31 мая 2010 г.

Кӯдаконро беназорат нагузоред




Ҳамасола дар ҷаҳон 1 июн ҳамчун рӯзи ҳифзи кӯдакон таҷлил мешавад, аз ҷумла, дар кишвари мо низ. Ин рӯз соли 1925 дар Анҷумани ҷаҳонии вазъи кӯдак дар Женеваи Швейтсария муқаррар шудааст.

Аммо 1 июн ба сифати Рӯзи ҳифзи кӯдакон бештар дар кишварҳои собиқ шӯравӣ таҷлил мешавад ва кишварҳои дигар, аслан рӯзи 20 ноябр, яъне, таърихи тасвиб шудани Эъломияи ҳуқуқи кӯдак ва паймони байналмилалии ҳуқуқи кӯдакро, ки Рӯзи умумии кӯдакон эълон шудааст, ҷашн мегиранд.
Тақрибан нисфи аҳолии кишвари моро кӯдакон ва наврасон ташкил медиҳанд. Хушбахтона, аксарияти онҳо зери сарпарастии Ҳукумату давлат қарор доранд. Имрӯз дар кишвар барои тарбияи кӯдакони бесарпаноҳ мактаб-интернатҳо фаъоланд. Таи чанд вақти охир аз ҷониби соҳибкорону ташкилоту муассисаҳо, баҳри дар амал татбиқ крдани Қонун «Дар бораи танзими анъна ва ҷашну маросимҳо дар ҷумҳурӣ», хатнатӯйи фарзандони оилаҳои камбизоат гузаронида мешавад, ки ин ҳам дастгирии онҳост. Баҳри хуб ташаккул ёфтани кӯдакони дигар бошад, дар мактабҳо тамоми шароити таҳсил фароҳам оварда мешавад.
Аммо мутаасифона, аз беназоратии падару модарон ва сатҳи пасти зиндагӣ ҳазорон нафар аз ин атфол дар ин давра, ки бояд омӯзанду хуб ташаккул ёбанд, кашидани бори зиндагии оилаашонро бар дӯш гирифтаанд. Қисми дигар аз таълиму тарбия маҳрум, бо умеди пул ёфтан, дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ба мошиншӯиву салафанфурӯшӣ ва испанддудкунӣ машѓуланд.
Дар офоти табиии охир бошад, аз бемасъулиятии масъулин, ки гуфта мешавад, метавонистанд пеши роҳи ин офотро гиранд, кӯдакони зиёде қурбон шуданд.
Имрӯзҳо бошад, аз бемории фалаҷ чандин нафари онҳо ҷони худро аз даст медиҳанд.
Ҳарчанд дар ин бора мақомоти тандурустии кишвар иттилоъ надодаанд. Барои гирифтани пеши роҳи ин беморӣ Ҳукумати мамлакат тадбирҳоеро рӯи даст гирифтааст. Аз ҷумла, ҳамин шабу рӯз дар саросари ҷумҳурӣ маъракаи эмкунӣ мегузарад. Ҳатто дар гузаргоҳи марзии Панҷи Поён, истгоҳҳои роҳи оҳан ва фурудгоҳҳо нуқтаҳои махсуси эмгузаронӣ таъсис шудааст. Вале гуфта мешавад, дар ин маърака волидон камҳавсалагӣ зоҳир мекунанд ва кӯдаконашонро барои эмгузаронӣ ба нуқтаҳои тиббӣ намеоранд.
Эмгузаронии кӯдакони 6-сола дар се давра гузаронида мешавад, ки ду давраи он гузашт. Барои саломатии фарзандон кӯшиш кунед ва онҳоро беназорат нагузоред.

20 мая 2010 г.

ЯК РЎЗИ ҶАВОНӣ

Ҳамасола 23 май дар кишвар Рӯзи ҷавонон таҷлил мешавад.

Бори аввал ин рӯз бо пешниҳоди Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон соли 1999 ҷашн гирифта шуд. Як сол қабл аз ин дар вохӯрӣ бо ҷавонон Президенти мамлакат Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати ҷумҳуриро таъсис дода, 23 майро Рӯзи ҷавонон эълон кард. Баъдтар ин рӯз васеътар ҷашн гирифта шуд. Яъне, ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ аз 15 то 23 май Ҳафтаи ҷавонон таҷлил мешавад. Дар вилояти Хатлон имсол «Як моҳи ҷавонӣ» эълон шудааст, ки аз 17 апрел оғоз шуда, 23 май ҷамъбаст мегардад.
Воқеан, Тоҷикистон давлатест, ки аксари аҳолиашро ҷавонон ташкил медиҳанд. Инчунин, ободгару номбардори Ватан низ маҳз ҷавононанд. Бисёр хурсандиовар аст, ки ҷавонони кишвар дар чорабиниҳои гуногуни ҷаҳонӣ иштирок карда, шарафи Тоҷикистони азизро баланд мебардоранд.
Чанде пеш хонандагони гимназияи «Ҳотам ПВ» аз олимпиадаи байналмилалӣ 6 медал оварданд, шогирдони гимназияи тамоюли иқтисодидоштаи Донишгоҳи тиҷорат низ аз Туркия бо се медали тилло баргаштанд.
Ду ҳафта қабл бошад, дар вилояти Суғд машқҳои муштараки низомии кишварҳои узви СПАД доир гардид, ки сарбозони тоҷик дар машқҳо маҳорати баланд нишон доданд.
Ҷавонони варзишгари кишвар низ сол то сол дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ иштироки фаъолона карда, ба комёбиҳо ноил мегарданд. Рустам Боқиев чанд рӯз пеш дар Қоҳира дар гӯштини дзю-до Қаҳрамони ҷаҳон шуд. Дастаи футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бошад, дар мусобиқа барои дарёфти Ҷоми раиси КФО дар се бозӣ ғолиб омада, ба дарвозааш ягон гол сар надод ва ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифт. Трамоҳи ҳамин сол дастаи футболи 17-солаҳои кишвар дар Ҷоми ҷаҳон ширкат хоҳанд кард.
Соҳаи туризм низ, ки як бахши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳаст, такя ба ҷавонон дорад. Туризм дар ҷумҳурии мо акнун рушд мекунад. Сардори давлат дар Паёми имсолааш ба Маҷлиси Олӣ дар бобати тараққӣ ёфтани соҳа махсус зикр кард. Барои қабули сайёҳон кадрҳои забондон ва хушмуомила лозиманд, ки ин кор танҳо аз дасти ҷавонон меояд.
Хуллас, Тоҷикистон умед ба ҷавонон дорад ва ҷавононро лозим аст, ки ин умедро барбод надиҳанд.

Ин рӯзи ҷавонӣ бар Шумо муборак бошад!