барои солимӣ ва нигоҳ доштани фигураашон ба варзиш машғуланд. Ҳамчунин, субҳу шом ҷавонони зиёдеро дар кӯчаву хиёбонҳо дучор меоем, ки медаванд. Ҳар бегоҳӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бошад, наврасону ҷавонон ба чархаксаворӣ (конки) машғул мешаванд, ки ин ҳам хуб аст.
Ҳамасола бо Фармони Президенти кишвар 10 август Рӯзи варзишгарон таҷлил мегардад. Бахшида ба иди касбии кормандони соҳа дар саросари кишвар баргузории мусобиқаҳо дар намудҳои мухталиф ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар ин рӯз варзишгарон ва собиқадорони соҳа аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Кумитаи миллии олимпӣ қадр карда мешаванд.
Имсол, дар арафаи Рӯзи варзишгарон, зимни ҷаласаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, таҳти раёсати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии «Мактаб-интернати таҳсилоти умумии ҷумҳуриявии тамоюли варзишӣ» ба номи варзишгар ва мураббии маъруфу машҳури кишвар Иброҳим Ҳасанов номгузорӣ карда шуд. Иброҳим Ҳасанов аввалин олимпичии мамлакат аст, ки дар се бозии олимпӣ, дар риштаи заврақронӣ, иштирок кардааст. Вай дар вазифаҳои раиси Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишу Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои охири умраш дар Эрон буд ва дастаи мунтахаби ин кишварро тамрин медод.
Ба андешаи коршиносон камбуди асосии варзишгарони мо, хусусан ҷумҳурӣ кам будани толорҳои варзишӣ аст. Аммо ин масъала дар мадди назари Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад. Сохта ба истифода додани толори варзишии «Вастан» дар ноҳияи Дарвоз, таҷдиду азнавсозии варзишгоҳи шаҳри Хоруғ аз дастовардҳои чанд моҳи охири соҳа аст.
ИД МУБОРАК, ПАРЧАМБАРДОРОНИ ТОҶИК!

30 июл. 2010 г.

РОҒУН НА ТАНҲО НБО, ОБИ ГАРМ ҲАМ ДОРАД

Роғун имрӯзҳо ба мазраи умеди миллионҳо табдил шудааст. Ҳар куҷо, ки набошем, аз Роғун мегӯянду аз НБО-и рақами 1-аш. Роғун умеди нур бар қалби инсонҳо шинохта мешавад. Футболкаҳои «Роғун» аз серхаридортарин намуди либосворӣ аст. Дар мавриди ҳавои тозаи нафаскашиданбобаш ҳам зиёд шунидаем, аммо мегӯянд шунидан кай бувад монанди дидан ва мо ҳам бо мақсади дидани ин шаҳри орзӯҳо ба Роғун рахти сафар бастем.

Яке аз 1001 саргузашти булаҷаби ҳамсабақӣ
Аввалин шуда Носирҷон занг зад. Соат 17:20 буд. Таъкид кард, ки дар Саховат асту баъди 5 дақиқа дар ҷойи ваъдагӣ мерасад. Гуфт, ки ба дигарон низ занг зада гӯем, ки на дертар аз вақти муайяншуда, яъне, соати расо 18:00 назди чорроҳаи Садбарг ҳозир шаванд. Ҳамсабақони мо одати аҷибе доранд, ҳамеша то 2 соат дертар аз вақти муайяншуда ҳозир мешаванд, аз ин хотир таъкидҳои Носирҷон ҷон дошт, валек баъдтар фаҳмидем, ки худи ӯ вақти занг заданаш назди таксиҳои Қӯрғонтеппа будааст…
Соат 18:10. Аз ҳамсабақон танҳо Амирхӯҷа дар ҷои муқарраршуда пасу пеш қадам мезанад. Маълум, ки як сӯ аз гармии тоқатфарсо, як сӯ аз интизории ҳамкурсон зиёд асабӣ аст.
Мо, Носирҷон, Гулбаҳору Нилуфар, Зебуниссо яке пайи дигар омадан гирифтанд. Вақте ақрабаки соат 20:40-ро нишон медод, Ҷуъмагул ҳам расид. Акнун танҳо Қурбонро бояд интизор мешудем. ӯ ваъда карда буд, ки вақте бародараш аз кор баргашт, мошинро гирифта меояд. Ба хотири мошинаш интизор шудан бадӣ надошт. Билохира баъди зангҳои бардавом Қурбон гуфт, ки ҳамин ҳоло савори мошин аз хонаашон (деҳаи Мирзочули ноҳияи Рӯдакӣ) берун шуд. Кадоме аз ҳамсабақон пешниҳод кард, ки як гурӯҳ ба роҳ бароянд, дигарон интизори Қурбон мешинанд. Ба чанд нафари дигар ҳам ин пешниҳод хуш омад. Умараливу Амирхӯҷа ва Зебунисову Ҷуъмагулро дар мошин нишондаву роҳи сафед хостем. Баъди занги 45-ум Қурбон билохира гуфт, ки кадом як сими сабукраваш канда шудаву усто мегӯяд, соатҳои наздик дуруст шуданаш даргумон. Ба Гулбаҳори беқарор, ки аз соати 20:00 исрор мекард, ки ба умеди Қурбон нашавем Худо дод. Мисли хушдомане, ки келинаш сатили шири навдушидаро чаппа кардааст, ба ғур-ғур сар кард. Ману Нилуфар мегуфтем, ки «ҳамааш хуб мешавад». Мавқеи Носирҷон норӯшан буд. Маротибаи 46-ум ба Қурбон занг задаву гуфтем, бало ба паси мошинат худат зуд бош, то таксиеро киро карда, ба роҳ бароем. Аз он сӯйи гушӣ бо садои пасти гунаҳкоронае «бошад» шунида шуд.

Дар суроғи таксиҳои Роғун
Соат 23:45 буд. Ба ҷуз аз чанд ронандаи таксӣ дар кӯча ягон-ягон одамон дар равуо буданд. Аз ронандае пурсидем, ки таксиҳои Роғун аз кадом самт мераванд? Кӯтоҳакак посух дод, ки аз «Чулошка». Аз ину он пурсидаву «Чулошка»-ро ҳам пайдо кардем (ба бахти мо он дар масофаи тақрибан ҳазор метр аз ҷои истодаи мо воқеъ будааст). Дарвозаи оҳанин он чунон баста шуда буд, ки гӯӣ сад сол боз пӯшида аст. Аз ду нафар, ки шояд қаровули корхонаи «Нафиса» («Чулошка» дар ҳамсоягии ин корхона ҷойгир аст) буданд, пурсидем, ки таксиҳои Роғун аз ҳамин ҷо мераванд? Гуфтанд, бале, аммо ҳеч вақте нашуда, ки дар ин нимашабӣ таксие ба Роғун рафта бошад, беҳтараш нағзакак хоб кардаву пагоҳ субҳидам биёед. «Мотор»-и Гулбаҳор боз ба кор даромаду ғурид. Ман гуфтам «ҳамааш хуб мешавад», ки якбора сар кард-ээээ. Носирҷон пешниҳод кард, ки биёед, фардо меравем. Нилуфар бошад, розӣ нашуд, гуфт агар пагоҳ равем, «сафари Роғун» баромон таърихӣ намешавад. Ба ҳар сурат ман ҳам қабул кардам, сафари таърихӣ бошад, бигзор таърихӣ. Гулбаҳор ҳам розӣ шуд, Носирҷон ҳам даст бардошт. Дар роҳ ҷониби Садбарг Қурбонро дидем, ки аз таксӣ поин шуд. Мисли гуноҳкорон бо мо вохӯрӣ кард ва узр пеш овард. Гуфтам, «ҳамааш хуб мешавад». Гулбаҳор бо қираи чашм «песонд».
Фикр кардем, ки ягон таксиро то Роғун киро мекунем. Аммо ҳеч як ронанда розӣ намешуд, ки дар ин нимашабӣ ба «шаҳри энергетикҳо» равад. Пешниҳод кардам, ки биёед, ҳадди аққал то Файзобод равем, пасон «як бало мекунем». Дигар илоҷ набуд ва ҳамагӣ розӣ шуданд. Аммо чӣ мегӯед, ки аз таксиҳои самти Файзобод дараке набуд. Як ронандаи «Тангем» фарёд мезад, ки то Ваҳдат 3 сомонӣ. Гуфтем то Файзобод ба чӣ қимат мебаред? «Эсту бесте» накардаву 110 сомонии нақд гуфт. Худо инсофата зиёда кунад гуфтему аз наздаш дур шудем. Сабукраве наздамон истод ва гуфт то Ваҳдат меравад. Гуфтем Файзобод меравем.
– 50 сомонӣ диҳед мебарам, - гуфт. Мо гуфтем мушкил надорад, аммо 5 нафарем. Гуфт: «Ҳеҷ гап нест, шинед».
Ба Носирҷон курсии паҳлуи ронанда расид. Ману Қурбону Гулбаҳору Нилуфар се ҷои нишастро бо ҳам дидем.
То расидан ба пости БДА-и Файзобод қариб оромӣ буд. Корманди БДА мошини моро нигоҳ дошт. Ронанда аз мошин поин шуд, овози кормандони БДА-ро мешунидем, ки мегуфт чаро дар нишастгоҳи қафо як нафар зиёд нишастааст? Нилуфар бо чаққоние, ки дорад, аз мошин фуромад ва гуфт, ки журналистему барои анҷоми кори хизматӣ меравем. Ба корманди БДА ё қаду қомати Нилуфар хуш омад ё аз гапҳояш чӣ ҳикмате бардошт, ки ба мо роҳи сафед хост.
Дар маркази Файзобод пашша пар намезанад. Ҳама ҷо тип-торик. Соат 00:50. Танҳо дари мағозае кушода аст. Аз ҷониби автовокзал муйсафеде назди мо меояд (намедонам шояд қаровули ин ҷо буд). Пурсидем, ки бобоҷон мо Роғун рафтан мехоҳем, ягон мошин метавонем пайдо кардан? Гуфт, Худо медонад. Ману Қурбон ба ҳар сурат назди чанд мошине рафтем, ки дар роҳ ба сӯйи беморхонаи Файзобод меистоданд ва садои мусиқӣ аз онҳо баланд мешуд. Гуфтем, мо бояд ба Роғун равем, дар ин наздикиҳо хонаи кадом як ронандаи таксӣ нест? Гуфтанд, агар бошад ҳам, дар ин поси шаб касе шуморо Роғун намебарад. Баргашта вокзал омадем. Гулбаҳор «ғур-ғур»-кунон нону ҳасиб мехӯрд (Носирҷон аз ягона мағозаи боз обу нону ҳасиб харидааст). Гуфтам «ҳамааш хуб мешавад». Чашмонаш барқ заданду овоз дод, ки чӣ гуна нағз мешавад? Пешниҳод кардам, ки агар ҳамагӣ 1000 метр пиёда роҳ гардем, аз марказ мебароем ва ба роҳи самти Роғун мерасем. Он ҷо шояд кадом як мошини роҳгузарро нигоҳ медорем. Ба ҳамсабақони хушбахтамон, ки аллакай дар Роғун расидаву пелмен тановул мекарданд, занг задем. Ҳамсабақамон Мӯъминшо, ки бо даъвати ӯ ба Роғун мерафтем, гуфт, ки мошинеро барои овардани мо фиристодаанд. Мӯъминшо Тоиров мудири шӯъбаи фарҳанг ва иттилооти дастгоҳи раиси шаҳри Роғун аст. То омадани мошини ваъдагӣ бекор нашинем гуфта, пиёда ба пеш ҳаракат кардем ва ҳудуди 5 километр қадам задем. Жигулии сап-сафед наздамон истоду ҳамагӣ ба он нишастем.

Мо дар Роғун
Соат 2:30 буд, ки вориди толори барҳавою зебо таъмирдидаи қасри фарҳанги шаҳри Роғун шудем. Ҳамсабақони қаблан омадаамон, аллакай чашм молидаву дар орзӯи хоб буданд. Пешхизмати хеле меҳрубон бароямон пелмен овард…
Соат 3:10 шуд ва сӯйи меҳмонхонаи шаҳри Роғун роҳ гирифтем. Худоё, аҷаб ҳавои тозае… Мо, ки дар Душанбе шабу рӯз аз гармӣ ҳолу мадоре надоштем, ҳарчӣ бештар нафас мекашидем. Боди фораме мевазид, ончунон роҳат, ки… Соати расо 5:00 садои телефон бедорам кард. Бинам, Зебуниссо, ки ҳамроҳи духтарон дар қабати дигари меҳмонхона буданд, занг мезанад. Аллакай, Умараливу Қурбон дасту рӯ шӯставу аз ҳар боб сӯҳбат мекарданд. Ман назди тиреза рафтам, то аз ҳавои Роғун нафас бигирам.
Қадамзанон то ба Қасри фарҳанг омадем. Мошини сохти хитоие роҳҳои мошингардро об мепошид. Аҷабо. Дар Душанбеи пойтахт мошинҳои обпошро танҳо қабл аз омадани кадом як меҳмони иззатманд дидан мумкин аст…
Мудири шӯъбаи фарҳанги шаҳри Роғун Маҳмадназари Аминиён бо чеҳраи кушода пешвозамон гирифт. Бароямон қурутоб оварданд, оҳ чӣ қадар бомазззааааа. Ин қурутоб аз қурутобҳои ошхонаҳои Душанбе ба куллӣ фарқ дошт, зеро онро бо қурут тайёр карда буданд.
Чанд лаҳза дар сӯҳбати Аминиён нишастем ва аз пешравиҳои бахши фарҳанги шаҳр қисса кард. Ба гуфтаи ӯ дар шафати Қасри фарҳанг боғи фарҳангу фароғат бунёд меябад. Он ҷо кор дар ҷӯш буд. Дар рӯ ба рӯ бошад, китобхонаи наву замонавӣ сохта хоҳад шуд. Барои бунёди он маблағ ҷудо шудаву рӯзҳои наздик корҳои сохтмонӣ оғоз мегардад.
Гуфтанд, ки раиси шаҳри Роғун мехоҳад бо мо сӯҳбат кунад. Ба ростӣ, тааҷҷуб кардем, охир аввалин бор буд, ки мешунидем, раиси шаҳре хоҳиши дидор бо журналистонро дошта бошад. Гузашта аз ин, охир ин рӯз-ку якшанбе, рӯзи истироҳат аст. Мӯъминшо гуфт, ки дар мо рӯзи истироҳат нест. Қадамзанон сӯи бинои ҳукумати шаҳр роҳ гирифтем. Дар роҳ медидем, мардум назди ҳавлиҳошонро мерӯфтанду тоза мекарданд. Роҳҳо тозаву озода, ҳаво салқину форам…

