4 авг. 2010 г.

ҲАЁТИ СОЛИМ

Бузурге гуфтааст, агар хоҳӣ, ки дар пирӣ надавӣ, дар ҷавонӣ дав

Воқеан, барои он ки дар пирӣ саломату бардам бошӣ, бояд ба варзиш машғул шавӣ. Ҳамарӯза ба масофаи муайян давидан, велосипедсаворӣ, пиёда роҳ гаштан ба саломатӣ фоидаи калон дорад. Хушбахтона, солҳои охир толорҳои варзишӣ, фитнесклубҳо дар кишвар бештар шудаву сафи ҷавонон низ ба ин клубҳо дар ҳоли афзудан аст. Бештари ҷавонон маҳз барои саломатӣ ба клубҳои варзишӣ шомил мешаванд. Духтарон низ барои солимӣ ва нигоҳ доштани фигураашон ба варзиш машғуланд. Ҳамчунин, субҳу шом ҷавонони зиёдеро дар кӯчаву хиёбонҳо дучор меоем, ки медаванд. Ҳар бегоҳӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бошад, наврасону ҷавонон ба чархаксаворӣ (конки) машғул мешаванд, ки ин ҳам хуб аст.
Ҳамасола бо Фармони Президенти кишвар 10 август Рӯзи варзишгарон таҷлил мегардад. Бахшида ба иди касбии кормандони соҳа дар саросари кишвар баргузории мусобиқаҳо дар намудҳои мухталиф ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар ин рӯз варзишгарон ва собиқадорони соҳа аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Кумитаи миллии олимпӣ қадр карда мешаванд.
Имсол, дар арафаи Рӯзи варзишгарон, зимни ҷаласаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, таҳти раёсати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии «Мактаб-интернати таҳсилоти умумии ҷумҳуриявии тамоюли варзишӣ» ба номи варзишгар ва мураббии маъруфу машҳури кишвар Иброҳим Ҳасанов номгузорӣ карда шуд. Иброҳим Ҳасанов аввалин олимпичии мамлакат аст, ки дар се бозии олимпӣ, дар риштаи заврақронӣ, иштирок кардааст. Вай дар вазифаҳои раиси Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишу Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои охири умраш дар Эрон буд ва дастаи мунтахаби ин кишварро тамрин медод.
Ба андешаи коршиносон камбуди асосии варзишгарони мо, хусусан ҷумҳурӣ кам будани толорҳои варзишӣ аст. Аммо ин масъала дар мадди назари Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад. Сохта ба истифода додани толори варзишии «Вастан» дар ноҳияи Дарвоз, таҷдиду азнавсозии варзишгоҳи шаҳри Хоруғ аз дастовардҳои чанд моҳи охири соҳа аст.
ИД МУБОРАК, ПАРЧАМБАРДОРОНИ ТОҶИК!

30 июл. 2010 г.

РОҒУН НА ТАНҲО НБО, ОБИ ГАРМ ҲАМ ДОРАД

Роғун имрӯзҳо ба мазраи умеди миллионҳо табдил шудааст. Ҳар куҷо, ки набошем, аз Роғун мегӯянду аз НБО-и рақами 1-аш. Роғун умеди нур бар қалби инсонҳо шинохта мешавад. Футболкаҳои «Роғун» аз серхаридортарин намуди либосворӣ аст. Дар мавриди ҳавои тозаи нафаскашиданбобаш ҳам зиёд шунидаем, аммо мегӯянд шунидан кай бувад монанди дидан ва мо ҳам бо мақсади дидани ин шаҳри орзӯҳо ба Роғун рахти сафар бастем.

