29 июл. 2010 г.

ИСТИРОҲАТ Ё…

Шаҳри Душанбе ҷои оббозӣ надорад
Ахиран, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ аз марги шаҳрвандон ҳангоми оббозӣ дар кӯлу дарёҳо изҳори нигаронӣ кардааст. Тибқи иттилои ин кумита тобистони соли ҷорӣ наздики 50 нафар ҳангоми оббозӣ ҷони худро аз даст додаанд. Сабаби асосии ѓарқшавии сокинон оббозӣ дар ҳолати мастӣ ва минтақаҳои хавфнок будааст.
Минтақаи хавфнок. Воқеан, дар шаҳри Душанбе ва дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар ҳавзҳои оббозӣ нестанд. Ҳамин аст, ки аксари сокинон, хусусан, кӯдакон дар дарёҳо оббозӣ мекунанд. Хусусан, соҳилҳои дарёи Душанбе ва канали Ҳисор хеле серодам аст. Ҷараёни оби дарёҳо бошад, имсол хеле тез мебошад. Бо сабаби гармои ҳаво яхҳо об шудаву ба дарёҳо ҷорӣ мешаванд. Вале қариб ҳамаи кӯдакон беназорат мемонанд. Ягона кӯли Душанбе – Комсомол низ, барои кӯдакон хавфнок аст. Солҳои пеш низ дар ин кӯл чандин нафар ҷон ба ҷаббор супурдаанд.
Аммо чӣ бояд кард? Масъулонро зарур аст, то сари ин мушкил андеша кунанд. Дар ҳар гӯшаи шаҳр ҳавзҳо бояд сохта шаванд. Чунин ҳавзҳо дар минтақаҳои истироҳатии Варзоб сохта шудаанд. Аммо ҳама имконияти ба Варзоб рафтанро надоранд.
Ҳаво сол то сол гарм мешавад. Ягона роҳи халосӣ аз гармои тоқатфорсоро аксар дар оббозӣ мебинанд. Агар ҳавзҳои оббозӣ бошанд, кӯдакон рафта, бо дили пур оббозӣ мекунанд. Дар соҳили дарёҳо бошад, назорат бояд пурзур карда шавад. Хусусан, падару модарон фарзандони худро доим зери назорат гиред, ба куҷо рафтанашонро донед.
Ҳаёти худро дар хатар нагузоред!

Комментариев нет:

Отправить комментарий