9 июл. 2010 г.

МУШКИЛИ НОМ

Номгузории тоҷикӣ дарди сар шудааст

Баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ шаҳрвандон ба номгузории тоҷикӣ рӯ оварданд. Солҳои авали истиқлолият аксари мардум ба фарзандонашон номҳои зебои тоҷикӣ гузоштаву аз «ов»-у «вич» даст кашиданд. Аммо номгузории нав насаб надошт, мисле, ки имрӯз низ роиҷ шудааст. Ҳатто Президенти кишвар низ баъди иваз кардани ному насабаш ба шакли тоҷикӣ насаб надорад. Ва бисёриҳо дар пайравӣ ба президент номгузории бенасабро интихоб карданд.
Баъди ин насли солҳои авали истиқлолият, ки акнун 19-солаанд, дар Русия ба мушкил мувоҷеҳ шуданд. Ин насл насаб надорад.
Ҳамин буд, ки дар Русия бо сабаби надоштани насаб ба мушкил мувоҷеҳ шуданд. Онҳое, ки шиносномаҳояшон дунома буд, бозпас ба ватан фиристода шуданд. Баъди бозгашт теъдоде аз онҳо дар талоши ба шакли русӣ кардани ному насаби худ шуданд, то дар дигар кишварҳо, хусусан, Русия мушкил надошта бошанд. Виктор Себелев, роҳбари намояндагии Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар Душанбе ҳамон замон гуфта буд, ки мушкили аслӣ тоҷикӣ ва ё русӣ будани шакли навишти номҳо нест, балки дар шиносномаҳо бояд насаби шахс низ дарҷ гардад. Дар акси ҳол чунин шакли навишт ба қоидаҳои байналмилалӣ дар заминаи убуру мурури марз мутобиқат намекунад.
Имрӯзҳо бошад, шаҳрвандон дар Тоҷикистон ба мушкил рӯбарӯ шудаанд. Мактабҳои миёна кӯдаконеро, ки ба синфи якум қабул мешаванд, бо сабаби он ки насаб надоранд, қабул намекунанд. Дар мактабҳои олӣ низ ҳол чунин аст.
Аммо чаро аз соли 1991 то ҳоло ягон масъуле ёфт намешавад, ки ба воситаи телевизион ё радиою рӯзномаҳо ба мардум тарзи дуруст мондани ному насабро фаҳмонад? Ё интихорем, ки инро низ Президенти кишвар пешниҳод кунад? Ман ҳам, вақте соли 2008 номгузориамро ба шакли тоҷикӣ кардам, кассе сади роҳам нашуд. На дар шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, на дар шӯъбаи шиномномадиҳӣ кассе нагуфт, ки ту насаб надорӣ. Ва имрӯз шиносномаамро мебинам, бисёр хандаовар пур карда шудааст. Дар ҷои насаб, ном ва дар ҷои ном номи падарам сабт аст. Аммо ба ин ман гунаҳкорам? Масъулонро зарур аст, ки тарзи дурусти номгузориро ба мардум фаҳмонанд, то саргардон нашаванд.

Комментариев нет:

Отправить комментарий