Яке аз 1001 саргузашти булаҷаби ҳамсабақӣ
Аввалин шуда Носирҷон занг зад. Соат 17:20 буд. Таъкид кард, ки дар Саховат асту баъди 5 дақиқа дар ҷойи ваъдагӣ мерасад. Гуфт, ки ба дигарон низ занг зада гӯем, ки на дертар аз вақти муайяншуда, яъне, соати расо 18:00 назди чорроҳаи Садбарг ҳозир шаванд. Ҳамсабақони мо одати аҷибе доранд, ҳамеша то 2 соат дертар аз вақти муайяншуда ҳозир мешаванд, аз ин хотир таъкидҳои Носирҷон ҷон дошт, валек баъдтар фаҳмидем, ки худи ӯ вақти занг заданаш назди таксиҳои Қӯрғонтеппа будааст…
Соат 18:10. Аз ҳамсабақон танҳо Амирхӯҷа дар ҷои муқарраршуда пасу пеш қадам мезанад. Маълум, ки як сӯ аз гармии тоқатфарсо, як сӯ аз интизории ҳамкурсон зиёд асабӣ аст.
Мо, Носирҷон, Гулбаҳору Нилуфар, Зебуниссо яке пайи дигар омадан гирифтанд. Вақте ақрабаки соат 20:40-ро нишон медод, Ҷуъмагул ҳам расид. Акнун танҳо Қурбонро бояд интизор мешудем. ӯ ваъда карда буд, ки вақте бародараш аз кор баргашт, мошинро гирифта меояд. Ба хотири мошинаш интизор шудан бадӣ надошт. Билохира баъди зангҳои бардавом Қурбон гуфт, ки ҳамин ҳоло савори мошин аз хонаашон (деҳаи Мирзочули ноҳияи Рӯдакӣ) берун шуд. Кадоме аз ҳамсабақон пешниҳод кард, ки як гурӯҳ ба роҳ бароянд, дигарон интизори Қурбон мешинанд. Ба чанд нафари дигар ҳам ин пешниҳод хуш омад. Умараливу Амирхӯҷа ва Зебунисову Ҷуъмагулро дар мошин нишондаву роҳи сафед хостем. Баъди занги 45-ум Қурбон билохира гуфт, ки кадом як сими сабукраваш канда шудаву усто мегӯяд, соатҳои наздик дуруст шуданаш даргумон. Ба Гулбаҳори беқарор, ки аз соати 20:00 исрор мекард, ки ба умеди Қурбон нашавем Худо дод. Мисли хушдомане, ки келинаш сатили шири навдушидаро чаппа кардааст, ба ғур-ғур сар кард. Ману Нилуфар мегуфтем, ки «ҳамааш хуб мешавад». Мавқеи Носирҷон норӯшан буд. Маротибаи 46-ум ба Қурбон занг задаву гуфтем, бало ба паси мошинат худат зуд бош, то таксиеро киро карда, ба роҳ бароем. Аз он сӯйи гушӣ бо садои пасти гунаҳкоронае «бошад» шунида шуд.