Дар сӯҳбати раиси шаҳр
Сӯхбати мо бо Исматулло Зайдов хеле озоду самимӣ сурат гирифт. Қариб перомуни тамоми масъалаҳо суолу ҷавоб шуд. Гуфтем, агар як рӯз қабл меомадем, шояд зимни қабули шаҳрвандон дар ҳузури раиси шаҳр ширкат меварзидем. Исматулло Зайдов гуфт, ки қабули шаҳрвандон дар Роғун шояд яке аз усулҳои демократитарин бошад. Зеро он бо ширкати тамоми масъулини идораҳои дахлдори шаҳр сурат пазируфта, мардум хостаҳову пешниҳод ва шикоятҳояшонро иброз медоранд. Дар натиҷа, ба масъулини дахлдор барои ҳалли мушкилиҳо супориш дода мешавад. Расо баъди 1 ҳафта нахуст аз корҳои анҷомшудаи ҳафтаи қабл натиҷагирӣ шуда, пасон муроҷиати навбатии шаҳрвандон оғоз мешавад.
Раиси шаҳри Роғун мегӯяд, ҳеч як аҳолии шаҳрро мушкили замин азият намедиҳад.
Аз сӯҳбатҳои раис маълум гардид, ки барои аҳолии Роғуншаҳр мушкили асосӣ алъон дастрасӣ ба об аст. Исматулло Зайдов афзуд, тибқи тавофуқнома бо як ширкати эронӣ қарор аст, то охири соли равон мушкили дастрасӣ ба оби ошомидании Роғун ба пуррагӣ ҳалли худро пайдо кунад. Бо ин мақсад дар аввал таъсиси як обанбор, бо иқтидори ғунҷоиши 2 миллион кубаметр об дар назар дошта шудааст.
Аммо бо ин вуҷуд дар шаҳри Роғун сокинони биноҳои баландошёна мисли Душанбе аз оби ошомиданӣ мушкил надоштаанд.
Аз дигар нақшаҳои шаҳрдорӣ, ки бояд дар наздиктарин фурсат мавриди амал қарор бигирад, таъмири роҳи мошингард аст, ки ҳудуди 10,5 км-ро ташкил медиҳад. Ин роҳ шаҳрро бо роҳи асосӣ, ки аз сӯйи чиноиҳо таъмиру таҷдид шудааст, мепайвандад.
Сӯҳбати мо сари корҳои барқарорсозии НБО «Роғун» рафт. Ба қавли Исматулло Зайдов алъон корҳои барқарорсозӣ дар нерӯгоҳ босуръат идома дошта, мушкили боздошти вагонҳо дар қаламрави ӯзбекистон ҳам ба ҷараёни ин корҳо халал ворид насохт.
- Мо захираи дусолаи масолеҳи сохтмониро барои НБО «Роғун» дар ихтиёр дорем, аз ин рӯ, мушкили вагонҳо низ ҳатто барои як соат корҳои барқарорсозии нерӯгоҳро ба қафо намонд.
Дар ин зимн, раиси шаҳри Роғун гуфт, ки дар шаҳр мизони бекорӣ, умуман, вуҷуд надорад. Таъсиси Коллеҷи техникӣ, ки барои нерӯгоҳ мутахассис омода месозад, дар ин раванд нақши муассире доштааст.
Раиси шаҳр мегӯяд, ба масъалаи тозагии шаҳр диққати ҷиддӣ дода мешавад. Номбурда дар ин зимн аз як таҷриба қисса кард. Гуфт, дар кадом як кишвари хориҷӣ ҳузур дошт ва таҷрибаи хуберо барои аҳолии маркази шаҳри Роғун овард. Дар аввал аз ҳисоби маблағҳои шаҳрдорӣ ба миқдори зиёд бастаҳои селофании якдафъаина харидорӣ шуда, ба аҳолии шаҳр тақсим шудааст, то партовҳои худро даруни он андохта ба партовҷо биёранд. Баъди ба ин кор одат кардани аҳолӣ ба онҳо гуфта шудааст, ки акнун худатон чунин бастаҳоро харидорӣ кунед. Ба гуфтаи Исматулло Зайдов алъон дар шаҳр се мошини партовбар ба таври мунтазам фаъолият мекунанд.
Ба гуфтаи раис дар майдони 1,5 га замин боғ бунёд мешавад. Ин маърака аз тариқи ҳашар ҷараён хоҳад гирифт, корҳо дар ин самт, аллакай шакл гирифтаанд. Тибқи лоиҳа дар миёнаи ин боғи зебо майдони варзишӣ сохта мешавад.
Яке аз нақшаҳои дигар, ки дар наздиктарин фурсат бояд амалӣ шавад, таъмири лифтҳои биноҳои баландошёна аст. Дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Роғун танҳо лифтҳои беморҳонаи марказӣ фаъоланд. Бо ин ҷумла мо низ бо раиси шаҳр хайрухуш кардему сӯйи беморхона роҳ гирифтем.

Шаҳри энергетикҳо ба духтури гушу чашму гулӯ ниёз дорад
Табобатхонаи марказии Роғун бинои панҷқабатаи зебое буда, дар қисмати шарқии шаҳр ҷойгир аст. Аз сӯйи кӯҳҳои на чандон дуртар аз рӯ ба рӯйи беморхона боди салқину фораме мевазад. Кадоме аз ҳамроҳонамон гуфт, ки бемор вақти ба ин ҷо омадан аз ин манзараву ҳаво шифои комил меёбад. Кормандони табобатхона моро вақти ба бино наздик шудан пешвоз гирифтанд. Сардухтурро суроғ кардем. Гуфтанд, дар ошёнаи дуюм аст. Бонуи миёнасоле, ки худро масъули нигоҳубини лифтҳои беморхона муаррифӣ кард, моро даъват кард, то ба лифт дароем. Дар ошёнаи дуюм дар сӯҳбати сарпизишк нишастем. Маҳмадалӣ Нуралиев гуфт, ки таъмири лифтҳои беморхона - ҳам боркаш ва ҳам лифти одамбар бисёре аз мушкилиҳоро осон кардааст. Ба қавли вай, лифтҳо ба маблағи 55 ҳазор сомонӣ таъмир шудаанд.
Нуралиев афзуд, алъон марказҳои саломатӣ (21 адад), шӯъбаҳои ёрии таъҷилӣ (2-то) ва бунгоҳҳои тиббии шаҳр ба пизишкони чашм, гӯш, гулӯ ва асабшинос ниёз доранд.
Вай гуфт, 3 мошини ёрии тиббӣ пайваста дар хизмати мардум мебошад. Таъмини беморон бо хӯроки гарму ройгон низ ба роҳ монда шудааст. Маҳмадалӣ Нуралиев мегӯяд, бештари онҳое, ки муроҷиат мекунанд, аслан аз касалии роҳи нафас, махсусан, кӯдакон шикоят мекунанд. Ҳамчунин, теъдоди афроди осебгирифта аз ҳисоби сохтмончиёни НБО «Роғун» низ кам набудааст.
Сардухтур, ҳамчунин, вазъи гирифторӣ ба бемории ВИЧ-СПИД-ро дар шаҳр нигаронкунанда нахонд. Вай гуфт, дар ҳудуди шаҳри Роғун, ки 35 ҳазору 800 нафар аҳолӣ дорад, ҳамагӣ се гирифтори ВИЧ-СПИД ба қайд расида буд. Аз ин теъдод, ки ҳамагӣ муҳоҷири меҳнатӣ будаанд, 2 нафарашон (зану шавҳар) фавтидаанд. Як нафари дигар алъон дар зери назорати табибон қарор дорад.

Оби гармҷон, оби гарм
Ҳамсабақам Мӯъминшо пешниҳод кард, ки ба шаҳраки Оби гарм равем. Оби гарми он ҷо ба саломатӣ фоидабахш аст. Ҳамагӣ розӣ шудем. Сабукравҳо бо роҳи қаҷу килеб моро аз маркази шаҳр ҳарчӣ дуртар мебурданд. Ба шаҳраки Оби гарм расидем. Моро ба Осоишгоҳи мавсум ба «Санавбар» даъват карданд. Директори осоишгоҳ Заробиддин Зардов бо чеҳраи кушод моро пешвоз гирифт. Маълум гардид, ки мо аввалин нафароне ҳастем, ки баъди таъмиру тармими осоишгоҳ ин ҷо омадаем. Расми ба истифода додани Осоишгоҳи «Санавбар» фардо сурат мегирифтааст. Духтарон ба блоки занона рафтанд. Мо ба бахши мардона. Сардухтури Осоишгоҳ Неъматҷон Шарифов қабл аз ворид шудан ба ҳавзи оби гарм қоидаҳои истифода аз ин оби табииро фаҳмонд. Ба гуфтаи вай ҳарорати ин оби гарми табиӣ ба 45 дараҷа мерасад.
Бо ҳисси кунҷковии журналистӣ аз биноҳои муолиҷавӣ ва утоқҳои хоби осоишгоҳ дидан кардем. Блоки муолиҷавӣ бо таҷҳизоти ҷадид ва муосир муҷаҳҳаз буда, дорои тамоми шароитҳост. Бинои дуқабатаи хушсохте барои ҷои хоби истироҳаткунандагон будааст. Намунаи онро ҳатто дар филмҳо низ тасаввур намекунед. Утоқҳои барҳаво ва зебову озода. Ба фарқ аз дигар осоишгоҳҳо ин ҷо кӯдаконро низ қабул мекунанд. Барои онҳое, ки бо кӯдаконашон мераванд, ҷои хоби алоҳида аст.
Тибқи иттилои сардухтур Неъматҷон Шарифов, осоишгоҳ дар як вақт 80 нафарро қабул мекунад ва нархаш низ бо маслиҳати роҳбарон барои мардум мувофиқ хоҳад буд. Ошхонаи осоишгоҳ низ муҷаҳҳаз бо тамоми асбобу анҷоми лозимӣ буд. Ба гуфтаи масъулон тамоми масолеҳу таҷҳизоти осоишгоҳ аз Туркия оварда шудааст, ки босифат ва мувофиқи табъ аст. Дар навбати аввал, баъди ба истифода додан, 80 нафар сохтмончии Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» дар ин ҷо истироҳат кардаву муолиҷа хоҳанд гирифт.
Ҳамсабақон ба соатҳо менигаристанд. Вақти рафтан шуд, то Душанбе зиёдтар аз 110 км. Касе ҳавасманд нест, ки бозгаштамон ҳам таърихи омаданро дар худ шакл бидиҳад, харчанд барои ҳамсабақони ман сафарҳои таърихӣ хеле писанд аст. Вале директори осоишгоҳ Заробиддин Зардов ҳеҷ розӣ нашуд, ки мо оши палови бо дастони худаш пӯхтаро тановул нокарда равем. Оҳҳҳҳ, чӣ лаззате… Баъди хӯрдан даст ба рӯ бардоштаву омин кардем ва бо аҳли осоишгоҳ хайру маъзур. Бори охир ба ҳавзи оби гарм нигаристем. Муъминшоро он ҷо гузоштему савори ду мошини сабукрав роҳи Душанберо пеш гирифтем. Аз дарвозаи шаҳри Роғун берун мешудем ва ҳама дастҳоро афшондаву Роғуну роғунакиҳоро хайр мегуфт. Роғунҷон мо ҳатман боз меоем. Ба хотири ҳавои тозаву озодааст, ба хотири мардуми меҳмоннавозу оби гармат, хайр!!!

Абдулазизи Восеъ,
Умаралии Сафаралӣ, Душанбе-Роғун-Душанбе

29 июл. 2010 г.

ИСТИРОҲАТ Ё…

Шаҳри Душанбе ҷои оббозӣ надорад
Ахиран, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ аз марги шаҳрвандон ҳангоми оббозӣ дар кӯлу дарёҳо изҳори нигаронӣ кардааст. Тибқи иттилои ин кумита тобистони соли ҷорӣ наздики 50 нафар ҳангоми оббозӣ ҷони худро аз даст додаанд. Сабаби асосии ѓарқшавии сокинон оббозӣ дар ҳолати мастӣ ва минтақаҳои хавфнок будааст.
Минтақаи хавфнок. Воқеан, дар шаҳри Душанбе ва дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар ҳавзҳои оббозӣ нестанд. Ҳамин аст, ки аксари сокинон, хусусан, кӯдакон дар дарёҳо оббозӣ мекунанд. Хусусан, соҳилҳои дарёи Душанбе ва канали Ҳисор хеле серодам аст. Ҷараёни оби дарёҳо бошад, имсол хеле тез мебошад. Бо сабаби гармои ҳаво яхҳо об шудаву ба дарёҳо ҷорӣ мешаванд. Вале қариб ҳамаи кӯдакон беназорат мемонанд. Ягона кӯли Душанбе – Комсомол низ, барои кӯдакон хавфнок аст. Солҳои пеш низ дар ин кӯл чандин нафар ҷон ба ҷаббор супурдаанд.
Аммо чӣ бояд кард? Масъулонро зарур аст, то сари ин мушкил андеша кунанд. Дар ҳар гӯшаи шаҳр ҳавзҳо бояд сохта шаванд. Чунин ҳавзҳо дар минтақаҳои истироҳатии Варзоб сохта шудаанд. Аммо ҳама имконияти ба Варзоб рафтанро надоранд.
Ҳаво сол то сол гарм мешавад. Ягона роҳи халосӣ аз гармои тоқатфорсоро аксар дар оббозӣ мебинанд. Агар ҳавзҳои оббозӣ бошанд, кӯдакон рафта, бо дили пур оббозӣ мекунанд. Дар соҳили дарёҳо бошад, назорат бояд пурзур карда шавад. Хусусан, падару модарон фарзандони худро доим зери назорат гиред, ба куҷо рафтанашонро донед.
Ҳаёти худро дар хатар нагузоред!

