19 дек. 2009 г.

Як сол дар артиш

ОБЛАВА
21 ноябри соли 2008. Рўзи љумъаи муборак. Субњи барваќт, таќрибан, соатњои 6 барои пешвоз гирифтани бародарам, ки аз Русия меомад, роњ сўи аэропорт гирифтам. Базўр наќлиёт ёфтаву расидам, ки бародарам кайњо омадаву мунтазири ман аст.
Бо бародарам ба истгоњ омадем. Њамин замон 5-6 нафар бо либосњои мулкї ва салобат наздам омаданду пурсупос карданд. Баъди он ки фањмиданд хизмати њарбї накардааму кафедраи њарбї њам нахондаам, ба «Газел»-е, ки дуртар аз онњо меистод, саворам карданд. Дар дохили «Газел» майёр, ки номашро Саид мегуфтанд ва як љавони дигар низ нишаста буданду саволу љавоб доштанд. Маро низ пањлўяш љо дод. Њарчанд гуфтам, ки ман иљрокунандаи сармуњаррири рўзномаи «Љавонони Тољикистон» њастам (он ваќт сармуњаррир С. Асоев дар сафари хизматї, берун аз кишвар буданд), бояд ин њафта рўзномаро нашр кунам, аммо суханонам бењуда буданд. Гўё онњо чизеро намешуниданд. «Газел» бошад, бо истифода аз нишони хатсайри 15 љавононро љамъ меовард. Њамин тариќ, дар як «рейс» 10 нафар љавонро дастгир карданд. Ба комиссариати њарбии ноњияи Шоњмансур бурданду телефонњоямонро љамъ карда гирифтанд, то мо ба касе нагўем, ки моро дастгир кардаанд. Дар як хонача, ки хеле хунук буд, љоямон карданд. 14 нафар шудем, ки танњо 1 нафар ихтиёрї омада буд. Он њам бо иддаои он ки назди бародараш равад. Дар байнамон як нафар буд, ки телефон дошт. Гўё пинњонї дароварда буд. Ва њамаи дастгиршудагон бо њамон телефон ба наздикону шиносњояшон занг мезаданд, ки халосашон кунанд. Њамин тариќ, аз назари духтур њам гузарониданд. Њангоми дар Дармонгоњи №2-и пойтахт буданамон яке аз дастгиршудагон аз ошёнаи дуюм паридаву гурехт. Бегоњї бошад, комиссияи љумњуриявї сарбозонро аз назар гузаронид. Њаво хунук буд. Сарбозони оянда, ки тани урён буданд, машаќќати хизмати њарбиро аллакай эњсос мекарданд.
Азназаргузаронии тиббї низ аљиб буд. Фаќат мепурсиданд, ки масалан, «шикоят дорї?» ва табиист, ки њар нафар тансињат будан ё набуданашро намедонад ва «шикоят нест» мегуфтем. Акнун, баъди муоинаи духтурон, љавонони «солим»-ро људо карданд. Як њуљраи дигар, ки хеле калон ва хунук буд, љои сарбозони оянда њисоб меёфтааст. Нафароне он љоро зиёрат мекарданд, ки аниќ хизмати њарбї мераванд. Ва аз 14 нафар танњо 4 нафар мондем. Дигаронаш бо њар восита љавоб шуданд. Баъдтар маълумамон гашт, нафаре, ки телефон дошт, одами худи комиссариат будааст.
Торикї фаро расид. Мо рўзи дароз чизе нахўрда будем. Субњ нањорї нокарда баромада, нисфирўзї низ ба мо чизе надоданд.
Ман, ки дар ноњияи Вањдат ба ќайд гирифта шуда будам, дар чанд соат дар комиссариати њарбии ноњияи Шоњмансур бароям њуљљат тартиб додаву аз њамин комиссариат ба хизмати њарбї гуселам карданд. Бо њамин, моро њамон шаб ба Комиссариати њарбии љумњуриявї бурданд.
Дар Комиссариати њарбии љумњуриявї љавонони зиёде љамъ шуда буданд. Дар як хобгоње бо бадтарин шароит. Баъзе љавонон дар ин љо њафтањо хоб мекардаанд. Чиркин, мўйи сару ришашон расидагї. Ин љо низ ба дастгиршудагон хўрок намедодаанд. Хешу таборашон њамарўза ба хабаргириашон меомаданду хўрокашонро меоварданд. Љои хоб намерасид. Дар як љои хоб то се нафар, рўбарў шабро рўз мекарданд. Дар њамон як хона њам њољат мекарданд, њам даст мешўстанд ва њам хўрок мехурданду хоб низ мекарданд. Дар бўю тафе, ки дошт, њамаи истиќоматкунандагонаш одат карда буданд. Ба њољатхона, ки пушти дари њуљра буд, фаќат соатњои муайяншуда метавонисти дарої. Дар як шабонарўз 3 маротиба. Хуллас, аз зиндон монданї надошт. Њатто бо наздиконат аз паси панљара сўњбат мекардї. Ва дар њамин шароит се шабонарўз зиндагї кардем. Ба ќавли бошандагони ин макон хизмат аз њамин љо оѓоз мешавад. Чанд сарбозе, ки хизмати њарбиро дар њамин комиссариат адо менамуданд, аз сарбозони оянда, пулњояшон ва либосњояшонро мегирифтанд.

