20 мая 2010 г.

ЯК РЎЗИ ҶАВОНӣ

Ҳамасола 23 май дар кишвар Рӯзи ҷавонон таҷлил мешавад.

Бори аввал ин рӯз бо пешниҳоди Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон соли 1999 ҷашн гирифта шуд. Як сол қабл аз ин дар вохӯрӣ бо ҷавонон Президенти мамлакат Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати ҷумҳуриро таъсис дода, 23 майро Рӯзи ҷавонон эълон кард. Баъдтар ин рӯз васеътар ҷашн гирифта шуд. Яъне, ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ аз 15 то 23 май Ҳафтаи ҷавонон таҷлил мешавад. Дар вилояти Хатлон имсол «Як моҳи ҷавонӣ» эълон шудааст, ки аз 17 апрел оғоз шуда, 23 май ҷамъбаст мегардад.
Воқеан, Тоҷикистон давлатест, ки аксари аҳолиашро ҷавонон ташкил медиҳанд. Инчунин, ободгару номбардори Ватан низ маҳз ҷавононанд. Бисёр хурсандиовар аст, ки ҷавонони кишвар дар чорабиниҳои гуногуни ҷаҳонӣ иштирок карда, шарафи Тоҷикистони азизро баланд мебардоранд.
Чанде пеш хонандагони гимназияи «Ҳотам ПВ» аз олимпиадаи байналмилалӣ 6 медал оварданд, шогирдони гимназияи тамоюли иқтисодидоштаи Донишгоҳи тиҷорат низ аз Туркия бо се медали тилло баргаштанд.
Ду ҳафта қабл бошад, дар вилояти Суғд машқҳои муштараки низомии кишварҳои узви СПАД доир гардид, ки сарбозони тоҷик дар машқҳо маҳорати баланд нишон доданд.
Ҷавонони варзишгари кишвар низ сол то сол дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ иштироки фаъолона карда, ба комёбиҳо ноил мегарданд. Рустам Боқиев чанд рӯз пеш дар Қоҳира дар гӯштини дзю-до Қаҳрамони ҷаҳон шуд. Дастаи футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бошад, дар мусобиқа барои дарёфти Ҷоми раиси КФО дар се бозӣ ғолиб омада, ба дарвозааш ягон гол сар надод ва ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифт. Трамоҳи ҳамин сол дастаи футболи 17-солаҳои кишвар дар Ҷоми ҷаҳон ширкат хоҳанд кард.
Соҳаи туризм низ, ки як бахши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳаст, такя ба ҷавонон дорад. Туризм дар ҷумҳурии мо акнун рушд мекунад. Сардори давлат дар Паёми имсолааш ба Маҷлиси Олӣ дар бобати тараққӣ ёфтани соҳа махсус зикр кард. Барои қабули сайёҳон кадрҳои забондон ва хушмуомила лозиманд, ки ин кор танҳо аз дасти ҷавонон меояд.
Хуллас, Тоҷикистон умед ба ҷавонон дорад ва ҷавононро лозим аст, ки ин умедро барбод надиҳанд.

Ин рӯзи ҷавонӣ бар Шумо муборак бошад!

Комментариев нет:

Отправить комментарий