22 июл. 2010 г.

ОҚИБАТ ГУРГЗОДА ГУРГ ГАРДАД

Русия ягон вақт ба манфиати Тоҷикистон кор намекард ва намекунад

Ҳамааш аз он сар шуд, ки Тоҷикистон тасмим грифт Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро худаш месозад. Қаблан Русия гуфта буд, Роғунро бунёд мекунад. Аммо Ширкати «РусАл» бо роҳбарии Дерипаска корро оғоз кардаву ба дарозо кашид ва Тоҷикистон яктарафа қарордоди бастаашро бекор кард.
Аз ҳамон замон фишорҳо болои Тоҷикистон оғоз шуд. Русия ин корро ба воситаи ӯзбакистон роҳандозӣ кард. ӯзбакистоне, ки худаш пешниҳод карда буд, то Роғун сохта шавад, имрӯз зидди ин иншооти барои Тоҷикистон муҳим аст. Ва роҳи қатораҳои Тоҷикистонро баст. Ҳатто дар мулоқоти сарварони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов дар Тошканд низ Каримов рӯирост иқрор кард, ки қатораҳои вобаста ба Роғун раҳо нахоҳанд шуд. Аммо баъд аз он ҳам танҳо 20 вагон вориди Тоҷикистон шуд. Дар ҳоле ки миқдори вагонҳои боздошташуда 2000 буд. Ва дар авохир роҳи ҳавоиамонро ҳам бастанист. Пан Ги Мун, дабири кулли СММ низ, ки ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сафари корӣ анҷом дод, ба ин мушкили минтақа расидагӣ накард. Дид, ки симояш ба симои ӯзбакҳо монандтар аст, тарафи онҳоро гирифт. Ҳатто ба маргу мири шаҳрвандони кишвари мо дар марз бо ӯзбакистон низ эътиборе надод.
Русия ҳам дар даврони шӯравӣ ва ҳам дар даврони истиқлолият ба хотири манфиатҳояшро дар Осиёи Марказӣ пиёда кардан, Тоҷикистонро дӯст мехонд. Зеро ӯзбакистон он вақт ғарбгаро буду Русияро писанд намекард. Имрӯз, ки мамлакатҳои Ғарб аз ӯзбакистон рӯ тофтанд, рӯ ҷониби Русия овард. Имрӯз ҳар касе мегӯяд, Русия барои Тоҷикистон бисёр корҳоро кардааст, хато мекунад. Русия барои мо ягон кори қобили мулоҳиза накардааст. Дар даврони шӯравӣ ҳамагӣ чанд бинои қафасмонанд сохта, бар ивазаш даҳҳо маротиба бештар дороиамонро бурдаанд. Дар даврони истиқлолият ҳам, ки Нерӯгоҳи «Сангтӯда-1»-ро сохт, аз солҳои аввал болои мо аз ҳар гуна таҳдидҳо кор мегирад. Ҳам маълум нест, ки Русия то кай соҳиби ин иншоот хоҳад буд.
Ва боз ҳам кишвари бо мо дӯсту ҳамзабону ҳамфарҳангу ҳамдин Эрон дар баробари мушкилоти Тоҷикистон садо баланд кард. Ба ӯзбакистон ҳушдор дод, ки дар сурати раҳо накардани қатораҳои Тоҷикистон вагонҳои ӯзбекистон аз қаламрави Эрон нахоҳад гузашт. Ин иқдомро мақомоти Эрон кӯмак ба Тоҷикистон номиданд. Эрон ба Туркманистон низ номае ирсол карда, хостааст, вагонҳои ӯзбакистонро ба қаламраваш иҷозат надиҳад. Ҷониби ӯзбакистон дар посух гуфт, дигар барои вагонҳои Тоҷикистон мушкил эҷод намешавад. Ва ҳамон рӯзҳо 20 вагон, ки масолеҳи сохтмонии «Сангтӯда-2» доштанд, раҳо шуданд. Роҳбарияти Нерӯгоҳи «Сангтӯда-2», ки кормандонашро бо сабаби набудани масолеҳ рухсатӣ дода буд, боз хонд. Ин нерӯгоҳ, ки бо сармояи Эрон сохта мешавад, баъд аз 12 сол моли Тоҷикистон хоҳад шуд.
Дар мавриди муҳосираи иқтисодии ӯзбакистон дар кишварҳои гуногун гирдиҳамоиҳо низ доир шуданд. Аз ҷумла, тоҷкони Қирғизистон, ИМА ва як гурӯхи занон ва ҷавонон дар Душанбе назди сафорати ӯзбакситон ҷамъ омада, хостори раҳо кардани вагонҳои Тоҷикистон шуда буданд. Чанд рӯзи пеш бошад, як гурӯҳ ҷавонони Швейтсария назди бинои СММ ҷамъ омада, хостаанд, СММ ба ӯзбакистон фишор биорад, то вагонҳои Тоҷикистонро раҳо кунад, ки ин мухолифи қонунҳои байналмилалист. Яке аз ин ҷавонон ба радиои «Озодӣ» гуфтааст, дар байнашон ягон тоҷик нест ва ин тасмими худи онҳост.
Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳамчунин, омодагии худро барои харидории оби Тоҷикистон изҳор кардааст, ки тибқи созишномаи сеҷониба миёни кишварҳои Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад. Ин қарордод ба наздикӣ бояд ба имзо расад. Эрон аз об танқисӣ надорад, аммо ба кишварҳои беоб нишон медиҳад, ки обро харида мешавад. Гуфта мешавад, обе, ки аз Тоҷикистон ба Эрон меравад, барои ба кор даровардани нерӯгоҳҳо истифода мешавад. Барои сохтмони роҳи оҳан миёни ду кишвар низ созишнома ба имзо расидааст. Мақомотро зарур аст, барои ҳарчи бештар амалӣ шудани ин тарҳ талош кунанд. Эрон барои амалӣ шудани ин тарҳ як миллион доллар ҷудо кардааст. Дар сурати ба истифода дода шудани ин роҳ бисёр мушкилоти кишвари мо, аз ҷумла, норасоии сӯзишворӣ рафъ хоҳад шуд. Эрон яке аз бузургтарин кишварҳои нефтистеҳсолкунанда аст ва Тоҷикистон метавонад бо нархи арзон маводи сӯхт ворид кунад.

СОХТмон

Тарҳи хонаҳои истиқоматӣ, ки аз ин пас сохта мешаванд, таљдид мехоҳанд

Чанд рӯз пеш бо ду эронӣ вохӯрдем. Онҳо гуфтанд, ки як хонаро иљора гирифтаанд. 200 доллари ИМА барои як моҳ. Аммо ба андешаи онҳо он хона ҳељ шароит надорад. Ва ҳам онҳо гуфтанд, ки утоқҳои хонаҳо дар Душанбе мисли қафас, бисёр танг аст. Ва қоил шуданд, ки шумо чӣ гуна дар ин хонаҳо тоқат карда, зиндагӣ мекунед.
Воқеан, аксари хонаҳои Душанбе, ки 4-5-ошёна ҳастанд, бисёр танганд. Дар даҳлези ин хонаҳо тоб хӯрда намешавад. Ҳаммом ва ҳољатхонаҳояш низ бисёр хурд аст. Дар ошхонааш бошад, агар љиҳозу газу тафдон монед, тамом, дигар љои гаштан намемонад. Дар ҳуљраҳо, агар рахти хоб монед, барои љиҳози дигар љой намеёбед.
Маълум, ки ҳамаи ин хонаҳо дар даврони шӯравӣ сохта шудаанд. Аммо имрӯз вазъ дигар аст. Дар асри 21 зиндагӣ дорем. Шукри тинљию осудагӣ, ки солҳои охир дар љумҳурӣ, хусусан, дар пойтахт сохтмони иншоот босуръат пеш меравад. Аз љумла, хонаҳои истиқоматии бисёре сохта мешаванд. Ҳукумати шаҳр ва ширкатҳои сохтмониро зарур аст, ки аз лоиҳаи шӯравӣ даст кашанд ва хонаҳоро ба тарзи нав бунёд намоянд.
Мо бисёр дар филмҳо мебинем, ки хонаҳояшон кушоду барҳаво аст. Дар ҳамаи филмҳо, агар мушоҳида кардаед, хӯрокро дар ошхона мехӯранд. Он љо ҳам љиҳози ошхона асту ҳам тамоми лавозимоти дигар ва ҳам мизи хӯрокхӯрӣ барои 4-6 нафар, ки баҳузур љой мегиранд. Дар даҳлез низ, шифанер доранд, ки он љо либосҳояшонро овезон мекунанд ва боз хеле кушоду барҳаво аст.
Дар мо низ баъзе ширкатҳои сохтмонӣ хонаҳои тарзи нав месозанд, хусусан, биноҳои баландошёна. Масалан, хонаҳои истиқоматии «Пойтахт-80» тамоман ба тарзи нав сохта шудаанд. Хонаҳои истиқоматии назди Сирки давлатӣ, ки аз љониби як ширкати эронӣ сохта мешаванд низ, замонавист.
Аммо дигар хонаҳо (4-5-ошёна) низ бояд ҳамин гуна сохта шаванд. Охир ин хонаҳо барои 5-10 сол нест-ку?

9 июл. 2010 г.

МУШКИЛИ НОМ

Номгузории тоҷикӣ дарди сар шудааст

Баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ шаҳрвандон ба номгузории тоҷикӣ рӯ оварданд. Солҳои авали истиқлолият аксари мардум ба фарзандонашон номҳои зебои тоҷикӣ гузоштаву аз «ов»-у «вич» даст кашиданд. Аммо номгузории нав насаб надошт, мисле, ки имрӯз низ роиҷ шудааст. Ҳатто Президенти кишвар низ баъди иваз кардани ному насабаш ба шакли тоҷикӣ насаб надорад. Ва бисёриҳо дар пайравӣ ба президент номгузории бенасабро интихоб карданд.
Баъди ин насли солҳои авали истиқлолият, ки акнун 19-солаанд, дар Русия ба мушкил мувоҷеҳ шуданд. Ин насл насаб надорад.
Ҳамин буд, ки дар Русия бо сабаби надоштани насаб ба мушкил мувоҷеҳ шуданд. Онҳое, ки шиносномаҳояшон дунома буд, бозпас ба ватан фиристода шуданд. Баъди бозгашт теъдоде аз онҳо дар талоши ба шакли русӣ кардани ному насаби худ шуданд, то дар дигар кишварҳо, хусусан, Русия мушкил надошта бошанд. Виктор Себелев, роҳбари намояндагии Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар Душанбе ҳамон замон гуфта буд, ки мушкили аслӣ тоҷикӣ ва ё русӣ будани шакли навишти номҳо нест, балки дар шиносномаҳо бояд насаби шахс низ дарҷ гардад. Дар акси ҳол чунин шакли навишт ба қоидаҳои байналмилалӣ дар заминаи убуру мурури марз мутобиқат намекунад.
Имрӯзҳо бошад, шаҳрвандон дар Тоҷикистон ба мушкил рӯбарӯ шудаанд. Мактабҳои миёна кӯдаконеро, ки ба синфи якум қабул мешаванд, бо сабаби он ки насаб надоранд, қабул намекунанд. Дар мактабҳои олӣ низ ҳол чунин аст.
Аммо чаро аз соли 1991 то ҳоло ягон масъуле ёфт намешавад, ки ба воситаи телевизион ё радиою рӯзномаҳо ба мардум тарзи дуруст мондани ному насабро фаҳмонад? Ё интихорем, ки инро низ Президенти кишвар пешниҳод кунад? Ман ҳам, вақте соли 2008 номгузориамро ба шакли тоҷикӣ кардам, кассе сади роҳам нашуд. На дар шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, на дар шӯъбаи шиномномадиҳӣ кассе нагуфт, ки ту насаб надорӣ. Ва имрӯз шиносномаамро мебинам, бисёр хандаовар пур карда шудааст. Дар ҷои насаб, ном ва дар ҷои ном номи падарам сабт аст. Аммо ба ин ман гунаҳкорам? Масъулонро зарур аст, ки тарзи дурусти номгузориро ба мардум фаҳмонанд, то саргардон нашаванд.

2 июл. 2010 г.

Гармӣ зарар ҳам дорад



Ҳавои аз ҳад зиёди гарм ба хурӯҷи бемориҳои сироятӣ оварда мерасонад.

Таи чанд рӯзи охир ҳаво якбора гарм шуд. Аммо ба фарқ аз солҳои пешин имсол гармо дертар фаро расид. Ҳар сол дар моҳи май, аллакай дар гармӣ тоқат кардан намешуд. Имсол бошад, аз миёнаҳои июн, баъд аз боронгариҳои зиёд, ҳаво якбора гарм шуд.
Ҳавои гарм боиси хуруҷи бемориҳо мегардад. Хусусан, ноҳияҳои ҷанубӣ кишвар аз гармо бештар азият мекашанд. Ҳарчанд Маркази ҳавосанҷии кишвар ҳарорати ҳаворо то 35 дараҷа нишон медиҳад, аммо ба назар мерасад, ки ин нишондиҳанда бештар аст. Масалан, дар хиёбонҳои пойтахт ҳамин шабу рӯз дар гармӣ тоқат кардан мушкил аст. Чун дар роҳҳои мумфарш ҳаво бамаротиб гарм мешавад. Аз ин рӯ, ҳукумати шаҳр, хусусан, идораҳои масъули пойтахтро зарур аст, ки ҳар рӯз роҳҳоро об пошанд. Каме ҳам бошад салқин мешавад, ва чангу хокро дар роҳҳо коҳиш медиҳад.
Дар ҳавои гарм талабот ба об низ зиёд мешавад. Дар дарё ва кӯлҳо нафарони зиёдеро мебинем, ки ба оббозӣ машѓуланд. Аммо ин амал, хусусан, барои наврасону кӯдакон хатар дорад. Оби дарёҳо бо сабаби сербориш омадани мавсим баланд аст ва ҳар лаҳаза хавфи ѓарқшавӣ вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, падару модаронро зарур аст, ки фарзандонро доим зери назорат дошта бошанд. Ҳамчунин, мушоҳида мешавад, ки кӯдакон аз дарё ва ҷумакҳо об менӯшанд, ки ин ҳам ба саломатӣ зарар дорад. Тавсия дода мешавад, ки сокинон дар гармои ҳаво, асосан нисфирӯзӣ гаштугузорро дар кӯчаҳо кам кунанд. Бо ин роҳ метавонем саломатиамонро ҳифз кунем.