Роњ ба сўи ќисмњои њарбї
24 ноябри соли 2008. 24 нафарро људо кардаву ба вилояти Суѓд фиристоданд. Як афсар, ки худро корманди Вазорати мудофиа муаррифї кард, моро роњбалад буд. Ва њамаи моро бе шиносномаи хориљї ба ќатораи самти Душанбе-Хуљанд савор карданд. Дар ваќти аз постњо гузаштан роњбалад билетњои њарбиамонро дар дастамон медоду баъди гузаштан љамъ карда мегирифт.
Роњбаладамон, ки як марди орому ботамкин буд, њељ чизамон намегуфт ва њар коре, ки мехостем мекардем. Мо барои онњо лозим будем. Шояд барои њамин гапи сахтамон намегуфтанд. Дастгиршудагон низ аз ин ботамкинии роњбалад истифода бурданд. Ду нафар худро аз ќатора њаво доданд як нафари дигарашро бошад, бо сабаби дар билети њарбї акси худаш набудан дар яке аз истгоњњои Љумњурии Ўзбекистон аз ќатора фароварданд. Дар Комиссариати њарбии ноњияи Рўдакї дар билети њарбиаш ба љои сурати худаш акси каси дигарро часпондаанд.
25 ноябри соли 2008 мо ба шањри Хуљанд расидем. Роњбалад моро ба соњибонамон, ки ба пешвозамон омада буданд, супорид.

Оѓози хизмати њарбї
Аз 21 нафар 8 кас ба ќисми низомии 14356, ки дар ноњияи Бобољон Ѓафуров воќеъ аст, рафтем. Боќимондањо ба ќисмњои низомии дигари вилояти Суѓд таќсим шуданд. Соат таќрибан 16 буд. Акнун мо зери назорат будем ва барои он ки нагурезем, танњо ба њељ куљо љавоб намедоданд. Шаби аввалро дар ќисми њарбї рўи фарш гузаронидем. Љои хоб набуд. Рўзи дуюм оббозї кардему либоси њарбї ба бар кардем. Шаби дуюмро низ бо азобе, дар ду кат се нафар, рўз кардем. Дар рўзи сеюм, баъд аз назари духтур гузаштан, ба ќисми низомии 07746 интиќол ёфтем. Ин ќисми низомї тобеи ќисми низомии 14356 буд. Яъне, иљоранишин дар ќисми низомии 14356.
Воќеан, аз назаргузаронии тиббии ќисми низомї низ айни њамон азназаргузаронии духтурони комиссариати њарбї буд.

