21 дек. 2009 г.

Ќароре, ки бо Сарќонун мухолифат дорад

Ќарор дар мавриди пулакї шудани иттилоъ аз маќомоти давлатї, ки ахиран Њукумати Љумњурии Тољикистон ба имзо расонд, зидии Сарќонун ва ќонунњои дигари соња аст

Аз ин пас тибќи ин ќарор њар як шахс ё ширкату муассисањо, ки мехоњанд аз муассисањои давлатї иттилоъ бигиранд, бояд нархи онро пардохт кунанд.
Нархи њар як сањифаи иттилоъ на бештар аз 35 сомонї муайян шудааст.
Њамакнун алоќамандон барои ошної пайдо кардан бо санадњои давлатї, нусхабардорї, љавоб ба нома ва њатто сўњбат бо масъулон бояд расман маблаѓ супоранд. Барои ироаи иттилоъ њафт рўз муќаррар шудааст.
Дар ќарор таъкид шудааст, ки идорањои давлатї вобаста ба ањамияти иттилоъ метавонанд онро бањогузорї кунанд. Вале дар њамоњангї бо Агентии зиддимонополї.
Аммо ин ќарор сару садоеро миёни журналистон ба миён овардааст. Хуршеди Атовулло, сармуњаррири рўзномаи «Фараж» мегўяд муассисањои давлатї аз њисоби андози мардум фаъолият доранд. Чї гуна мешавад, ки онњо кори худро дар ивази пул ба ин мардум фурўшанд? Ба андешаи ў: «Мувофиќи ќарори мазкур муайян кардани нархи иттилоъ ба худи нињодњо вобаста карда шудааст ва боварї дорам, ки нињодњои лозима, аз ќабили Прокуратураи генералї, ВКД, Вазорати тандурустї ва амсоли ин нархи иттилоъро барои дастрасї наёфтани журналистон ба осмон мебардоранд. Фикр мекунам ќароре, ки њукумат баровардааст, ба Сарќонун ва ќонунњои кишвар мухолиф аст. Ба он хотир, ки масъалаи дастрасии шањрвандон ба иттилоот дар ягон љо зикр нашудааст, ки бо пул бошад».
Воќеан, њам Сарќонуни кишвар ва њам Ќонун «Дар бораи матбуот ва дигар ВАО» дастрасии мардумро ба иттилоъ кафолат додааст. Масалан, дар моддаи 5-и Ќонун «Дар бораи матбуот ва дигар ВАО» чунин омадааст: «Ташкилотњои давлатию сиёсї ва љамъиятї, њаракатњо ва шахсони мансабдор вазифадоранд, ки ба воситањои ахбори омма маълумоти заруриро дињанд». Ё моддаи 27-и њамин ќонун чунин таъкид кардааст: «Шањрвандон њаќ доранд, ки тариќи воситањои ахбори омма фавран дар бораи фаъолияти маќомоти давлатї, иттињодияњои љамъиятї ва шахсони мансабдор маълумоти аниќ ба даст оранд.
Воситањои ахбори омма њуќуќи аз маќомоти давлатї, иттињодияњои љамъиятї ва шахсони мансабдор гирифтани ахборро доранд. Маќомоти давлатї, иттињодияњои љамъиятї, шахсони мансабдор ба воситањои ахбори омма маълумоти зарурї дода, барои шинос шудан бо њуљљатњо имконият муњайё мекунанд».
Ва тибќи њамин моддаи ќонуни мазкур дар њолати саркашї кардан аз додани иттилоъ чї маќомоти давлатї, чї иттињодияњои љамъиятї ва чї шахсони мансабдор ВАО метавонад то ба суд мурољиат кунад.
Ба андешаи Хуршеди Атовулло дар мавриди нишастҳои матбуотї дар ќарор чизе гуфта нашудааст, ки онњо низ пулакї мешаванд ё на. Ба њамин хотир, ин ќадами дигар аст барои душвортар намудани дастрасии ВАО ва мардум ба иттилоот.
Мањмудљон Сараев, корманди бахши тањлилии Дастгоњи Президенти љумњурї ба хабарнигори радиои Би-Би-Си гуфтааст, хабарнигорон аз ин ќарор набояд нигарон бошанд. Зеро, иљрои ин ќарор дар фаъолияти онњо таѓйироти љиддиеро ба амал нахоњад овард. Ба гуфтаи М. Сараев, ин ќарор пардохти бањои иттилоеро дар назар дорад, ки бо харљи зиёдатї дар ихтиёри маќомоти давлатї ќарор мегиранд. Яъне, агар вазорате ба дигар маќомот матолиби тањлилї фармоиш додаст, ироаи он ба хабарнигорон метавонад пулакї бошад. Аммо дар њолатњои дигар хабарнигорон барои дарёфти хабаре ё иттилои расмї набояд ба маќомоти давлатї маблаѓ пардохт кунанд.
Вале Нуриддин Ќаршибоев, раиси Анљумани расонањои мустаќили Тољикистон, ин иддаои М. Сараевро нодуруст арзёбї мекунад. Ба гуфтаи вай: “Дар њељ банди ин санад дар бораи имтиёзоте барои хабарнигорон ишора нашудааст. Яъне, хабарнигорон дар канори њамаи ниёзмандон барои дарёфти иттилоъ аз нињодњои расмї бояд маблаѓ пардохт кунанд”.

Умаралии Сафаралї

Комментариев нет:

Отправить комментарий