25 июн. 2010 г.

Ваҳдати миллӣ (аксҳо)























Ваҳдати миллӣ

Онро ҳифз бояд кард

27 июн аз ба имзо расидани Созишномаи истиқрори судҳ ва Ваҳдати миллӣ 13 сол пур мешавад. Таври маълум, Ваҳдати тоҷикон ба осонӣ даст надодааст. Барои ба ин рӯз расидан фарзандони миллат ҷонбозиҳо кардаанд. Хусусан, саҳми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Саид Абдуллои Нурӣ дар ин росто беандоза аст. Чун, агар як ҷониб намехост, ба ин рӯзи нек расидан кори басо душвор мебуд.
Ҳамин шабу рӯз дар Ҷумҳурии Қирғистони ба мо ҳамсоя вазъ чандон хуб нест. Ба ақидаи коршиносон ин нооромиҳо шабеҳи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аст. Ҳукумати муваққати ин кишвар низ дар амалҳои зишт, ки қариби 2000 нафар ба ҳалокат расидаву 60 фоизи биноҳои шаҳри Ош хароб гаштаанд, кори дасти сеюмро мебинад. Дар мо агар байни «вовчик»-у «юрчик»-ҳо ҷанг андохтанд, дар Қирғизистон байни ӯзбекҳову қирғизҳо низоъ бархост.
Роза Отунбоева, роҳбари Ҳукумати муваққати Қирғизистонро мебинем, ки саропо бо канзули муҳофизатӣ (бронежилет) печонида шудааст. Ин дар ҳоле ки нооромиҳо дар ҷануби ин кишвар сар задааст. Аммо Тоҷикистон пурра ба гирдоби ҷанг ғутавар гашта буд. Дар ҳамон рӯзҳои вазнин Президенти мамлакат як бор канзули муҳофизатӣ ба тан накард. Ҷавонмардона ба ҳар куҷое, ки лозим буд мерафт. Хусусан, ба Хусдеҳи Афғонистон, ки минтақаи даргир буд ва ягон кас кафили зинда мондани Президенти кишвар нашуд, Эмомалӣ Раҳмон рафт ва бо Саид Абдуллоҳи Нурӣ гуфтушунид анҷом анҷом дод. Ин амалро ба он хотир кард, ки дилаш ба ин сарзамину ин миллат месӯхт. Ин вохӯриро барои расидан ба сулҳ муҳим арзёбӣ мекунанд.
Акнун мо бояд ба ин сарвати бебаҳо, ки баробари Истиқлолияти давлатӣ арзиш дорад, арҷ гузорем. Ба ҳар гуна фиребу найранги душманону хоинони миллат дода нашавему дар фикри ободии ин ватану сарзамини бостонӣ бошем.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ бар ҳамам шумо муборак бошад!

9 июн. 2010 г.

ҶОМИ ҶАҲОН БЕ ТОҶИКИСТОН?



11 июн, аниқтараш пас аз 2 рӯз бозиҳои Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол оғоз мешавад. Мизбонии ин мусобиқаро Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ бар дӯш дорад.
Дар мусобиқа 32 даста аз чор қитъа барои қаҳрамони ҷаҳон шудан мубориза мебаранд. Қитъаи мо - Осиёро чор давлат намояндагӣ мекунад: Кореяи Ҷанубӣ, Кореяи Шимолӣ, Ҷопон ва Зеландияи Нав. Чаро дар ин мусобиқа Тоҷикистон нест. Оё имкон дошт, ки тими мунтахаби кишвари мо дар сатҳи ҷаҳонӣ ширкат кунад? Оре. Агар таваҷҷӯҳ ва дастгирии футболбозон бошад.
Агар ёд доред, футболбозони навраси мо соли 2007 чун чор дастаи беҳтарини Осиё ба мусобиқаи Қаҳрамонии ҷаҳон роҳхат гирифта буданд ва бозии хубе низ нишон доданд. Онҳо Тоҷикистонро дар ҷаҳон муаррифӣ карданд ва исбот намуданд, ки Тоҷикистон низ ватани футбол аст. Аммо ҳамин футболбозони ҷавон то ҳоло дар ягон бозии дигар комёб нашудаанд, ки боиси ҳайрат аст. Аз рӯи қоида шахс дар роҳи интихобкардааш бояд пеш равад на ақиб. Вале ин тавр нашуд. Ҳамон футболбозон, ки бештараш ба тими мунтахаби кишвар даъват шудаанд, ҳафтаи гузашта дар мусобиқаи футзал барои ба даст овардани Ҷоми Осиё дар Тошканд бозиро бо дастаи миллии Эрон бо ҳисоби 19:2 бохт, ки хеле нигаронкунанда аст.
Дар мусобиқаи қаҳрамонии кишвар байни дастаҳои Лигаи Олӣ низ танҳо 3-4 даста фаъоланду маълум аст, ки рушд мекунанд. Боқимонда дастаҳо бошанд, ташаккул ёфтанашон як тараф, дар ҳамон сатҳе, ки буданд, наистодаанд. Дастаи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат, ки соли аввал дар Лигаи Олӣ бозӣ мекунад, дар ҷадвали мусобиқот мақоми чорумро соҳиб аст. Аз чанд дастае, ки солҳо дар Лигаи Олӣ бозӣ мекарданд, пеш гузаштааст. Рӯшан аст, ки ин даста хуб дастгирӣ мешавад. Агар не, футболбозони машҳур ба ин даста намегузаштанд. Ду дастаи дигар – «Саройкамар»-и Панҷ ва «Зарафшон»-и Панҷакент низ, ки ба Лигаи Олӣ роҳхат гирифта буданд, бо сабаби набудани маблағ аз иштирок дар ин мусобиқа даст кашиданд.
Аммо як чиз хушнудкунанда аст. Дастаи наврасони кишвар моҳи август дар мусобиқоти Ҷоми Осиё ва ҳам барои роҳхат ба Мусобиқаи ҷаҳон иштирок хоҳад кард. Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои мунтахаби Индонезия, Уммон ва ӯзбекистон бозӣ мекунад. Дар бозиҳои гурӯҳӣ бошад, наврасони мо бе сар додани ягон гол ба дарвозааш дар гурӯҳаш ҷои аввалро гирифта буд. Зоҳир Бобоев, сармураббии тими футболи наврасон кӯшиш дорад, дар чор ҷои аввал қарор гирад. Ва ваъда ҳам додааст, ки дар сурати пирӯзӣ як муддат бо аъзои команда рӯза дошта, мавзеъҳои муқаддаси кишварро зиёрат мекунанд. Ба гуфтаи ӯ варзиш пеш аз ҳама покӣ аст.
Мо ҳам дуо мекунем, Тоҷикистон дар ин мусобиқа ғолиб шавад ва дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон оид ба футбол низ иштирок кунад.

ҚОНУНИ МАТБУОТ НАВ МЕШАВАД?



Созмонҳои журналистии кишвар аз бархӯрди ҳукумат бо ВАО-и мустақил изҳорӣ нигаронӣ мекунанд.

Бо ибтикори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ таҳти унвони «Таҳқиқи сабабҳои ҳуқуқӣ ва маънавии ба ҷавобгарии судӣ ҷалб гардидани ВАО дар Тоҷикистон» мизи мудаввар доир гашт. Иштирокчиён аз муносибати Ҳукумати ҷумҳурӣ бо ВАО-и мустақил, хусусан, ба суд кашидани панҷ нашрия, ки товони зараршон дар умум 5 млн. сомониро ташкил медиҳад, инчунин, қатъ гардидани пахши барномаҳои СМТ, ягона шабакаи телевизиони мустақил дар шаҳри Душанбе, изҳори нигаронӣ карданд. Гуфта шуд, масъулини шабакаҳои барқ бе огоҳонии пешакӣ хатти барқи коргоҳи СМТ-ро буридаанд ва аз 1 июн пахши барномаҳои ин шабака қатъ гардидаасту шаҳрвандони Душанбе ва ноҳияҳои атроф метавонанд аз ин пас роҳат барномаҳои шабакаи аввали Русияро тамошо кунанд. То ин вақт дар басомаде, ки ба СМТ дахл дошт, ҳам барномаҳои СМТ ва ҳам аз шабакаи авали Русия пахш мешуд, ки ҳар дуро тамошо карда намешуд. Мардум дар ин ҳолат телевизионҳои кишварро тамошо мекард. Аммо акнун тамоми шаҳри Душанбе барномаҳои ОРТ-ро тамошо хоҳанд кард.
Иброҳим Усмонов, раиси Шӯро оид ба ВАО зимни суханрониаш гуфт, ҳукумат дар баробари нашрияҳо ҳам дар сурати пирӯзӣ ва ҳам мағлубият мағлубшуда ҳисоб аст. Дар ин маврид ҳуҷуми Курӯши кабир ба Томирис, ки мегуфт, агар ғолиб ояд, мегӯянд бар як зан пирӯз шуд, дар сурати мағлубият ҳам мардум хоҳанд гуфт, аз як хонум шикаст хӯрд, мисол оварда шуд.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки журналистикаи имрӯза бояд ё силоҳ бошад, ё қудрат. Аз он ки журналистикаро ҳокимияти чорум ном мебарем, пас бояд силоҳ набошем. Ба андешаи И. Усмонов, журналистикаи даврони Шӯравӣ силоҳи ҲКТ буд. Аммо дар шароити демократия ва дунявият ин тавр буданаш даркор нест. Барои он ки журналист бояд камбудиҳои ҳукуматро ёфтаву гуфта тавонад.
Иброҳим Усмонов изҳори нигаронӣ кард, ки ВАО ба сатҳи почта поён фуромадааст. Нашрияҳои бояд аз чопи мактубҳо ба унвони Президенту роҳбарони дигар мақомот даст кашанд. Ин беэътибор кардани сухан аст. Мактубҳоро дар дигар шакл бояд чоп кард. Раддия чоп кардан ҳам ба манфиати кор нест. Қайд шуд, ки дар дигар давлатҳо журналистон маҳбас шуданро ба дӯш мегиранду раддия чоп намекунанд.
Ҳамчунин, аз рӯҳияи гадоӣ гирифтани ВАО низ изҳори нигаронӣ карда шуд. Воситаҳои ахбори омма имрӯз гадоиро пропаганда мекунанд, ки барои ҷомеа оқибати хуб надорад. Ҳамарӯза аз фалон қадар кӯдакро хатна кардани кадом сарватманд ва ёрӣ хостани Ҳукумат аз созмонҳои байналмиалӣ иттилоъ пахш кардан ба манфиат нест.
Дар охир иштирокчиён ба хулосае омаданд, ки бояд қонунҳои марбути соҳа мавриди баррасӣ қарор гирад, зеро чандин нуктаҳои ин қонунҳо хилофи ҳамдигаранд.

7 июн. 2010 г.

ТАЌВИМИ МУСОБИЌОТИ ЌАҲРАМОНИИ ҶАҲОН – 2010 ОИД БА ФУТБОЛ

БОЗИҲОИ ГУРӯҲӣ:
1. 11.06. 19:00. ҶАҶ - Мексика. Гурӯҳи А. Йоханнесбург
2. 11.06. 23:30. Уругвай - Фаронса. Гурӯҳи А. Кейптаун
3. 12.06. 19:00. Аргентина - Нигерия. Гурӯҳи В. Йоханнесбург
4. 12.06. 16:30. Кореяи ҷанубӣ - Юнон. Гурӯҳи В. Порт-Элизабет
5. 12.06. 23:30. Англия - ИМА. Гурӯҳи С. Рюстенбург
6. 13.06. 16:30. Алҷазоир - Словения. Гурӯҳи С. Полокване
7. 13.06. 23:30. Олмон - Австралия. Гурӯҳи D. Дурбан
8. 13.06. 19:00. Сербия - Гана. Гурӯҳи D. Претория
9. 14.06. 16:30. Ҳолланд - Дания. Гурӯҳи Е. Йоханнесбург
10. 14.06. 19:00. Ҷопон - Камерун. Гурӯҳи Е. Блумфонтейн
11. 14.06. 23:30. Италия - Парагвай. Гурӯҳи F. Кейптаун
12. 15.06. 16:30. Зеландияи нав - Словакия. Гурӯҳи F. Рюстенбург
13. 15.06. 19:00. Кот-д'Ивуар - Португалия. Гурӯҳи G. Порт-Элизабет
14. 15.06. 23:30. Бразилия - Кореяи Шимолӣ. Гурӯҳи G. Йоханнесбург
15. 16.06. 16:30. Гондурас - Чили. Гурӯҳи Н. Нелспрейт
16. 16.06. 19:00. Испания - Швейтсария. Гурӯҳи Н. Дурбан
17. 16.06. 23:30. ҶАҶ - Уругвай. Гурӯҳи А. Претория
18. 17.06. 23:30. Фаронса - Мексика. Гурӯҳи А. Полокване
19. 17.06. 19:00. Юнон - Нигерия. Гурӯҳи В. Блумфонтейн
20. 17.06. 16:30. Аргентина - Кореяи ҷанубӣ. Гурӯҳи В. Йоханнесбург
21. 18.06. 16:30. Олмон - Сербия. Гурӯҳи D Порт-Элизабет
22. 18.06. 19:00. Словения - ИМА. Гурӯҳи С. Йоханнесбург
23. 18.06. 23:30. Англия - Алҷазоир. Гурӯҳи С. Кейптаун
24. 19.06. 19:00. Гана - Австралия. Гурӯҳи D. Рюстенбург
25. 19.06. 16:30. Ҳолланд - Ҷопон. Гурӯҳи Е. Дурбан
26. 19.06. 23:30. Камерун - Дания. Гурӯҳи Е. Претория
27. 20.06. 16:30. Словакия - Парагвай. Гурӯҳи F. Блумфонтейн
28. 20.06. 19:00. Италия - Зеландияи нав. Гурӯҳи F. Нелспрейт
29. 20.06. 23:30. Бразилия - Кот-д'Ивуар. Гурӯҳи G. Йоханнесбург
30. 21.06. 16:30. Португалия - Кореяи Шимолӣ. Гурӯҳи G. Кейптаун
31. 21.06. 13:00. Чили - Швейтсария. Гурӯҳи Н. Порт-Элизабет
32. 21.06. 23:30. Испания - Гондурас. Гурӯҳи Н. Йоханнесбург
33. 22.06. 19:00. Мексика - Уругвай. Гурӯҳи А. Рюстенбург
34. 22.06. 19:00. Фаронса - ҶАҶ. Гурӯҳи А. Блумфонтейн
35. 22.06. 23:30. Нигерия - Кореяи ҷанубӣ. Гурӯҳи В. Дурбан
36. 22.06. 23:30. Юнон - Аргентина. Гурӯҳи В. Полокване
37. 23.06. 19:00. Словения - Англия. Гурӯҳи С. Порт-Элизабет
38. 23.06. 19:00. ИМА - Алҷазоир. Гурӯҳи С. Претория
39. 23.06. 23:30. Гана - Олмон. Гурӯҳи D. Йоханнесбург
40. 23.06. 23:30. Австралия - Сербия. Гурӯҳи D. Нелспрейт
41. 24.06. 19:00. Словакия - Италия. Гурӯҳи F. Йоханнесбург
42. 24.06. 19:00. Парагвай - Зеландияи нав. Гурӯҳи F. Полокване
43. 24.06. 23:30. Дания - Ҷопон. Гурӯҳи Е. Рюстенбург
44. 24.06. 23:30. Камерун - Ҳолланд. Гурӯҳи Е. Кейптаун
45. 25.06. 19:00. Португалия - Бразилия. Гурӯҳи G. Дурбан
46. 25.06. 19:00. Кореяи Шимолӣ - Кот-д'Ивуар. Гурӯҳи G. Нелспрейт
47. 25.06. 23:30. Чили - Испания. Гурӯҳи Н. Претория
48. 25.06. 23:30. Швейтсария - Гондурас. Гурӯҳи Н. Блумфонтейн