Дар суроғи таксиҳои Роғун
Соат 23:45 буд. Ба ҷуз аз чанд ронандаи таксӣ дар кӯча ягон-ягон одамон дар равуо буданд. Аз ронандае пурсидем, ки таксиҳои Роғун аз кадом самт мераванд? Кӯтоҳакак посух дод, ки аз «Чулошка». Аз ину он пурсидаву «Чулошка»-ро ҳам пайдо кардем (ба бахти мо он дар масофаи тақрибан ҳазор метр аз ҷои истодаи мо воқеъ будааст). Дарвозаи оҳанин он чунон баста шуда буд, ки гӯӣ сад сол боз пӯшида аст. Аз ду нафар, ки шояд қаровули корхонаи «Нафиса» («Чулошка» дар ҳамсоягии ин корхона ҷойгир аст) буданд, пурсидем, ки таксиҳои Роғун аз ҳамин ҷо мераванд? Гуфтанд, бале, аммо ҳеч вақте нашуда, ки дар ин нимашабӣ таксие ба Роғун рафта бошад, беҳтараш нағзакак хоб кардаву пагоҳ субҳидам биёед. «Мотор»-и Гулбаҳор боз ба кор даромаду ғурид. Ман гуфтам «ҳамааш хуб мешавад», ки якбора сар кард-ээээ. Носирҷон пешниҳод кард, ки биёед, фардо меравем. Нилуфар бошад, розӣ нашуд, гуфт агар пагоҳ равем, «сафари Роғун» баромон таърихӣ намешавад. Ба ҳар сурат ман ҳам қабул кардам, сафари таърихӣ бошад, бигзор таърихӣ. Гулбаҳор ҳам розӣ шуд, Носирҷон ҳам даст бардошт. Дар роҳ ҷониби Садбарг Қурбонро дидем, ки аз таксӣ поин шуд. Мисли гуноҳкорон бо мо вохӯрӣ кард ва узр пеш овард. Гуфтам, «ҳамааш хуб мешавад». Гулбаҳор бо қираи чашм «песонд».
Фикр кардем, ки ягон таксиро то Роғун киро мекунем. Аммо ҳеч як ронанда розӣ намешуд, ки дар ин нимашабӣ ба «шаҳри энергетикҳо» равад. Пешниҳод кардам, ки биёед, ҳадди аққал то Файзобод равем, пасон «як бало мекунем». Дигар илоҷ набуд ва ҳамагӣ розӣ шуданд. Аммо чӣ мегӯед, ки аз таксиҳои самти Файзобод дараке набуд. Як ронандаи «Тангем» фарёд мезад, ки то Ваҳдат 3 сомонӣ. Гуфтем то Файзобод ба чӣ қимат мебаред? «Эсту бесте» накардаву 110 сомонии нақд гуфт. Худо инсофата зиёда кунад гуфтему аз наздаш дур шудем. Сабукраве наздамон истод ва гуфт то Ваҳдат меравад. Гуфтем Файзобод меравем.
– 50 сомонӣ диҳед мебарам, - гуфт. Мо гуфтем мушкил надорад, аммо 5 нафарем. Гуфт: «Ҳеҷ гап нест, шинед».
Ба Носирҷон курсии паҳлуи ронанда расид. Ману Қурбону Гулбаҳору Нилуфар се ҷои нишастро бо ҳам дидем.
То расидан ба пости БДА-и Файзобод қариб оромӣ буд. Корманди БДА мошини моро нигоҳ дошт. Ронанда аз мошин поин шуд, овози кормандони БДА-ро мешунидем, ки мегуфт чаро дар нишастгоҳи қафо як нафар зиёд нишастааст? Нилуфар бо чаққоние, ки дорад, аз мошин фуромад ва гуфт, ки журналистему барои анҷоми кори хизматӣ меравем. Ба корманди БДА ё қаду қомати Нилуфар хуш омад ё аз гапҳояш чӣ ҳикмате бардошт, ки ба мо роҳи сафед хост.
Дар маркази Файзобод пашша пар намезанад. Ҳама ҷо тип-торик. Соат 00:50. Танҳо дари мағозае кушода аст. Аз ҷониби автовокзал муйсафеде назди мо меояд (намедонам шояд қаровули ин ҷо буд). Пурсидем, ки бобоҷон мо Роғун рафтан мехоҳем, ягон мошин метавонем пайдо кардан? Гуфт, Худо медонад. Ману Қурбон ба ҳар сурат назди чанд мошине рафтем, ки дар роҳ ба сӯйи беморхонаи Файзобод меистоданд ва садои мусиқӣ аз онҳо баланд мешуд. Гуфтем, мо бояд ба Роғун равем, дар ин наздикиҳо хонаи кадом як ронандаи таксӣ нест? Гуфтанд, агар бошад ҳам, дар ин поси шаб касе шуморо Роғун намебарад. Баргашта вокзал омадем. Гулбаҳор «ғур-ғур»-кунон нону ҳасиб мехӯрд (Носирҷон аз ягона мағозаи боз обу нону ҳасиб харидааст). Гуфтам «ҳамааш хуб мешавад». Чашмонаш барқ заданду овоз дод, ки чӣ гуна нағз мешавад? Пешниҳод кардам, ки агар ҳамагӣ 1000 метр пиёда роҳ гардем, аз марказ мебароем ва ба роҳи самти Роғун мерасем. Он ҷо шояд кадом як мошини роҳгузарро нигоҳ медорем. Ба ҳамсабақони хушбахтамон, ки аллакай дар Роғун расидаву пелмен тановул мекарданд, занг задем. Ҳамсабақамон Мӯъминшо, ки бо даъвати ӯ ба Роғун мерафтем, гуфт, ки мошинеро барои овардани мо фиристодаанд. Мӯъминшо Тоиров мудири шӯъбаи фарҳанг ва иттилооти дастгоҳи раиси шаҳри Роғун аст. То омадани мошини ваъдагӣ бекор нашинем гуфта, пиёда ба пеш ҳаракат кардем ва ҳудуди 5 километр қадам задем. Жигулии сап-сафед наздамон истоду ҳамагӣ ба он нишастем.