Мањалгарої дар ављ
Одами нав. Ва ба њар сарбозе, ки наздик мешудем, аввалин чизи мепурсидагиаш њамин буд: «Аз куљої?» Њар нафаре њамшањриашро мекофт. Ва агар њамшањрињоят аз њисоби сарбозони яксолаву якунимсола бошанд, пуштибонат мешуданд. Дигар касе ѓамат намедод. Аммо агар њамшањриат ягон нафаре аз онњоро дар ваќташ зада бошад, акнун ту шатта мехўрї.

Хизмати њарбї
Андешоњое, ки гўё дар хизмати њарбї мезананд, азоб медињанд, њар яки мо наврафтагонро мушавваш сохта буд. Тарсида мегаштем. Тарс аз он ки назананду маибамон накунанд. Њамин тавр, рўзњову њафтањо паси сар мешуданд.
Фањмидем, ки чанд соли охир Прокуратураи њарбї барои пешгирї кардан аз њар гуна њодисањо аз њоли сарбозон зуд-зуд хабар мегирифтаанд. Барои њамин њам, ба ќавли маъмул «дембл»-њо эњтиёт мекарданд. Аммо шатта нохўрда њам намешавад. Он љо хонаи модарат нест, ки саратро сила кунанд. Дар хизмати њарбї зиндагии умумї аст. Њама як љо хоб мекунанд, як љо хўрок мехуранд ва ѓ. њ. Барои њамин љои хобу њудуди ротаву ќисми низомиро тоза карданд лозим аст. Ва табиист, ки њељ ваќт «молодой» истода, «дембл» кор намекунад. Њамин љо, агар аз кор саркашї кардї шатта мехўрї, хоњ аз сарбозони аз ту пештар рафтагї, хоњ сержант ва хоњ афсар.
Албатта, баъзе њолатњое њам мешавад, ки сарбозон бо якдигар љанљол мекунанд ва кор то маъюбшавї мерасад. Масалан, тобистони њамин сол ду сарбоз бо њам љанг мекунанд. Як нафараш шашмоња, дигари якунимсола. Њини ин задухўрд якумї лат хўрда маиб мешавад. Х….аш мекафад. Ва њам мефањмидем, ки дар дигар ќисмњои низомї сарбозон якдигарро паррондаанд. Моњи октябр бошад, аз шањри Душанбе тобути ду сарбозро, ки бояд љавоб мешуданд, ба ноњияи Бобољон Ѓафуров бурданд. Яъне, сарбозон аз беэътиної нисбат ба њамдигар ба чунин корњо даст мезананд.
Вазъи фароѓати сарбозон хуб аст. Телевизору DVD, ќариб дар њар як ротаву баталён њаст. Ва сарбозон дар ваќти холигиашон аз он истифода мебаранд. Ба њолати гигиении сарбозон низ эътибор дода мешавад. Њар њафта ё дар ду њафта як маротиба љињози љои хоби сарбозон иваз карда мешуд. Либоси тагпўшашон низ њамчунин. Аммо њамаи ин дар ќисми низомии 07746 аст. Мешунидем, ки дар дигар ќисмњои низомї ба сарбозон он ќадар ањамият намедињанд.

Беобї - мушкили раќами 1-и ќисми низомии 14356
Ќисми низомии 14356, ки дар маркази ноњияи Бобољон Ѓафуров воќеъ аст, дар фасли зимистон аз беобї танќисї мекашад. Шуда буд, ки мо њафтањо даст нашўста будем. Кор мекардем, њољатхона мерафтем ва њам хўрок мехўрдем. Дасти ношўста. Барои сарбозон аз обе хўроку нон мепўхтанд, ки дар зиндагии мулкї он обро танњо барои либосшўї истифода мекарданд. Њатто баъзан аз мањаллаи наздики ќисми низомї рафта, бо хару ароба об мекашидем.
Дар тобистон оби љўйборњо фаровон аст, яъне, барои сару рўй ва либосшўї сарбозон аз об танќисї надоштанд. Њар ваќте мехостанд, оббозї мекарданд. Аммо оби тоза танњо сањару бегоњ меомад. Лимит буд.
Хуллас, мешавад, ки Њукумати ноњияи Бобољон Ѓафуров ё худи ќисми низомї дар фасли зимистон бо мошинњои обкаш обро захира карда, истифода баранд.