1/8 ФИНАЛ:
49. 26.06. 19:00. 1А - 2В. Порт-Элизабет
50. 26.06. 23:30. 1С - 2D. Рюстенбург
51. 27.06. 19:00. 1D - 2С. Блумфонтейн
52. 27.06. 23:30. 1В - 2А. Йоханнесбург
53. 28.06. 19:00. 1Е - 2F. Дурбан
54. 28.06. 23:30. 1G - 2Н. Йоханнесбург
55. 29.06. 19:00. 1F - 2Е. Претория
56. 29.06. 23:30. 1Н - 2G. Кейптаун

1/4 ФИНАЛ:
57. 02.07. 19:00. F53 - F54. Порт-Элизабет
58. 02.07. 23:30. F49 - F50. Йоханнесбург
59. 03.07. 19:00. F52 - F51. Кейптаун
60. 03.07. 23:30. F55 - F56. Йоханнесбург

1/2 ФИНАЛ:
61. 06.07. 23:30. F58 - F57. Кейптаун
62. 07.07. 23:30. F59 - F60. Дурбан

БОЗӣ БАРОИ ҶОИ СЕЮМ:
63. 10.07. 23:30. М61 - М62. Порт-Элизабет

ФИНАЛ:
64. 11.07. 23:30. F61 - F62. Йоханнесбург

3 июн. 2010 г.

«Дӯстони сабз»-ро зиёд бояд кард!




Ҳамасола 5 июн дар тамоми кишварҳои олам ҳамчун Рӯзи ҳифзи муҳити зист таҷлил мешавад

Солҳои охир масъалаи ҳифзи муҳити зист ба масъалаи доғ табдил меёбад. Хусусан, гармшавии иқлим сабаби қариб ҳар моҳ баргузор шудани конфронсу ҳамоишҳои байналмилалӣ шудааст.
Кишвари мо низ дар ин масъала бетараф нест. Президенти кишвар қариб дар ҳамаи баромадҳояш сари ин масъала ҳарф мезанад ва қариб ҳамаи пешниҳодҳои кишвари мо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст. Хусусан, масъалаи об. Ҳарчанд Тоҷикистон захираҳои фаровони об дорад, аммо бештари масъалагузориҳои Президенти кишвар сари ҳамин мавзӯст. Ва яке аз бузургтарин ин тасмимҳо эълон шудани солҳои 2005-2015 10-солаи «Амалиёти об барои ҳаёт» аст, ки ба наздикӣ дар Душанбе конфронси байналмилалӣ доир шуда, аз 5 соли гузашта натиҷагирӣ карда мешавад.
Аммо вобаста ба тағйирёбии иқлим бузургтарин ҳамоиш нишасти Копенгаген буд, ки моҳи декабри соли гузашта баргузор шуд. Дар ин нишаст Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон низ иштирок ва суханронӣ кард. Яке аз масъалаи асосии ин ҳамоиш коҳиш додани газҳои парникӣ буд.
Як моҳи қабл аз ин нишаст бошад, дар шаҳри Лондон роҳбарони рӯҳонии ҷаҳон ба ҳам омада буданд ва як қатор лоиҳаҳои пешгирии тағйирёбии иқлимро муаррифӣ карданд. Ҷолибтарин лоиҳа дар ин нишаст нақшаи мусулмонони ҷаҳон буд, ки пешниҳод карданд, дар 5 соли оянда 10 шаҳри муқаддаси ҷаҳон «сабз» шаванд.
Бале, бояд хона, деҳа ва шаҳрҳоямонро сабз кунем. Ҳамасола дар ҷумҳурӣ ниҳоли зиёде шинонда мешавад. Аммо аз бемасъулиятии шаҳрвандон ва масъулин бештари ин ниҳолҳо намесабзанд. Дар маҳалҳо гову мол мехӯрадашон дар маркази шаҳру навоҳӣ бошад, аз беобӣ хушк мешаванд. Дар солҳои ҷанг талу тепаҳо аз дарахт холӣ шуданд. Мардум онро чун маводи сӯхт истифода карданд. Натиҷаашро бошад, имрӯз мебинем. Қариб ҳамасола сар задани сел, фуромадани яхч ба назар мерасад. Агар дарахтонро нобуд намекардем, пеши роҳи селро ҳам мегирифту шамолро ҳам ва ҳам намегузошт, ки аз теппаҳо яхч фурояд. Аммо ҳоло ҳам фурсат аст. Сафи дарахтонро бештар бояд кард. Дарахтон бошанд, «дӯстони сабз»-и моанд.

31 мая 2010 г.

Кӯдаконро беназорат нагузоред




Ҳамасола дар ҷаҳон 1 июн ҳамчун рӯзи ҳифзи кӯдакон таҷлил мешавад, аз ҷумла, дар кишвари мо низ. Ин рӯз соли 1925 дар Анҷумани ҷаҳонии вазъи кӯдак дар Женеваи Швейтсария муқаррар шудааст.

Аммо 1 июн ба сифати Рӯзи ҳифзи кӯдакон бештар дар кишварҳои собиқ шӯравӣ таҷлил мешавад ва кишварҳои дигар, аслан рӯзи 20 ноябр, яъне, таърихи тасвиб шудани Эъломияи ҳуқуқи кӯдак ва паймони байналмилалии ҳуқуқи кӯдакро, ки Рӯзи умумии кӯдакон эълон шудааст, ҷашн мегиранд.
Тақрибан нисфи аҳолии кишвари моро кӯдакон ва наврасон ташкил медиҳанд. Хушбахтона, аксарияти онҳо зери сарпарастии Ҳукумату давлат қарор доранд. Имрӯз дар кишвар барои тарбияи кӯдакони бесарпаноҳ мактаб-интернатҳо фаъоланд. Таи чанд вақти охир аз ҷониби соҳибкорону ташкилоту муассисаҳо, баҳри дар амал татбиқ крдани Қонун «Дар бораи танзими анъна ва ҷашну маросимҳо дар ҷумҳурӣ», хатнатӯйи фарзандони оилаҳои камбизоат гузаронида мешавад, ки ин ҳам дастгирии онҳост. Баҳри хуб ташаккул ёфтани кӯдакони дигар бошад, дар мактабҳо тамоми шароити таҳсил фароҳам оварда мешавад.
Аммо мутаасифона, аз беназоратии падару модарон ва сатҳи пасти зиндагӣ ҳазорон нафар аз ин атфол дар ин давра, ки бояд омӯзанду хуб ташаккул ёбанд, кашидани бори зиндагии оилаашонро бар дӯш гирифтаанд. Қисми дигар аз таълиму тарбия маҳрум, бо умеди пул ёфтан, дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ба мошиншӯиву салафанфурӯшӣ ва испанддудкунӣ машѓуланд.
Дар офоти табиии охир бошад, аз бемасъулиятии масъулин, ки гуфта мешавад, метавонистанд пеши роҳи ин офотро гиранд, кӯдакони зиёде қурбон шуданд.
Имрӯзҳо бошад, аз бемории фалаҷ чандин нафари онҳо ҷони худро аз даст медиҳанд.
Ҳарчанд дар ин бора мақомоти тандурустии кишвар иттилоъ надодаанд. Барои гирифтани пеши роҳи ин беморӣ Ҳукумати мамлакат тадбирҳоеро рӯи даст гирифтааст. Аз ҷумла, ҳамин шабу рӯз дар саросари ҷумҳурӣ маъракаи эмкунӣ мегузарад. Ҳатто дар гузаргоҳи марзии Панҷи Поён, истгоҳҳои роҳи оҳан ва фурудгоҳҳо нуқтаҳои махсуси эмгузаронӣ таъсис шудааст. Вале гуфта мешавад, дар ин маърака волидон камҳавсалагӣ зоҳир мекунанд ва кӯдаконашонро барои эмгузаронӣ ба нуқтаҳои тиббӣ намеоранд.
Эмгузаронии кӯдакони 6-сола дар се давра гузаронида мешавад, ки ду давраи он гузашт. Барои саломатии фарзандон кӯшиш кунед ва онҳоро беназорат нагузоред.

20 мая 2010 г.

ЯК РЎЗИ ҶАВОНӣ

Ҳамасола 23 май дар кишвар Рӯзи ҷавонон таҷлил мешавад.

Бори аввал ин рӯз бо пешниҳоди Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон соли 1999 ҷашн гирифта шуд. Як сол қабл аз ин дар вохӯрӣ бо ҷавонон Президенти мамлакат Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати ҷумҳуриро таъсис дода, 23 майро Рӯзи ҷавонон эълон кард. Баъдтар ин рӯз васеътар ҷашн гирифта шуд. Яъне, ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ аз 15 то 23 май Ҳафтаи ҷавонон таҷлил мешавад. Дар вилояти Хатлон имсол «Як моҳи ҷавонӣ» эълон шудааст, ки аз 17 апрел оғоз шуда, 23 май ҷамъбаст мегардад.
Воқеан, Тоҷикистон давлатест, ки аксари аҳолиашро ҷавонон ташкил медиҳанд. Инчунин, ободгару номбардори Ватан низ маҳз ҷавононанд. Бисёр хурсандиовар аст, ки ҷавонони кишвар дар чорабиниҳои гуногуни ҷаҳонӣ иштирок карда, шарафи Тоҷикистони азизро баланд мебардоранд.
Чанде пеш хонандагони гимназияи «Ҳотам ПВ» аз олимпиадаи байналмилалӣ 6 медал оварданд, шогирдони гимназияи тамоюли иқтисодидоштаи Донишгоҳи тиҷорат низ аз Туркия бо се медали тилло баргаштанд.
Ду ҳафта қабл бошад, дар вилояти Суғд машқҳои муштараки низомии кишварҳои узви СПАД доир гардид, ки сарбозони тоҷик дар машқҳо маҳорати баланд нишон доданд.
Ҷавонони варзишгари кишвар низ сол то сол дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ иштироки фаъолона карда, ба комёбиҳо ноил мегарданд. Рустам Боқиев чанд рӯз пеш дар Қоҳира дар гӯштини дзю-до Қаҳрамони ҷаҳон шуд. Дастаи футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бошад, дар мусобиқа барои дарёфти Ҷоми раиси КФО дар се бозӣ ғолиб омада, ба дарвозааш ягон гол сар надод ва ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифт. Трамоҳи ҳамин сол дастаи футболи 17-солаҳои кишвар дар Ҷоми ҷаҳон ширкат хоҳанд кард.
Соҳаи туризм низ, ки як бахши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳаст, такя ба ҷавонон дорад. Туризм дар ҷумҳурии мо акнун рушд мекунад. Сардори давлат дар Паёми имсолааш ба Маҷлиси Олӣ дар бобати тараққӣ ёфтани соҳа махсус зикр кард. Барои қабули сайёҳон кадрҳои забондон ва хушмуомила лозиманд, ки ин кор танҳо аз дасти ҷавонон меояд.
Хуллас, Тоҷикистон умед ба ҷавонон дорад ва ҷавононро лозим аст, ки ин умедро барбод надиҳанд.

Ин рӯзи ҷавонӣ бар Шумо муборак бошад!

13 мая 2010 г.

ЧАВОНОНРО БА ЊОЛИ ХУД ГУЗОРЕМ



Агар љавонон худашон хона созанду њамсарашонро интихоб кунанд, проблемаи људошавии оилањо кам мегардад.

