9 июл. 2010 г.

МУШКИЛИ НОМ

Номгузории тоҷикӣ дарди сар шудааст

Баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ шаҳрвандон ба номгузории тоҷикӣ рӯ оварданд. Солҳои авали истиқлолият аксари мардум ба фарзандонашон номҳои зебои тоҷикӣ гузоштаву аз «ов»-у «вич» даст кашиданд. Аммо номгузории нав насаб надошт, мисле, ки имрӯз низ роиҷ шудааст. Ҳатто Президенти кишвар низ баъди иваз кардани ному насабаш ба шакли тоҷикӣ насаб надорад. Ва бисёриҳо дар пайравӣ ба президент номгузории бенасабро интихоб карданд.
Баъди ин насли солҳои авали истиқлолият, ки акнун 19-солаанд, дар Русия ба мушкил мувоҷеҳ шуданд. Ин насл насаб надорад.
Ҳамин буд, ки дар Русия бо сабаби надоштани насаб ба мушкил мувоҷеҳ шуданд. Онҳое, ки шиносномаҳояшон дунома буд, бозпас ба ватан фиристода шуданд. Баъди бозгашт теъдоде аз онҳо дар талоши ба шакли русӣ кардани ному насаби худ шуданд, то дар дигар кишварҳо, хусусан, Русия мушкил надошта бошанд. Виктор Себелев, роҳбари намояндагии Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар Душанбе ҳамон замон гуфта буд, ки мушкили аслӣ тоҷикӣ ва ё русӣ будани шакли навишти номҳо нест, балки дар шиносномаҳо бояд насаби шахс низ дарҷ гардад. Дар акси ҳол чунин шакли навишт ба қоидаҳои байналмилалӣ дар заминаи убуру мурури марз мутобиқат намекунад.
Имрӯзҳо бошад, шаҳрвандон дар Тоҷикистон ба мушкил рӯбарӯ шудаанд. Мактабҳои миёна кӯдаконеро, ки ба синфи якум қабул мешаванд, бо сабаби он ки насаб надоранд, қабул намекунанд. Дар мактабҳои олӣ низ ҳол чунин аст.
Аммо чаро аз соли 1991 то ҳоло ягон масъуле ёфт намешавад, ки ба воситаи телевизион ё радиою рӯзномаҳо ба мардум тарзи дуруст мондани ному насабро фаҳмонад? Ё интихорем, ки инро низ Президенти кишвар пешниҳод кунад? Ман ҳам, вақте соли 2008 номгузориамро ба шакли тоҷикӣ кардам, кассе сади роҳам нашуд. На дар шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, на дар шӯъбаи шиномномадиҳӣ кассе нагуфт, ки ту насаб надорӣ. Ва имрӯз шиносномаамро мебинам, бисёр хандаовар пур карда шудааст. Дар ҷои насаб, ном ва дар ҷои ном номи падарам сабт аст. Аммо ба ин ман гунаҳкорам? Масъулонро зарур аст, ки тарзи дурусти номгузориро ба мардум фаҳмонанд, то саргардон нашаванд.

2 июл. 2010 г.

Гармӣ зарар ҳам дорад



Ҳавои аз ҳад зиёди гарм ба хурӯҷи бемориҳои сироятӣ оварда мерасонад.

Таи чанд рӯзи охир ҳаво якбора гарм шуд. Аммо ба фарқ аз солҳои пешин имсол гармо дертар фаро расид. Ҳар сол дар моҳи май, аллакай дар гармӣ тоқат кардан намешуд. Имсол бошад, аз миёнаҳои июн, баъд аз боронгариҳои зиёд, ҳаво якбора гарм шуд.
Ҳавои гарм боиси хуруҷи бемориҳо мегардад. Хусусан, ноҳияҳои ҷанубӣ кишвар аз гармо бештар азият мекашанд. Ҳарчанд Маркази ҳавосанҷии кишвар ҳарорати ҳаворо то 35 дараҷа нишон медиҳад, аммо ба назар мерасад, ки ин нишондиҳанда бештар аст. Масалан, дар хиёбонҳои пойтахт ҳамин шабу рӯз дар гармӣ тоқат кардан мушкил аст. Чун дар роҳҳои мумфарш ҳаво бамаротиб гарм мешавад. Аз ин рӯ, ҳукумати шаҳр, хусусан, идораҳои масъули пойтахтро зарур аст, ки ҳар рӯз роҳҳоро об пошанд. Каме ҳам бошад салқин мешавад, ва чангу хокро дар роҳҳо коҳиш медиҳад.
Дар ҳавои гарм талабот ба об низ зиёд мешавад. Дар дарё ва кӯлҳо нафарони зиёдеро мебинем, ки ба оббозӣ машѓуланд. Аммо ин амал, хусусан, барои наврасону кӯдакон хатар дорад. Оби дарёҳо бо сабаби сербориш омадани мавсим баланд аст ва ҳар лаҳаза хавфи ѓарқшавӣ вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, падару модаронро зарур аст, ки фарзандонро доим зери назорат дошта бошанд. Ҳамчунин, мушоҳида мешавад, ки кӯдакон аз дарё ва ҷумакҳо об менӯшанд, ки ин ҳам ба саломатӣ зарар дорад. Тавсия дода мешавад, ки сокинон дар гармои ҳаво, асосан нисфирӯзӣ гаштугузорро дар кӯчаҳо кам кунанд. Бо ин роҳ метавонем саломатиамонро ҳифз кунем.