Мо дар Роғун
Соат 2:30 буд, ки вориди толори барҳавою зебо таъмирдидаи қасри фарҳанги шаҳри Роғун шудем. Ҳамсабақони қаблан омадаамон, аллакай чашм молидаву дар орзӯи хоб буданд. Пешхизмати хеле меҳрубон бароямон пелмен овард…
Соат 3:10 шуд ва сӯйи меҳмонхонаи шаҳри Роғун роҳ гирифтем. Худоё, аҷаб ҳавои тозае… Мо, ки дар Душанбе шабу рӯз аз гармӣ ҳолу мадоре надоштем, ҳарчӣ бештар нафас мекашидем. Боди фораме мевазид, ончунон роҳат, ки… Соати расо 5:00 садои телефон бедорам кард. Бинам, Зебуниссо, ки ҳамроҳи духтарон дар қабати дигари меҳмонхона буданд, занг мезанад. Аллакай, Умараливу Қурбон дасту рӯ шӯставу аз ҳар боб сӯҳбат мекарданд. Ман назди тиреза рафтам, то аз ҳавои Роғун нафас бигирам.
Қадамзанон то ба Қасри фарҳанг омадем. Мошини сохти хитоие роҳҳои мошингардро об мепошид. Аҷабо. Дар Душанбеи пойтахт мошинҳои обпошро танҳо қабл аз омадани кадом як меҳмони иззатманд дидан мумкин аст…
Мудири шӯъбаи фарҳанги шаҳри Роғун Маҳмадназари Аминиён бо чеҳраи кушода пешвозамон гирифт. Бароямон қурутоб оварданд, оҳ чӣ қадар бомазззааааа. Ин қурутоб аз қурутобҳои ошхонаҳои Душанбе ба куллӣ фарқ дошт, зеро онро бо қурут тайёр карда буданд.
Чанд лаҳза дар сӯҳбати Аминиён нишастем ва аз пешравиҳои бахши фарҳанги шаҳр қисса кард. Ба гуфтаи ӯ дар шафати Қасри фарҳанг боғи фарҳангу фароғат бунёд меябад. Он ҷо кор дар ҷӯш буд. Дар рӯ ба рӯ бошад, китобхонаи наву замонавӣ сохта хоҳад шуд. Барои бунёди он маблағ ҷудо шудаву рӯзҳои наздик корҳои сохтмонӣ оғоз мегардад.
Гуфтанд, ки раиси шаҳри Роғун мехоҳад бо мо сӯҳбат кунад. Ба ростӣ, тааҷҷуб кардем, охир аввалин бор буд, ки мешунидем, раиси шаҳре хоҳиши дидор бо журналистонро дошта бошад. Гузашта аз ин, охир ин рӯз-ку якшанбе, рӯзи истироҳат аст. Мӯъминшо гуфт, ки дар мо рӯзи истироҳат нест. Қадамзанон сӯи бинои ҳукумати шаҳр роҳ гирифтем. Дар роҳ медидем, мардум назди ҳавлиҳошонро мерӯфтанду тоза мекарданд. Роҳҳо тозаву озода, ҳаво салқину форам…