Ахиран Президенти љумњуриро људошавии аз њад зиёди оилањои љавон нигарон кард. Њамин буд, ки дар Паёми имсолааш ба Маљлиси Олї пешнињод кард, ки синни никоњи духтарон аз 17 ба 18 расонида шавад. Ба андешаи Президенти кишвар духтарон аќаллан мактаби миёнаро хатм кунанд, баъд ба шавњар бароянд. Аммо баъди ин пешнињод низоми тањсил дар макотиби миёна 12-сола шуд ва акнун барои он ки духтарон мактабро хатм кардаву ба шавњар бароянд, сини никоњро 19 бояд кард.
Генерал Саодат Амиршоева, вакили Маљлиси намояндагон бошад, замони мувофиќи барпо кардани оиларо барои духтарон баъд аз 22-солагї медонад. С. Амиршоева пешнињод кардааст, ки минбаъд духтарон пас аз хатми донишгоњ ё њадди аќќал, хатми даврањои махсуси омўзиши хонадорї оила барпо намоянд.
Воќеан, бояд падару модарон љавононро баъд аз 18-солагї ба њоли худ гузоранд. Дар мо одат шудааст, ки волидайн фарзандонро хонадор кардаву ва њам хўрондану пўшонданашонро низ бар ўњда мегиранд. Љавон бошад, бекор кайфу сафо карда мегардад. Дар ѓами зиндагї намешавад. Ин боиси људошавии хонаводањои љавон мешавад. Падару модарон бояд љавононро баъд аз хатми мактаби миёна ба њоли худ гузоранд. Агар дар донишгоњ хонданї бошад, барои дохил шуданаш метавон кўмак кард, агар не, пас, коре пайдо кунад, ки њадди аќќал худашро саробон бошад. Дар ин сурат љавон масъулият њис мекунад ва дар сарфи маблаѓ, ки худаш бо мењнат пайдо кардааст, эњтиёткор мешавад. Њамчунин, агар сарпарастии оилаашро бар ўњдаи худаш монем, то пайдо кардани љои кори хуб хонадор намешавад.
Аммо дар мо ба хотири бобову бибиамон, ки мабодо мемираду тўйи набера ё абераашро нодида мемонад, фарзанди 17-18-соларо хонадор мекунем ва бо сабаби он ки ин кўдак нозукињои оиладориро намедонад, баъд аз 6 моњ ё як сол боз њам бо тавсияи падару модар људо мешаванд.
Аз њад зиёд људо шудани оилањо оќибати хуб надорад. Дар ин масъала фикр бояд кард.

6 мая 2010 г.

ЗАФАР

Мо – тољикон низ дар Љанги Бузурги Ватанї дар баробари 15 кишвари собиќ шўравї ѓолибем.

Оре, дар он љанг аз кишвари хурдакаки мо, ки њамагї 800 000 нафар нуфус дошт, 300 000 иштирок дошт ва шояд ин аз њамаи дигар кишварњо бештар буд. Зеро агар бо фоиз гирем, љанговарони тољик дар баробари ањолии љумњурї 40 фоизро ташкил медињанд. Њарчанд инро њукумати њозираи Русия ба инобат намегирад.
Владимир Путин, Сарвазири Русия чанд рўзи ќабл ин ѓолибиятро ба халќи рус нисбат дод, ки албатта нодуруст аст. Аммо мардуми мо тањаммулпазиранд, ки низ ѓолибият аст. Гузаштагони мо дар њамаи набардњо пирўз омадаанд, ки имрўз мо аз онњо бо ифтихор ёд меорем. Спитамен, Темурмалик, Исмоили Сомонї аз љумлаи чунин абармардони миллати мо буданд. Курўши Кабир бузургтарин шоњаншоњи замонаш буд, ки ќариб нисфи оламро идора мекард. Ин марди бузург аввалин маротиба сохтори давлатдориро ташкил кардааст. Њамин бузургии гузаштагони мо буд, ки душманонамон то имрўз моро чашми дидан надоранд. Дар ваќти таќсимоти њудудиву маъмурии соли 1924 низ бадхоњони миллати тољик намехостанд мо соњиби давлат бошем. Аммо рўшанфикрони тољик дар ин роњ ѓолиб омаданд. На бо љангу хунрезї, балки бо тањаммулпазирї ва андешаи созанда. Дар соли 1991 низ, баъди истиќлолият ба даст овардани Тољикистони азиз боз њам душманон моро миёни худ љанг андохтанд, вале боз њам бо дурбиниву тањаммулпазирї сулњ ба даст овардем. Яъне, зафар ёфтем.
Имрўз низ, ки мо мехоњем зиндагиамонро бењтар созему кишварамон рушд кунад, садди роњамон мешаванд. Роњи њазорњо вагонамонро баставу намегузоранд, ки он вориди кишварамон гардад. Аммо мо боз њам аз ин њангома намесозему тоќат мекунем, чунки медонем, ки мо њаќ њастем ва иншоаллоњ ѓолиб мешавем.

ИДИ ЗАФАР МУБОРАК, ЊАМДИЁРОН!

15 апр. 2010 г.

ДУШАНБЕ ДАР АКСХО






ФАРХАНГИ ШАХРДОРИ




Шанбеи сеюми мохи апрел - Рузи пойтахт

Баъзан мешавад, ки аз нољурињои пойтахт дилгир мешавам. Аммо кам рух медињад, ки аз ягон манзараи шањр болида гардам.

Гап сари он аст, ки то њол мо маданияти шањрдориро наомўхтаем. Ин ќадар ифлос аст пойтахт. Як тараф ахлот, тарафи дигар бўйи бади он. Дар ќади роњ бошад, гашта намешавад. Чунон чангу ќум аст, ки њангоми гузаштани мошинњо аз наздат либосњо пури чангу чашмонат пури хок мешавад. Барои ислоњи ин њолат њар сањар роњњоро об пошидан лозим. 60 фисади оби Осиёи Марказї дар мо аст-ку? Назди њар хонаи истиќоматї танўр истодааст ва истиќоматкунандагони пойтахт бањузур нон мепазанд. Онњо фикр намекунанд, ки дар шањр бояд нонро харида хўрї. Аз назди кадом хонае, ки гузарї, мебинї, ки либосњо, њатто тањпўшњои сокинон бањузур овезон аст. Дар шањр либосро ба хушкашўињо бурдан лозим аст. Наќлиёти мусофиркаш бошад, чї коре хоњанд мекунанд. Онњо мардумро ѓорат доранд. Субњ аксари наќлиёти мусофиркаши раќами 28 то РБДА меоянду боз одам мегиранд ва роњашонро идома медињанд. Маршрути раќами 25 низ чуни наст. То Сирк меоянд ва дубора одам гирифта, роњашонро идома медињанд. Наќлиётро дар пойтахт танзим мебояд. Аммо ба њамаи ин касеро парво нест.
Куљое хабареро хонда будам, ки раиси яке аз шањрњои Аргентина, њар субњ, пеш аз он ки ба коргоњаш равад, яке аз минтаќањои шањрашро тоза мекардааст.
Маќомоти шањри Гуанчжоуи Чин бошанд, барои тоза нигоњ доштани кўчањо ќоидањои нав ба роњ мондаанд. Акнун ашхосе, ки одат доранд, пучоќи мева ё пасмондаи сигор ё саќичи худро ба кўча партоянд, ба замин туф ё шоша кунанд, либоси шустаро ба сари деворњо ё љои намоён овезанд ва мошини худро дар мањалли нодуруст гузоранд, љазо дода мешаванд. Њар љурм бањогузорї мешавад. Чунончї, барои туф кардан дар кўча кас се холи манфї мегирад ва агар дар 2 сол 20 хол бигирад, аз манзили худ дар ин шањр мањрум мешавад.
Чаро мо низ барои покиза нигоњ доштани пойтахт аз чунин ќоидањо кор нагирем? Дар њоле, ки маркази шањр нисбат ба дигар мањаллањо тоза аст. Аммо ба назар мерасад, ки ин як хокпошї ба чашми роњбарон аст. Яъне, гўё тамоми шањр ба мисли марказ поку тамиз аст. Аммо њатто дар њамин кўчањои марказї њам, каме дарунтари мањалла равед, бисёр нољўрињоро мебинед.

Умаралии САФАРАЛЇ, «ЉТ»

8 апр. 2010 г.

ХИЗМАТИ ХАРБИ ЯК СОЛ МЕШАВАД?



Тибќи Фармони Президенти мамлакат Эмомалї Рањмон моњњои апрел ва май љавонони сини даъват ба хизмати њарбї фаро гирифта мешаванд.

Аммо ахиран парлумони кишвар лоињаи таѓйиру иловањоро ба Ќонун «Дар бораи ўњдадории умумии њарбї ва хизмати њарбї” мавриди баррасї ќарор дод. Бањсњо дар робита ба хизмати њарбї чанд со ласт, ки идома дорад. Коршиносони соња пешнињод мекунанд, ки дар Тољикистон низ чун баъзе дигар кишварњо мешавад, ки хизмати алтернативиро ба роњ монд ва ё бо пардохти маблаѓ аз хизмат дар артиш озод шуд.
Дар лоињаи нав, ки аз љониби коммунистон пешнињод шудааст, тарзи муосири хизмат дар артиш баён гардидааст.
Аз љумла пешнињод шудааст, ки хизмати њарбї то ба як ё якуним сол коњиш дода шавад. Њамчунин, љавононе, ки хизмат кардан намехоњанд тавонанд, бо пардохти маблаѓ аз хизмат дар сафи Артиши миллї озод гарданд. Коршиносон низ барои барњам додани ришва дар соња ва бењбуд бахшидани шароити сарбозон роњандозии хизмати њарбии алтернативиро мувофиќ медонанд.
Вазорати мудофиа низ як лоињаи таѓйиру иловањо ба ќонуни номбурдаро пешнињод карда буд. Дар ин лоиња хизмати њарбии дусола њифз шудааст.
Вале ахиран сарбозони Гвардияи миллї бо як пешнињоде дар нашрияи «Родмардон» хостаанд, мењтарсолорї дар ќисмњои њарбї аз байн бурда шавад. Аммо оё ин имкон дорад? Фикр мекунам, ки не. Масалан, агар дар як оила чор-панљ нафар бародар бошанд, миёни худашон созиш намекунанд. Дар бисёри мавридњо миёнашон љангу хархаша барпо мешавад. Акнун тасаввур кунед, ки дар як ќисми њарбї 200 то 700 нафар љавон чї гунна метавонанд, бо њам мувофиќ бошанд? Мешавад њолатњое, ки онњо бо њам љанг ва њатто занозанї мекунанд. Барои чунин њолатро барњам додан љавонон бояд пеш аз хизмати њарбї омода бошанд. Дарсњои омодагии њарбї дар макотиби миёна бояд љоннок карда шаванд. Ва агар љавон аз љињати љисмонї обутобёфта бошад, дар хизмати њарбї ба њељ мушкил рўбарў нахоњад шуд.

«ЧАВОНОН…» 80-СОЛА ШУД!



Аз нашри нахустин шумораи рўзномаи «Љавонони Тољикистон» 5 апрели соли равон њаштод сол пур шуд.

Нахустин шумораи рўзномаи «Љавонони Тољикистон» 5 апрели соли 1930 бо номи «Комсомолии Тољикистон» ба нашр расид. Тавре дар Протоколи Маљлиси бюрои иљроияи КМ ЛКМС Тољикистон омадааст: «… Фаъолияти торафт зиёдшавандаи комсомолии љумњуриро ба назар гирифта, бо маќсади боз њам пурзўр намудани кори он, мустањкам намудани сафњои комсомол, муттањид намудани коргарон, дењќонон, љавонони камбаѓал ва миёнањол, кори тарбиявї байни љавонон аз 15 апрели соли 1930 нашри рўзномаи љавонон оѓоз гардад». Аммо тавре Оќилхўља Фахриев дар шумораи љашнии соли 1990 навиштааст, «… 10 рўз пеш аз мўњлати таъиншуда, 5 апрели соли 1930 шумораи нахустин ба дасти муштариён расид».
Њамин тариќ, «Комсомолии Тољикистон» ба фаъолият пардохт. Рўзнома аз шуморањои нахустин муваффаќ шуд. Худи њамон сол дар рўзнома 50 нафар мухбири коргару дењќон кор мекарданд. Муваффаќияти рўзнома ба душманони њукумати ваќт хуш наомад ва ба таври дањшатнок мухбирони он – Пўлод Бобоев, Мўсо Исмат, Мирзо Ризо ва Исмоилзода кушта шуданд.
Рўзнома то соли 1941 бо номи «Комсомолии Тољикистон», аз соли 1945 то 1956 «Љавонони Тољикистон», 1956 то 1988 «Комсомоли Тољикистон» ва аз соли 1988 то њол бо номи «Љавонони Тољикистон» нашр мешавад. «Љавонони Тољикистон» ду маротиба ба мўњлати тўлонї нашр нашудааст: аз 24 августи соли 1941 то 1 сентябри соли 1945 ва аз 7 июли соли 1995 то 23 октябри соли 1998.
Дар муддати 80 сол «Љавонони Тољикистон» муваффаќиятњои зиёд дошт. Хоса, дар тарбияи худшиносию ватандўстии љавонон то њол кўшиш мекунад. Аммо муњимтар аз њама «Љавонон…» дар тарбияи кадрњои љавони соњаи журналистика сањми бориз дошту дорад. Аксари журналистони муваффаќи имрўз дастпарвари «Љавонон…»-анд. Њатто шоиру нависандагони шинохтаи кишвар, аз љумла, Сотим Улуѓзода, Мирзо Турсунзода, Лоиќ Шералї, Гулрухсор дар ин рўзнома фаъолият доштанд. Имрўз низ дар тарбияи журналистони љавон сањм дорад, донишљўёни факултаи журналистикаи ДМТ доимї бо «Љавонон…» њамкорї мекунанд.
Дар солњои 80-90-и асри гузашта «Љавонони Тољикистон» муваффаќтарин рўзнома гуфта мешавад. Дар ин муддат теъдоди нашри он ќариб то 250 000 расида буд. Он замон сармуњарририи рўзномаро Ато Њамдам ба ўњда дошт. Воќеан, устод Ато Њамдам дарозумртарин сармуњаррири рўзнома мебошад. Ў ќариб 11 сол сармуњаррири рўзнома буд.
Имрўз низ њайати эљодї кўшиш доранд, дар тарбияи худшиносию ватандўстї ва муттањидии љавонон сањмгузор бошанд.

80 соли пуршараф муборак бошад, «Љавонон…»

25 февр. 2010 г.

ХАР КАС Ў БУДА НАМЕТАВОНАД



Дар сафи Ќуввањои мусаллањи љумњурї њастанд афсароне, ки АФСАРанд.