Хўрокї сарбозон
Сарбозон ду сол фаќат «прилофка»-ву «сечка» ва макароншурбову нахўдшўрбо мехўранд. Рўзњои ид бошад, ош мепўхтанд. Сањару бегоњ чойи ширин ва гоњ-гоњ шир медоданд. Равѓани маска, ки бояд њар рўз ба сарбозон дода шавад, ман дар як соли хизматам як моњ хўрдаам. Афсарон њам зиндагї доранд. Онњоро њам фањмидан даркор. Бо 400-500 сомонї зиндагї кардан мушки ласт, ба њар њол. Тобистони бо мошин тарбуз оварданд. Ва худи сарбозон мошинњоро холї карданд. Аммо аз он тарбузњо дарак нашуд. Шояд пўсиданд.

Войи забони ман!
Соњаи њарбї шояд ягона соњае бошад, ки тамоми терминњояш бо забони тољикї тарљума шудааст. Аммо дар Ќуввањои Мусаллањ тамоман як забони дигар аст. Не тољикї асту не русї. Масалан, як майёр доштем, ки мегуфт: «Баробар шав, отставит» ё сержантњо мегўянд: «Полный шаг, таваљљўњ ба рост (чап)». Хулоса њамин гуна мисолњо зиёданд. Сари њар ќадам вомехўред.
Танњо командири ќисми низомї подполковник Сайвалиев буд, ки бо забони тозаи тољикї сухан мекарду фармон медод. Ва аз њамаи афсарону сержантон низ талаб мекард, бо забони тољикї кор баранд.