Дар сӯҳбати раиси шаҳр
Сӯхбати мо бо Исматулло Зайдов хеле озоду самимӣ сурат гирифт. Қариб перомуни тамоми масъалаҳо суолу ҷавоб шуд. Гуфтем, агар як рӯз қабл меомадем, шояд зимни қабули шаҳрвандон дар ҳузури раиси шаҳр ширкат меварзидем. Исматулло Зайдов гуфт, ки қабули шаҳрвандон дар Роғун шояд яке аз усулҳои демократитарин бошад. Зеро он бо ширкати тамоми масъулини идораҳои дахлдори шаҳр сурат пазируфта, мардум хостаҳову пешниҳод ва шикоятҳояшонро иброз медоранд. Дар натиҷа, ба масъулини дахлдор барои ҳалли мушкилиҳо супориш дода мешавад. Расо баъди 1 ҳафта нахуст аз корҳои анҷомшудаи ҳафтаи қабл натиҷагирӣ шуда, пасон муроҷиати навбатии шаҳрвандон оғоз мешавад.
Раиси шаҳри Роғун мегӯяд, ҳеч як аҳолии шаҳрро мушкили замин азият намедиҳад.
Аз сӯҳбатҳои раис маълум гардид, ки барои аҳолии Роғуншаҳр мушкили асосӣ алъон дастрасӣ ба об аст. Исматулло Зайдов афзуд, тибқи тавофуқнома бо як ширкати эронӣ қарор аст, то охири соли равон мушкили дастрасӣ ба оби ошомидании Роғун ба пуррагӣ ҳалли худро пайдо кунад. Бо ин мақсад дар аввал таъсиси як обанбор, бо иқтидори ғунҷоиши 2 миллион кубаметр об дар назар дошта шудааст.
Аммо бо ин вуҷуд дар шаҳри Роғун сокинони биноҳои баландошёна мисли Душанбе аз оби ошомиданӣ мушкил надоштаанд.
Аз дигар нақшаҳои шаҳрдорӣ, ки бояд дар наздиктарин фурсат мавриди амал қарор бигирад, таъмири роҳи мошингард аст, ки ҳудуди 10,5 км-ро ташкил медиҳад. Ин роҳ шаҳрро бо роҳи асосӣ, ки аз сӯйи чиноиҳо таъмиру таҷдид шудааст, мепайвандад.
Сӯҳбати мо сари корҳои барқарорсозии НБО «Роғун» рафт. Ба қавли Исматулло Зайдов алъон корҳои барқарорсозӣ дар нерӯгоҳ босуръат идома дошта, мушкили боздошти вагонҳо дар қаламрави ӯзбекистон ҳам ба ҷараёни ин корҳо халал ворид насохт.
- Мо захираи дусолаи масолеҳи сохтмониро барои НБО «Роғун» дар ихтиёр дорем, аз ин рӯ, мушкили вагонҳо низ ҳатто барои як соат корҳои барқарорсозии нерӯгоҳро ба қафо намонд.
Дар ин зимн, раиси шаҳри Роғун гуфт, ки дар шаҳр мизони бекорӣ, умуман, вуҷуд надорад. Таъсиси Коллеҷи техникӣ, ки барои нерӯгоҳ мутахассис омода месозад, дар ин раванд нақши муассире доштааст.
Раиси шаҳр мегӯяд, ба масъалаи тозагии шаҳр диққати ҷиддӣ дода мешавад. Номбурда дар ин зимн аз як таҷриба қисса кард. Гуфт, дар кадом як кишвари хориҷӣ ҳузур дошт ва таҷрибаи хуберо барои аҳолии маркази шаҳри Роғун овард. Дар аввал аз ҳисоби маблағҳои шаҳрдорӣ ба миқдори зиёд бастаҳои селофании якдафъаина харидорӣ шуда, ба аҳолии шаҳр тақсим шудааст, то партовҳои худро даруни он андохта ба партовҷо биёранд. Баъди ба ин кор одат кардани аҳолӣ ба онҳо гуфта шудааст, ки акнун худатон чунин бастаҳоро харидорӣ кунед. Ба гуфтаи Исматулло Зайдов алъон дар шаҳр се мошини партовбар ба таври мунтазам фаъолият мекунанд.
Ба гуфтаи раис дар майдони 1,5 га замин боғ бунёд мешавад. Ин маърака аз тариқи ҳашар ҷараён хоҳад гирифт, корҳо дар ин самт, аллакай шакл гирифтаанд. Тибқи лоиҳа дар миёнаи ин боғи зебо майдони варзишӣ сохта мешавад.
Яке аз нақшаҳои дигар, ки дар наздиктарин фурсат бояд амалӣ шавад, таъмири лифтҳои биноҳои баландошёна аст. Дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Роғун танҳо лифтҳои беморҳонаи марказӣ фаъоланд. Бо ин ҷумла мо низ бо раиси шаҳр хайрухуш кардему сӯйи беморхона роҳ гирифтем.