Капитан Фирдавс Љамолов аз љумлаи чунин афсарон аст. Ў њамагї 25 сол дорад, аммо то дараљаи капитанї расидааст. Фирдавс дар оилае таваллуд шуда, ки падараш њаёти худро ба њимояи ин марзу бум бахшидааст.
Ваќте баъди хатми мактаби миёна масъалаи интихоби касб пеш омад, Фирдавс бе дудилагї касби падарро интихоб кард.
- Либосњои шинаму зебо, ќаду баст, танумандї, покизагию низомро, ваќте дар падарам медидам, орзуи мисли ў шуданро мекардам, - мегўяд Фирдавс.
Њамин тариќ, соли 2002 Фирдавс ба Донишкадаи њарбии Вазорати мудофиа њуљљат супорид. Љавонони зиёде дар баробари ў курсант шудан мехостанд. Аммо бояд бењтаринњо ќабул мешуданд. Бинобар ин, зиёда аз 500 нафарро барои машќњои сањрої ба даштњои Лоњур бурданд. Дар њавои гарм ташнаю гурусна њамарўза километрњо давидану машќ карданро на њама аз уњдааш мебарояд. Нафарони зиёде ба гармию ташнагї тоб наоварда, ба хонањояшон баргаштанд. Танњо назики 200 нафар барои идомаи тањсил ба донишкада баргаштанд. Фирдавс аз рўзи аввали дарсњо худро чун љавони бодонишу фаъол нишон дод. Устодон њам инро медиданд ва ўро сардори гурўњ таъин карданд. Ў муддати чор сол тамоми нозукињои соњаро омўхт ва њамчун муњандис-минаљў донишкадаро хатм кард.
Акнун лейтенант Љамолов бо роњхати Вазорати мудофиа барои хизмат ба Љиргатол фиристода шуд.
- Ин як навъ имтињон буд, ки хатмкунандагони Донишкадаи њарбиро садњо километр дур аз мањалли зист барои кор мефиристанд. Хушбахтона, бо сарбаландї аз ўњдаи он баромадам, гуфт Фирдавс Љамолов.
Ў бо сарбозон хуб кор мебарад ва њинни машѓулиятњо тамоми нозукињои соњаро ба сарбозон мефањмонад. Кордониашро ба назар гирифта, Ќўшунњои хушкигард ўро ба шањри Ќўрѓонтеппа ба кор фиристод. Дар муњити шањр низ фаъол буд. Њамчун командири взвод дар тарбияи садњо сарбоз сањм гузоштааст. Ў мисли бисёр афсарон, фармон намедињад, балки њамроњи сарбозон кор мекунад. Масалан, дар ваќти машќњои сањрої баробари сарбозон, њатто пеш-пеши онњо медавад, то сарбозон рўњбаланд шаванд.
Сатњи баланди донишу кордонї лейтенанти калон Љамоловро ба маркази таълимї овард. Ў ба бештар аз 100 нафар нозукињои соњаро меомўзонид. Дар баробари минаљўї, инчунин, мутахассисони мошини зирењпўш, снайперист, алоќачї ва ѓайрањоро омода мекард. Ба ќавле универсал буд.
Соли 2008 бошад, дар заминаи маркази таълимии вилояти Суѓд, ќисми низомии 07746 ташкил шуд, ки ба тайёр кардани мутахассисони хурди соњаи њарбї машѓул аст. Лейтенанти калон Љамоловро командири ротаи таълимии тирандоз дар мошини зирењпўш таъин карданд. Бо вуљуди он ки ихтисосаш муњандис минаљў буд, ин корро ба ўњда гирифт. Дар муддати кўтоњ тамоми адабиёти вобаста ба мошини зирењпўшро пайдо карда омўхт. Аммо дар баробари ин омодагии тактикї, техникї ва дигарњоро ба сарбозон меомўзонид. Шогирдони ў дар ќисми низомї намуна буданд.
Соли 2009 бошад, ба лейтенанти калон Љамолов рутбаи капитан дода шуда, сардори зершўъбаи таълимии ќисми низомии 07746 таъин гардид. Инак, як сол мешавад, ки дар ин вазифа кор мекунад.
Ў љавон њам бошад, нисбат ба сарбозону афсарон серталаб аст. Баъди ба ин вазифа омаданаш кор дар ќимсми низомї ранги дигар гирифт. Акнун тафтиши машѓулиятњо њамарўза ба роњ монда шуда, сатњи дониши сарбозон маълум карда мешавад.
Мо дар шахсияти капитан Љамолов тамоми афсаронро ба Рўзи Ќуввањои мусаллањ табрик мегўем! Њамеша сарбаланд ва чолок бошед!

ИНТИХОБ

Акнун ваќти интихоб расидааст

Бале то чанд соли пеш мо дар њама арсањо интихоб надоштем. Молњои бесифат ва камбуди маблаѓ имконият намедод, ки мо чизи хубро интихоб кунем. Аммо имрўз дигар аст. Мо интихоб карда метавонем: дар бозор моли хубро, барои ба љое сафар кардан наќлиёти роњат ва њатто барои сафар ба хориља тайёраи ба талаботи замони муосир љавобгўро.
Дар интихобот низ акунун мо имкон дорем њизб ва номзади арзандаро интихоб намоем, то тавонанд бо донишу фањмиши худ ќонунгузории кишварро барои манфиати мардум ва тараќќиёти Ватани азиз ќабул намоянд.
Дар интихоботњои пеш мо бетараф будем, аммо имрўз бояд масъулият њис кунем. Ба участкаи интихоботї равем ва овоз дињем. Мо бояд бовар кунем, ки танњо овози мо метавонад таќдири ояндаи Тољикистони азиз ва худамону фарзандонамонро муайян месозад. Бале танњо њамон як овози мо!
Барои баргузории маъракаи ќарибулвуќўи интихоботи парлумонї њудуди 16 млн. адад вараќањои интихоботї ба чоп расидаанд. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсї иттилоъ додаааст, ки вараќањо дар нашриёти «Шарќи озод» интишор гардида, коѓази дорои њафт дараљаи муњофизат аз шањри Санкт-Петербурги Русия дастрас шудааст. Шумораи интихобкунандагон дар љумњурї 3,4 млн. нафарро ташкил медињанд.
Вараќањо ду рўз пеш аз интихобот ба тамоми участкањои интихоботї фиристода мешаванд.

18 февр. 2010 г.

ИНТИХОБОТ ВА АРТИШ


Вакилони халќ нисбат ба Артиши миллї бепарвоанд?

23 феврал Рўзи Артиши миллї буда, 28 феврал интихоботи вакилони халќ ба Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии мамлакат доир мешавад. Ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсї 152 нафар аз њавзањои якмандатї ба ќайд гирифта шудаанд ва барои ноил шудан ба номи пуршарафи вакили халќ мубориза мебаранд. Маъракаи таблиѓотии номзадњо низ идома дорад ва вакилон њини вохўрї бо интихобкунандагон аз бартарияти барномањои худ њарф мезананд. Аммо то имрўз ягон вакилшаванда аз Артиши миллї ёдовар нашуда ва њатто масъалаи бењтар намудани вазъи зиндагии сарбозону афсарон дар барномањояшон ќайд нагардидааст. Танњо Муњибулло Ќурбонов, номзад аз њавзаи интихоботии Исфара №20 зимни як мусоњибааш бо њафтаномаи «Озодагон» гуфтааст, бояд хизмати њарбии алтернативиро љорї кард ва онњое, ки хизмат кардан намехоњанд, ба давлат маблаѓи муайяне супоранд ва ин маблаѓ барои бењбуди касоне, ки хизмат мекунанд, сарф карда шавад. Ин дар њолест ки њамаи сарбозон интихобкунандаанд ва ќисми зиёди онњо бори аввал раъй медињанд.
Вале муњимтарин масъала яксола кардани хизмати њарбї аст, ки яке аз вакилони парлумони амалкунанда дар соли гузашта пешнињоде карда буд, аммо бенатиља. Бисёре аз кишварњо барваќт ба хизмати њарбии шартномавї гузаштаанд. Дар Љумњурии Ўзбекистон љавонон барои ба хизмати њарбї рафтан пул месупоранд. Чун бе билети њарбї ягон нафар ба кор ќабул карда намешавад. Дар Ќазоќистон њам њар нафар хизмати њарбї кардан наметавонад.
Воќеан, агар хизмати њарбї яксола шавад, ба андешаи коршиносон ришвахўрї дар соња кам мешавад. Яъне, сафи љавонони ихтиёрї ба хизмати њарбї зиёд шуда, њољати аз љониби падарон пул додаву фарзандашонро гурезонидан намемонад. Њамчунин, њар чизе ки дар хизмати њарбї љавонон бояд омўзанд, як сол кифоягї мекунад. Њамин њоло шаш моњи аввал сарбозон дар гурўњњои таълимї хонда, якуним соли дигарро, ќариб ки бењуда мегузаронанд.
Ба њар сурат умед мебандем, ки парлумони нав дар ин маврид бетараф нахоњанд буд.
ИД МУБОРАК, ЊОМИЁНИ ВАТАН!

29 янв. 2010 г.

ХАМОН РОХЕ, КИ ПОЁНАШ НАМЕБИНАМ, ВАТАНДОРИСТ…

Ба назар мерасад, ки дар чанд соли охир љавонони мамлакат бештар худшинос шудаанд.

Бале. Њар инсон ва ќавму миллат аз худшиносию ватнадўстї рушд мекунад. Њамин гуна сухан њам њаст, ки мегўянд: «Худро шинохтї, Худоро мешиносї». Акнун бисёр мешунавем, ки мардикорони тољик дар Русияву дигар кишварњо, аќаллан, аз худашон дифоъ мекунанд. Бо тољик буданашон фахр мекунанд. Барои пешрафти кишвар сањм мегузоранд.
Чанд рўзи охир ба воситаи телевизионњои кишвар бисёр мебинему мешунавем, ки љавонони тољик, ки 20 солу 30 сол дар дигар кишварњо зиндагї мекунанд, имрўз барои сохтани Ватан омадаанд. Ва њар яке мегуфт, бо 100 њазору 150 њазор доллар сањмия харидаанд. Офаринашон бод. Набиулло Неъматов, муњассили Донишгоњи давлатии њуќуќ, бизнес ва сиёсати Тољикистон низ ба гуфт, ки бо маблаѓи 11 њазор сомонї сањмия харидааст. Як донишљў.
Аммо муассиртар бароям он буд, ки Мафтун ном љавон аз ноњияи Файзобод аз бањри 10 њазор доллар гузаштаву тољик буданашро њифз кардааст. Ў мегўяд, дар як хонаи рус кор мекардаанд. Рўзе соњиби хона дар љамъи бачањо Мафтунро, ки аз њама љавон будааст, гуфтаст: «як бор «ман ќирѓиз, ўзбек ё ќазоќам» гўй 10 њазор доллар медињамат», аммо Мафтун розї нашудааст. Соњиби хона чандин маротиба, боисрор пурсидааст, аммо Мафтун рад кардааст.
- Њарчанд, мегўяд Мафтун, - баъдан њамроњонам зарзанишам мекарданд, ки чаро розї нашудам. Онњо мегуфтанд, бо як маротиба «ман ќирѓизам» гуфтан ќирѓиз намешудї-ку. Њатто бародарам сарзанишам мекард. Аммо ба онњо гуфтам, ки ман тољикам ва агар 100 њазор доллар њам медод, розї намешудам.
Худо кунад, ки сафи чунин љавонони худшиносу ватандўст боз њам афзояд ва дар њар куљое бошанд, аз тољик буданашон ифтихор кунанду барои ободии Ватан кўшиш намоянд.
Њиљозї гуфтааст: «Ваќте мушкили зиндагї њал мешавад, ки худ ба танњої аз ўњдаи њалли он бароем».
Њукумати мамлакат низ њамин нуктаро дарк намуд, ки тасмим гирифт, НБО «Роѓун»-ро худи мо ба танњої бунёд кунем ва аз мушкили асосии мардумамон дар фасли сармо – нерўи барќ ворањем.