Беќадрии «ДМБ»
Хизматро тамом кардї, он ќадар беќадр мешавї, ки ногуфтанї. Барои он ки аз ќисми низомї љавобат дињанд, бояд аввал «демблскый аккорд» занї. Яъне, бояд пеш аз омаданат ягон гўшаи ќисми низомиро ё таъмир кунї ё созї. Њамаи ин аз пули худат. Аз куљое меёбї, кори фармудаашонро иљро мекунї, баъд љавобат медињанд.
Ман, хушбахтона, коре накардам, ба ѓайри он ки 20 сомонї барои таъмири хонаи хизмати маишии сарбозон додам.
Рўзи љавоб шуданам бошад, танњо командири рота, гуселам кард. Он њам то беруни ќисми низомї. Њамин тариќ, рўзи 18 октябр ман ва 16 нафари дигарро 50 сомонигї дода, бо ќатора гуселамон карданд. (Аммо дар ќонун ду њадди аќќали маош муайян шудааст, ки 120 сомониро ташкил медињад). Як капитан, мутаассифона ному насабашро намедонам, роњбаладмон буд. Боз 20 нафари дигар аз ќисмњои њарбии дигари вилояти Суѓд бо мо њамроњ шуданд. Ва омадем ба сарњади Тољикистону Ўзбекистон. Пости Бекобод. Ин љо баъд аз тафтиш маълум шуд, ки 10 билет намерасад. Ва бо кашокашу талошњои зиёд 10 нафарро аз ќатора фароварданд. Роњбаладамон низ бо он 10 нафар фаромад. Дар пости даромади Ўзбекистон бошад, дар њуљљатњои як њамроњамон хатої ёфтанд. Навишта шуда буд, бояд 18 октябр дар комиссариати њарбии љои зист ба ќайд гирифта шавад, аммо њамон рўз 18 октябр буд. Ин љо бо 200 сомонї хатояшро ислоњ карданду љавобаш доданд. Дар чанд пости дигар низ, аз мо – «дембл»-њо 5 сомонию 10 сомонї талаб мекарданд. Мо, ки бе роњбалад будем, чораи дигар надоштем. Ва бо азобе ба Ватан расидем. Гўё мо дар ким кадом кишвари дигар хизмати њарбиро анљом додем, ки барои ба Ватан расидан, роњи якунимшабонарўзиро бо љумњурињои Ўзбекистону Туркманистон тай кардем. Хуллас, ваќте дар Душанбе расидем, соат 1-и 20 ноябр буд.
Баъди як рўз тибќи роњхати ќисми низомї барои ба ќайд мондан ба Комиссариати њарбии шањри Вањдат рафтам. Ин љо ба ман гуфтанд, ки ту аз Комиссариати њарбии ноњияи Шоњмансур ба хизмати њарбї сафарбар шудаї, њамон љо раву маълумотнома биёр, баъд дар ќайд мемонем.
Комиссариати њарбии ноњияи Шоњмансур рафтам. Дарњо пўшида, њељ кас њуќуќи даромадан надорад. Маро њам, ки гуфтам барои ќайд мондан омадаам, касе нигоњ намекард. Хайрият як корманди ин комиссариат маро шинохту омада аз ањволам пурсид ва корамро буд кард. Гашта ба Комиссариати шањри Вањдат рафатам. Он љо гуфтанд, ки дар ќисми низомї билети њарбиамро дуруст пур накардаанд. Раќами ихтисосамро нанавиштаанд (ВУС). Акаи Идибек, масъули њамин корњо гуфт, раќамро меёбаму билети њарбиро пур мекунам, баъд телефонат мекунам, омада билети њарбиро мегирї. Њамин тавр, ќариб як моњ гузашт, аммо аз акаи Идибек дарак нашуд. 18 ноябр боз ба Комиссариати њарбии шањри Вањдат рафтам. Ин бор на акаи Идибек, масъули дигаре њуљљатњоямро тахт кардаву љавобам дод. Њамагї ним соат ваќт сарф шуд.
Хулоса, андеша кардам, ки баъди тамом кардани хизмати њарбї дигар ба ин комиссариатњо лозим нестї. Комиссариати њарбии ноњияи Шоњмансур буд, ки маљбур ќапида, дар як рўз њуљљат тартиб дода, ба хизмати њарбї гуселам кард, аммо барои ба ќайд мондан ваќт надоштанд. Њама боз њам як «Газел» дар ихтиёрашон љавононро љамъ меоварданд – «ОБЛАВА».

Хулоса
Акнун фикр мекунам, бо њар роње набошад, бояд љавонон ба хизмати њарбї раванд. Ватанро њимоя кардан мебояд. Ва агар облава накунанд њељ кас хизмат кардан намехоњад. Аз 80 нафаре, ки дар як баталён хизматро пеш мебурдем, 90 фоизаш ба воситаи «облава» сафарбар шуда буданд.
Аммо барои њалли ин проблема роњи њал вуљуд дорад. Мешавад, дар муассисањои давлатию љамъиятї љавононро бо билети њарбї ќабул кунанд. Дар ин њолат њамагї – њам писари дењќон ва њам писари вазиру раис ин ќарзи шањрвандиашонро ба љо меоранд. Ва њам љавонони солимро ба хизмати њарбї сафарбар мекунем.
Воќеан, бо мо як љавоне хизмати њарбиро адом екард, ки касалии љунун дошт. Вай умуман, ротаашро намешинохт ва рўзи дароз бењуда мегашт. Ва њам нафароне њастанд, ки аз аввал ба беморхонаи њарбї мераванду аз њамон љо хизматро тамом мекунанд. Баъзеаш, ки базўр роњ меравад, хизматро пеш бурда истодаанд.
Андешае, ки гўё ду соли умрат бењуда мегузарад, дурўѓ аст. Хизмат њоло њам мактаби мардонагї аст. Бисёр чизро ба љавонон меомўзонад. Муњимтар аз њама мо ба љанг омода мешавем ва дар ваќти љанг (Худо нишон надињад) Ватанамонро њимоя мекунем. Муњим њамин аст!

Сержант Умаралии САФАРАЛЇ

Комментариев нет:

Отправить комментарий