Шаҳри энергетикҳо ба духтури гушу чашму гулӯ ниёз дорад
Табобатхонаи марказии Роғун бинои панҷқабатаи зебое буда, дар қисмати шарқии шаҳр ҷойгир аст. Аз сӯйи кӯҳҳои на чандон дуртар аз рӯ ба рӯйи беморхона боди салқину фораме мевазад. Кадоме аз ҳамроҳонамон гуфт, ки бемор вақти ба ин ҷо омадан аз ин манзараву ҳаво шифои комил меёбад. Кормандони табобатхона моро вақти ба бино наздик шудан пешвоз гирифтанд. Сардухтурро суроғ кардем. Гуфтанд, дар ошёнаи дуюм аст. Бонуи миёнасоле, ки худро масъули нигоҳубини лифтҳои беморхона муаррифӣ кард, моро даъват кард, то ба лифт дароем. Дар ошёнаи дуюм дар сӯҳбати сарпизишк нишастем. Маҳмадалӣ Нуралиев гуфт, ки таъмири лифтҳои беморхона - ҳам боркаш ва ҳам лифти одамбар бисёре аз мушкилиҳоро осон кардааст. Ба қавли вай, лифтҳо ба маблағи 55 ҳазор сомонӣ таъмир шудаанд.
Нуралиев афзуд, алъон марказҳои саломатӣ (21 адад), шӯъбаҳои ёрии таъҷилӣ (2-то) ва бунгоҳҳои тиббии шаҳр ба пизишкони чашм, гӯш, гулӯ ва асабшинос ниёз доранд.
Вай гуфт, 3 мошини ёрии тиббӣ пайваста дар хизмати мардум мебошад. Таъмини беморон бо хӯроки гарму ройгон низ ба роҳ монда шудааст. Маҳмадалӣ Нуралиев мегӯяд, бештари онҳое, ки муроҷиат мекунанд, аслан аз касалии роҳи нафас, махсусан, кӯдакон шикоят мекунанд. Ҳамчунин, теъдоди афроди осебгирифта аз ҳисоби сохтмончиёни НБО «Роғун» низ кам набудааст.
Сардухтур, ҳамчунин, вазъи гирифторӣ ба бемории ВИЧ-СПИД-ро дар шаҳр нигаронкунанда нахонд. Вай гуфт, дар ҳудуди шаҳри Роғун, ки 35 ҳазору 800 нафар аҳолӣ дорад, ҳамагӣ се гирифтори ВИЧ-СПИД ба қайд расида буд. Аз ин теъдод, ки ҳамагӣ муҳоҷири меҳнатӣ будаанд, 2 нафарашон (зану шавҳар) фавтидаанд. Як нафари дигар алъон дар зери назорати табибон қарор дорад.