17 СОЛИ БЕБАРОРИ ЗАБОН

Агар дар Тољикистон сад забоншинос бошад, сад хел аќида вуљуд дорад

Ба аќидаи донишмандон ва равшанфикрони тољик бо гузашти 17 сол аз ќабули Ќонуни забони давлатии Тољикистон њанўз њам бахшњои умдаи ин ќонун амалї нашуда ва њамчунон рўи ќоѓаз боќї мондааст. Забоншиносони тољик њар яке дар мавриди забони тољик аќидаи шахсии худро дорад ва њамон тавре, ки хоњад истифода мебарад. Њатто дар ин маврид китобњо ба нашр расидаанд. Хусусан, донишманди тољик Ўктами Холиќназар дар навиштањояш ќариб пурра аз калимањои арабї истифода мебарад. Ба аќидаи ў бояд мо калимањои арабиро чї тавре њаст, њамон тавр истифода барем.
Аммо ба фикри баъзе забоншиносони дигар шарт нест, ки мо калимањои бегонаро, ки ба забонамон дохил шудаанд, айнан талаффуз намоем. Ќутбиддин Мухторї, устоди кафедраи услубшиносї ва тањрири адабии факулати журналистика ва тарљумонии ДДМТ мегўяд, мо калимањои ба забонамон дохилшударо ба таври худамон бояд талаффуз кунем. Ончуноне ки дар дигар забонњо роиљ аст. Масалан, мегўяд Мухторї, истилоњи русии "механика" ба таркиби луѓати забони арабї дохил шуда, тамоман дар шакли дигар - "манљаниќ" истифода мешавад. Ё дар Ќуръони маљид калимањои зиёди форсї-тољикї истифода шудааст, ки мо тољикон онро намефањмем. Пас чаро мо бояд калимањои онњоро ба таври худашон истифода кунем? Ба назари Ўктами Холиќназар бояд калимањои "њаљ" бо ду "љ" ("њаљљ"), "муњим" бо ду "м" ("муњимм"), "муовин", "муодил", "муомилот" бо њарфи "ъ" ва дар калимањои "мубоњиса", "мунофиќа", "мусодира" ва дигарњо бояд ба љои њарфи "и" њарфи "а" (мубоњаса") истифода бурда шавад, ки ин ба аќидаи як гурўњи забоншиносон тамоман ба меъёри забони тољикї рост намеояд.
Дар факултањои филологї њам њар устод ба таври худаш ба донишљўён дарс мегўяд. Савол ин аст, ки дар ин њолат донишљўён чї тавр забон меомўзанд? Ё худ, расонањо низ њар яке ба таври худ аз забони тољикї истифода мебаранд. Аммо ин ягон касро ба ташвиш наовардааст. То њол на аз љониби Академияи илмњо, на аз љониби маќомоти дахлдор ягон тадбир андешида нашудааст. Танњо њафтаи гузашта раёсати нави Иттифоќи журналистон аз забони нашрияњо, хусусан, њафтаномањои "Миллат" ва "Наљот" изњори нигаронї кардааст. Ва ба аќидаи Акбари Саттор, раиси Иттифоќи журналистон, ба хотири аз љониби масъулин риоя шудани Ќонуни забон роње дигаре, љуз водорсозии онњо тавассути пешбинии љазо вуљуд надорад: "Агар ки ќонун бошад, барои ќонунро вайрон кардан бояд одам љазо бинад. Ман пешнињод дорам, ки љазо муќаррар карда шавад", мегўяд ў.
Вазъи забони тољикї ва раванди татбиќи Ќонуни забони давлатии Тољикистон зимни як нишасти донишмандон, масъулини давлатї ва мудирони расонањои хабарї мавриди баррасї ќарор гирифтааст. Донишмандони тољик, дар њоле ки масъулини идорањо аз иљро шудани ин ќонун ба навъе гузориш медоданд ва тавсиф мекарданд, талошњои њукуматро дар ин самт нокифоя хондаанд ва аз тољикии форсї ба унвони як забони бидуни пуштибон дар Тољикистон ёдовар шудаанд. Дорои Дўст, донишманди тољик ба радиои "Озодї" гуфтааст: "Агар аз решањояш бинем, ки ѓалат аз куљо меояд: дар мўњри дафтари Раёсати љумњурамон ду ѓалат аст. Ваќте ки дар мўњри Раёсати љумњурї ду ѓалат аст, дар мавриди кадом савод мо гап мезанем. Баъди се њазор сол аз кўњи Бесутун матнњоро ёфтанд ва хонданд, ѓалат нест, вале мо дар мўњрамон ѓалат дорем. Ќарорњое, ки имрўзњо нашр мешавад, ќонунњое, ки нашр мешавад, садњо таркиби ѓалат дорад. Ба охирин амре, ки дар мавриди ба Шириншо Шотемур ва Нусратулло Махсумов додани унвони Ќањрамони Тољикистон буд, таваљљўњ кунед: "барои фаъолияти бунёдкоронаи давлатдорї ва хидматњои бузург дар поягузории истиќлолияти Тољикистон". Ин таркибњо аз нигоњи мантиќ ѓалат аст. Аввал давлатро поягузорї мекунанд ва баъд давлатдорї мекунанд."
Дар њамин њол Исомиддин Салоњиддинов мушовири Президенти Тољикистон низ ба дунболи ин гуна интиќодот гуфтааст, дар воќеъ, вазъи забони давлатї нигаронкунанда аст. Ба аќидаи ў ба роњ андохтани як њаракати иљтимої ба манзури њимоят аз забони давлатї амри зарурист: "Дар худи Тољикистон ба сабаби нодонии мо, бемасъулиятии мо ба забони тољикї фишор оварда мешавад ва ин маънои онро дорад, ки ба истиќлоли мо фишор оварда мешавад. Чаро реклама ба забони тољикї тарљума намешавад? Барои он ки тавассути реклама мардум ба фановарї, шароити бозор ва навгонињо ва пешрафт ошно мешавад ва ин кор амдан сурат мегирад. Як њаракате бањри дифои забони давлатї бояд таъсис ёбад, шояд мисли Анљумани муњофизони забони давлатї."
Ширкаткунандагони ин нишаст, њамчунин, наќши радио ва телевизион дар густариши забон дар шароити пешрафти фановариро таъкид карданд ва бо лањни шадид аз забони шабакањои телевизонї интиќод намудаанд.
Дар воќеъ имрўз радиоњои зиёде дар пойтахт ва ноњияњои атрофи он фаъолият доранд. Ва таври маълум, ќисмати бештари барномањои ин радиоњо бо забони русї аст. Њатто ќариб нисфи барномањои ду шабакаи телевизионии кишвар, ки акнун 16-18 соат пахш мешаванд, русї аст.
Абдулло Файзуллоев, як узви Комиссияи татбиќи Ќонуни забони Тољикистон гуфтааст: "Ташаккур аз ТВТ, ки бозињои футболро барои мардум намоиш дод. Аммо ниёз ба тарљумаи бисёр пурѓалат набуд. Шорењи футбол мегўяд, ки "тўб маљрои худро дигар кард" ё љои дигар мегуфт, ки "тўб ба майдони љазо омад". Ман аз ин њама чизе нафањмидам".
Дар шароити феълї меъёри воњиди забони тољикї вуљуд надорад ва истилоњот ё вожањо аз љониби Кумитаи истилоњот ќабул ва эълон намешавад, ки боиси истифодаи номатлуби вожањо шудааст.
Дар њамин њол бархе дигар аз ширкаткунундагон аз љумлаи мансабдорон аз ворид шудани калимот ва вожањои ба истилоњи онњо "иронї" ва "афѓонї" изњори нигаронї кардаанд. Аз љумла раиси Бунёди забони тољикї гуфтааст, як рўзномаи навтаъсис вожаи "истирдод" ва "тарљењ"-ро истифода кардааст, ки њатто барои ман дарки он мушкил аст. Аммо раиси пажўњишгоњи забон гуфтааст, ин њама калима ё вожањо, калимоте нестанд, ки акнун ба забони тољикї ворид шуда бошанд. Балки моли њамин забон њастанд ва дубора баъди солњои, ба истилоњ содда кардани забон, мавриди истифода ќарор мегиранд. Ва љое барои нигаронї вуљуд надорад.
Дар воќеъ, он њама калимањои барои мардуми мо нофањмои арабї моли забони тољикї буданд. Зеро гузаштагони мо шояд бузургии худро нишон дода, бештар аз калимањои арабї истифода мекарданд, ки ин то ба њамин њол оварда расонд. Ва њоло њам забони тољикї дилсўз надорад. Шояд њар як забоншиноси мо танњо бузургии худро нишон доданї шуда, аз калимањои фаќат барои худашон фањмо истифода мебаранд. Ва агар касе ягон пешнињоди љолиб дорад, ба Академияи илмњо мурољиат кунад, шояд Ќонуни забонро аз нав ќабул мекунем ва мавриди истифода ќарор медињем. Агар не, сари мардумро гаранг кардан лозим нест?

P.S. Ин матлаб се сол пеш дар хафтаномаи «ВАЌТ» нашр шуда буд, ки фикр мекунам холо хам моњияти худро гум накардааст. Ахиран Ќонуни забони тољикї аз нав ќабул шуд, аммо бењбудие ба назар намерасад.

19 янв. 2010 г.

ИНТИХОБОТ ВА ЧАВОНОН

Ба назар мерасад, ки љавонон дар масоили сиёсї иштироки фаъол доранд

Таври маълум, Тољикистон ба чорабинии муњими сиёсї – интихоботи Маљлиси Олї омодагї мебинад. Аммо ин навбат маъракаи ќабл аз интихобот на мисли интихоботњои пешин бо њангомаю дабдаба, балки бисёр ором мегузарад. Сабабаш низ маълум – Нерўгоњи барќи обии «Роѓун».
Воќеан, НБО «Роѓун» ва масъалаи бунёди он имрўз ба масъалаи раќами яки кишвар табдил ёфтааст. Мардуми кишвар њам, умедашон њамин «Роѓун» аст ва бовар доранд, ки бо анљоми ин нерўгоњ мушкили бебарќї намекашанд, њамагї «Роѓун»-у сањмияро фикр мекунанд. Њамин тавр, масъалаи бунёди «Роѓун» маъракаи ќабл аз интихоботро рўпўш кардаву кам аз он ёд мекунем.
Ба њар сурат, анљуманњои њар шаш њизби сиёсии мамлакат барпо шудаву номзадњо пешбарї шуданд. Дар њавзањои якмандатї низ пешбарии номзадњо идома дорад.
Ба назар мерасад, ки дар интихоботи имсола љавонон иштироки фаъол доранд.
Њизбњои сиёсї њам иќрор шудаанд, ки дар рўйхати њизбї барои ширкат дар интихоботи парлумонї номи намояндагони љавон нисбат ба интихоботњои ќаблї бештар аст.
Аз љумла, дар рўйхати 22-нафараи Њизби халќии демократї 3 номзади љавон пешбарї шудааст. Рўйхати Њизби сотсиал-демократро бошад, 50 фисадро љавонони то 36-сола ташкил мекунад. Њизби нањзати исломии Тољикистон низ ин навбат 6 номзади љавонро дар рўйхати њизбии худ љой додаст. Њамчунин, љавонон аз њавзањои якмандатї низ номзадиашонро пешнињод мекунанд.
Ба гуфтаи намояндагони ањзоб љавонони зиёде хостгори пешбарии номзадиашон буданд, аммо гарон будани гаравпулї сади роњи эшон шудааст.
Бо вуљуд, умед мекунем, ки ин навбат љавонони бештар њам ба парлумон ва њам ба Њукумати кишвар роњ меёбанд ва бод иди наву тоза дар пешрафти кишвар сањм мегузоранд.

Сахмия ва чавонон

Харидории сањмияњо ба проблема мубаддал гаштааст

Ба назар мерасад, имрўз дар њамаи нињод кормандонро маљбур мекунанд, то сањмия харанд. Њатто мардуми дењотро, ки бекоранд.
Сањмияњо бояд харида шаванд. Чун имрўз ваќти нанг расидааст. Пас аз чанд кўшиш, барои сохтмони Роѓун, ки натиља надод, Президенти мамлакат тасмим гирифт, то ин иншооти бузург ва умеди мардуми кишварро бо мабалаѓњои худї месозем. Њамин буд, ки бори аввал Сардори давлат ба мардуми љумњурї мурољиат кард, то дар ин кор бетараф набошанд. Аммо бо чунин тарз ба фурўш рафтани сањмияњо Президенти кишварро нигарон кардааст. Дар се њафта њамагї, таќрибан 150 млн. доллар. Њамин буд, ки дар вохўрї бо соњибкорони ватанї Сардори давлат бештар сари мавзўи сањмияњо сўњбат кард ва гуфт: «Агар шумо насозед, ман худам месозам».
Воќеан, то имрўз ба ѓайр аз раиси шањри Душанбе Мањмадсаид Убайдуллоев, дигар ягон роњбари вазорату идорањо эълон накардаанд, ки бо чї миќдор пул сањмия харидаанд. Аммо тобеони њамин роњбарон бо дороии ночизашон аз ин маърака бетараф намондаанд.
Гуфтем, ки мардумро маљбур мекунанд, то сањмия харанд. Њатто кор то љое расидааст, ки кормандони БДА аз ронандагон мепурсанд, ки сањмия харидаанд ё не. Дар бемористон низ аз њар бемори омада харидани сањмия пурсида мешавад. Дар таваллудхонањо бошад, занони њомиларо бе сањмияи Роѓун намепазиранд. Ин масъаларо вазири тандурустї Нусратулло Салимов дар нишасти матбуотї ќавл дод, ки баррасї хоњад кард.
Вале нанговартар аз њама харидории сањмияњо аз љониби донишљўён аст. Донишљўе, ки аз њисоби падару модар мехонад, то сањмия нахарад, ба имтињонњо роњ дода намешавад. Дар Донишкадаи забонњои Тољикистон, ки њар як донишљў аз сањмияњои 100-сомонигї харидорї кардаанд, дар имтињони дигар онњоро маљбур кардаанд, то боз сањмия харанд. Донишљўёни Донишкадаи санъат бошанд, ин масъаларо дар нишасти матбуотии Вазорати маориф назди Абдуљаббор Рањмонов гузоштанд. Вазири маориф дар посух ба шикояти донишљўён гуфт, барои имтињон аз донишљў талаб кардани сањмия гуноњ аст. Ба гуфтаи Абдуљаббор Рањмонов, дар ин самт миёни донишљўён бояд корњои таблиѓотї бурда шавад ва онњо бо хоњиши худ сањмияњоро харидорї кунанд.
Вале њастанд донишљўёне, ки имконият доранд сањмия мехаранд. Масалан, Набиулло Неъматов, донишљўи соли чоруми Донишгоњи давлатии њуќуќ, бизнес ва сиёсат ба мо иттилоъ дод, ки бо маблаѓи 11000 сомонї аз сањмияњои НБО Роѓун харидорї кардааст.
Хулоса, бо маблаѓи 6 млрд. сомонї сањмияњои Роѓунро, ки ба фурўш баромадаанд, намешавад, ки дар як моњу як сол фурўхт. Ин кори чандсола аст. Ва иншоаллоњ кори мешуданист.

8 янв. 2010 г.

Баъд аз Соли нав

1 январ. Барои табрики волидайн ба деха рафтам. Дар деха хама туй доштанд. Ду руз баркро хомуш накардаанд. Барои Соли нав. Ин дар холе, ки дар Иди Курбон – иди мусулмонон баркро хомуш карда буданд. Ва соли навро, ки имсол бисёрихо чашн нагирифтанд, барк дода шуд. Аммо ба хар сурат ин боиси хурсандист. Маълум, ки имсол мардуми мо камтар азоби бебарки кашиданд. На мисли солхои пеш, ки хафтахо баркро намедиданд.
Хамсинфам Салимчон буд, ки мегуфт, «мешудаст хамин баркро диханду аммо намедиханд».
Шояд ин гапи Салимчон чон дошта бошад. Мумкин як кисми баркро ба Афгонистон фурушанд.
Ба хар хол умед мебандем, ки оянда боз хам бехтар мешаваду мардум аз азоби бебарки халос.