21 дек. 2009 г.

дар хошияи акс




Ин аксро аз чавонии худ дар "Дунё"-и (мой мир) Назир дарёфтам. Ачаб аксе! Ачаб дунёе. Зиёд шод шудам, болидам, мисле ки дар ин шахри хамеша тираи Прага нихоят хуршед тулуъ кард, равшании осмон дидам, самои нилгун.
Ин акс маро дар дунёи чанд соли пеш зинда кард, дунёе, ки хеле поктар аз дунёи имрузии ман аст.
Худам хам тасаввур намекардам, ки ба ин хадд пазмони даврони донишчуии худ шудаам. Ба назар, ин кадар фосилаи бузург аст миёни имрузу дирузи мо.
Дирузе, ки "тиллои" буд.
Дирузе, ки дар нисбаташ бекадри кардем.
Дирузе, ки дируз дуруст дусташ надоштем.
Дирузе, ки натавонистем хифз кунем.
Дирузе, ки ба имруз нарасид.
Дирузе, ки ба Имруз бадал нашуд.
Дирузе, ки имруз нест.
Намедонам, Назир чаро он аксро дар "дунё"-и худ чой дод. Намедонам, чиро мехост бозгу кунад, чи мехост бигуяд ба тамошогарони олбумаш.
Аммо кори бисёр савоб кард: дилеро шод кард!
ДИЛИ МАРО!!!
Ин акс ба назар, чизе намегуяд, чуз ин ки панч чавон руйи даст нони "бозори" ва як шиша оби газдори "Буратино" ба суйи аккос нигох мекунанд.
Хама нигох мекунанд. Нигохи соф, бегараз, ояндадор.
Аммо ин акс яке аз бехтарин аксхо аз даврони донишчуии манн аст, ки бароям бисёр азиз мебошад. Нон, "Буратино", якчо пиёда то ба китобхонаву хона рафтанхо, бахсу шухиву хамчо буданхо...
Бисёр ташаккур, Назирчон, ки бори дигар маро ба ёди он айёми зебову бебозгашт бозгашт доди!!!
Ку холо имконе ки як даме бо хам бошем, пахлуи хам, ру ба руи хам, дар сухбати "хаштгона"-и худ...
Ку он оши ланч, вале нихоят ширин пухтанхо...
Ку он нишасту бархостхо дар кулбаи факиронаи Фазлуллоху шухихои гарму хунуки Восееву Мукиму "хушдомангайбатхо"-и Файзиддину приколхои намакини Курбону сигордудкунихои ботакаббур, аммо зебандаи Умару муинхонихои Фазлуллохи ошику хушсадо... ва содагуфторхо (ё шояд файласуфихо)-и Арбоби азиз...
Ку Саидаву Тахминаи хамеша пуртабассуму "охи дили бачахо", Нилуфари танбалу дар дусти беназир, Гулбахори хамеша недоволний, аммо бо дили софу барно, Фарангиси ширинидустдору дастобадаст…
Ояти зиндадил, Ситорахои чанубиву шимолии тану тушашон яке, Нигораи оханинасаб, Мавчудаву Файзаливу Бунафшаву Зебуннисову Дилшоду Сайраму Лолаву Рисолату Амирхучаву Бурхону Абдухалиму… Хар яке дигар, ки табассуму чехраи бозашон дар дили ман чойгохи бузургеро касб кардаанд.
"Боз мехохам, ки аз нав кудаки нодон шавам…"
Боз мехохам, ки аз нав кулли дустони хамсабакамро якчо бубинам, бо онхо хамнишини кунам, дилкушои кунам, рахнамои кунам.
Дил мехохад, ки боз хам пиёда биравам суйи "Чазира", чазираи орзухо, чазираи дустон, чазираи дилнавозон, чазираи хамовохо, чазираи хамсадохо.
Дил мехохад, бо дустони ширини худ бошам, лахзае дигар.
Лахзае дигар худро донишчу эхсос кунам, лахзае дигар дилкушои кунам.
Лахзае дигар вориди он дунёи бебозгашт бишавам, ки дустон хар нозатро мебардоранд, машварат медиханд ва бидуни тарс, бидуни дипломатияву сиёсату сохтагиву бофтаги (ки холо безор шудаам), рози дил кунам бо дустони хамешадардилам.
Лахзае лаззати он ишкро, ки сарогоз ёфта буд махз дар он айёми афсонави, дубора бичашам.
Он ишкро, ки боз хам яке аз хамсабакони азизам ба ман эхдо кард.
Он ишкро, ки ба дилам хангома андохт.
Он ишкро, ки ба дилам ХАНГОМА андохт!
Ку он солхои рафокат, садокат, ошики, ковишхо, омузишу хамнишини, хамдасти, хамрахи?
Танхо умед аст, ки хамДили бокист!
Чун агар ин хам нест, Дирузи мо нест!
Чун агар ин хам нест, дирузи мо бофтае, афсонае беш нест!
Чун агар ин хам нест, мо нестем!
Мо нестем???
ё, МО ХАСТЕМ?!
Худовандо, дустони аз дида дуру ба дил хамеша каринамро нигах дор!
Ба ёди он рузхо рузхои зиёди дигар пушти сар мекунам...
Носталгия зури мекунад.
Дустон дури...

Бо умеди дидор,
Носирчон, Прага,
08.11.2009

Комментариев нет:

Отправить комментарий