Оби гармҷон, оби гарм
Ҳамсабақам Мӯъминшо пешниҳод кард, ки ба шаҳраки Оби гарм равем. Оби гарми он ҷо ба саломатӣ фоидабахш аст. Ҳамагӣ розӣ шудем. Сабукравҳо бо роҳи қаҷу килеб моро аз маркази шаҳр ҳарчӣ дуртар мебурданд. Ба шаҳраки Оби гарм расидем. Моро ба Осоишгоҳи мавсум ба «Санавбар» даъват карданд. Директори осоишгоҳ Заробиддин Зардов бо чеҳраи кушод моро пешвоз гирифт. Маълум гардид, ки мо аввалин нафароне ҳастем, ки баъди таъмиру тармими осоишгоҳ ин ҷо омадаем. Расми ба истифода додани Осоишгоҳи «Санавбар» фардо сурат мегирифтааст. Духтарон ба блоки занона рафтанд. Мо ба бахши мардона. Сардухтури Осоишгоҳ Неъматҷон Шарифов қабл аз ворид шудан ба ҳавзи оби гарм қоидаҳои истифода аз ин оби табииро фаҳмонд. Ба гуфтаи вай ҳарорати ин оби гарми табиӣ ба 45 дараҷа мерасад.
Бо ҳисси кунҷковии журналистӣ аз биноҳои муолиҷавӣ ва утоқҳои хоби осоишгоҳ дидан кардем. Блоки муолиҷавӣ бо таҷҳизоти ҷадид ва муосир муҷаҳҳаз буда, дорои тамоми шароитҳост. Бинои дуқабатаи хушсохте барои ҷои хоби истироҳаткунандагон будааст. Намунаи онро ҳатто дар филмҳо низ тасаввур намекунед. Утоқҳои барҳаво ва зебову озода. Ба фарқ аз дигар осоишгоҳҳо ин ҷо кӯдаконро низ қабул мекунанд. Барои онҳое, ки бо кӯдаконашон мераванд, ҷои хоби алоҳида аст.
Тибқи иттилои сардухтур Неъматҷон Шарифов, осоишгоҳ дар як вақт 80 нафарро қабул мекунад ва нархаш низ бо маслиҳати роҳбарон барои мардум мувофиқ хоҳад буд. Ошхонаи осоишгоҳ низ муҷаҳҳаз бо тамоми асбобу анҷоми лозимӣ буд. Ба гуфтаи масъулон тамоми масолеҳу таҷҳизоти осоишгоҳ аз Туркия оварда шудааст, ки босифат ва мувофиқи табъ аст. Дар навбати аввал, баъди ба истифода додан, 80 нафар сохтмончии Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» дар ин ҷо истироҳат кардаву муолиҷа хоҳанд гирифт.
Ҳамсабақон ба соатҳо менигаристанд. Вақти рафтан шуд, то Душанбе зиёдтар аз 110 км. Касе ҳавасманд нест, ки бозгаштамон ҳам таърихи омаданро дар худ шакл бидиҳад, харчанд барои ҳамсабақони ман сафарҳои таърихӣ хеле писанд аст. Вале директори осоишгоҳ Заробиддин Зардов ҳеҷ розӣ нашуд, ки мо оши палови бо дастони худаш пӯхтаро тановул нокарда равем. Оҳҳҳҳ, чӣ лаззате… Баъди хӯрдан даст ба рӯ бардоштаву омин кардем ва бо аҳли осоишгоҳ хайру маъзур. Бори охир ба ҳавзи оби гарм нигаристем. Муъминшоро он ҷо гузоштему савори ду мошини сабукрав роҳи Душанберо пеш гирифтем. Аз дарвозаи шаҳри Роғун берун мешудем ва ҳама дастҳоро афшондаву Роғуну роғунакиҳоро хайр мегуфт. Роғунҷон мо ҳатман боз меоем. Ба хотири ҳавои тозаву озодааст, ба хотири мардуми меҳмоннавозу оби гармат, хайр!!!

Абдулазизи Восеъ,
Умаралии Сафаралӣ, Душанбе-Роғун-Душанбе