22 июл. 2010 г.

ОҚИБАТ ГУРГЗОДА ГУРГ ГАРДАД

Русия ягон вақт ба манфиати Тоҷикистон кор намекард ва намекунад

Ҳамааш аз он сар шуд, ки Тоҷикистон тасмим грифт Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро худаш месозад. Қаблан Русия гуфта буд, Роғунро бунёд мекунад. Аммо Ширкати «РусАл» бо роҳбарии Дерипаска корро оғоз кардаву ба дарозо кашид ва Тоҷикистон яктарафа қарордоди бастаашро бекор кард.
Аз ҳамон замон фишорҳо болои Тоҷикистон оғоз шуд. Русия ин корро ба воситаи ӯзбакистон роҳандозӣ кард. ӯзбакистоне, ки худаш пешниҳод карда буд, то Роғун сохта шавад, имрӯз зидди ин иншооти барои Тоҷикистон муҳим аст. Ва роҳи қатораҳои Тоҷикистонро баст. Ҳатто дар мулоқоти сарварони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов дар Тошканд низ Каримов рӯирост иқрор кард, ки қатораҳои вобаста ба Роғун раҳо нахоҳанд шуд. Аммо баъд аз он ҳам танҳо 20 вагон вориди Тоҷикистон шуд. Дар ҳоле ки миқдори вагонҳои боздошташуда 2000 буд. Ва дар авохир роҳи ҳавоиамонро ҳам бастанист. Пан Ги Мун, дабири кулли СММ низ, ки ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сафари корӣ анҷом дод, ба ин мушкили минтақа расидагӣ накард. Дид, ки симояш ба симои ӯзбакҳо монандтар аст, тарафи онҳоро гирифт. Ҳатто ба маргу мири шаҳрвандони кишвари мо дар марз бо ӯзбакистон низ эътиборе надод.
Русия ҳам дар даврони шӯравӣ ва ҳам дар даврони истиқлолият ба хотири манфиатҳояшро дар Осиёи Марказӣ пиёда кардан, Тоҷикистонро дӯст мехонд. Зеро ӯзбакистон он вақт ғарбгаро буду Русияро писанд намекард. Имрӯз, ки мамлакатҳои Ғарб аз ӯзбакистон рӯ тофтанд, рӯ ҷониби Русия овард. Имрӯз ҳар касе мегӯяд, Русия барои Тоҷикистон бисёр корҳоро кардааст, хато мекунад. Русия барои мо ягон кори қобили мулоҳиза накардааст. Дар даврони шӯравӣ ҳамагӣ чанд бинои қафасмонанд сохта, бар ивазаш даҳҳо маротиба бештар дороиамонро бурдаанд. Дар даврони истиқлолият ҳам, ки Нерӯгоҳи «Сангтӯда-1»-ро сохт, аз солҳои аввал болои мо аз ҳар гуна таҳдидҳо кор мегирад. Ҳам маълум нест, ки Русия то кай соҳиби ин иншоот хоҳад буд.
Ва боз ҳам кишвари бо мо дӯсту ҳамзабону ҳамфарҳангу ҳамдин Эрон дар баробари мушкилоти Тоҷикистон садо баланд кард. Ба ӯзбакистон ҳушдор дод, ки дар сурати раҳо накардани қатораҳои Тоҷикистон вагонҳои ӯзбекистон аз қаламрави Эрон нахоҳад гузашт. Ин иқдомро мақомоти Эрон кӯмак ба Тоҷикистон номиданд. Эрон ба Туркманистон низ номае ирсол карда, хостааст, вагонҳои ӯзбакистонро ба қаламраваш иҷозат надиҳад. Ҷониби ӯзбакистон дар посух гуфт, дигар барои вагонҳои Тоҷикистон мушкил эҷод намешавад. Ва ҳамон рӯзҳо 20 вагон, ки масолеҳи сохтмонии «Сангтӯда-2» доштанд, раҳо шуданд. Роҳбарияти Нерӯгоҳи «Сангтӯда-2», ки кормандонашро бо сабаби набудани масолеҳ рухсатӣ дода буд, боз хонд. Ин нерӯгоҳ, ки бо сармояи Эрон сохта мешавад, баъд аз 12 сол моли Тоҷикистон хоҳад шуд.
Дар мавриди муҳосираи иқтисодии ӯзбакистон дар кишварҳои гуногун гирдиҳамоиҳо низ доир шуданд. Аз ҷумла, тоҷкони Қирғизистон, ИМА ва як гурӯхи занон ва ҷавонон дар Душанбе назди сафорати ӯзбакситон ҷамъ омада, хостори раҳо кардани вагонҳои Тоҷикистон шуда буданд. Чанд рӯзи пеш бошад, як гурӯҳ ҷавонони Швейтсария назди бинои СММ ҷамъ омада, хостаанд, СММ ба ӯзбакистон фишор биорад, то вагонҳои Тоҷикистонро раҳо кунад, ки ин мухолифи қонунҳои байналмилалист. Яке аз ин ҷавонон ба радиои «Озодӣ» гуфтааст, дар байнашон ягон тоҷик нест ва ин тасмими худи онҳост.
Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳамчунин, омодагии худро барои харидории оби Тоҷикистон изҳор кардааст, ки тибқи созишномаи сеҷониба миёни кишварҳои Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад. Ин қарордод ба наздикӣ бояд ба имзо расад. Эрон аз об танқисӣ надорад, аммо ба кишварҳои беоб нишон медиҳад, ки обро харида мешавад. Гуфта мешавад, обе, ки аз Тоҷикистон ба Эрон меравад, барои ба кор даровардани нерӯгоҳҳо истифода мешавад. Барои сохтмони роҳи оҳан миёни ду кишвар низ созишнома ба имзо расидааст. Мақомотро зарур аст, барои ҳарчи бештар амалӣ шудани ин тарҳ талош кунанд. Эрон барои амалӣ шудани ин тарҳ як миллион доллар ҷудо кардааст. Дар сурати ба истифода дода шудани ин роҳ бисёр мушкилоти кишвари мо, аз ҷумла, норасоии сӯзишворӣ рафъ хоҳад шуд. Эрон яке аз бузургтарин кишварҳои нефтистеҳсолкунанда аст ва Тоҷикистон метавонад бо нархи арзон маводи сӯхт ворид кунад.

Комментариев нет:

Отправить комментарий