3 июн. 2010 г.

«Дӯстони сабз»-ро зиёд бояд кард!




Ҳамасола 5 июн дар тамоми кишварҳои олам ҳамчун Рӯзи ҳифзи муҳити зист таҷлил мешавад

Солҳои охир масъалаи ҳифзи муҳити зист ба масъалаи доғ табдил меёбад. Хусусан, гармшавии иқлим сабаби қариб ҳар моҳ баргузор шудани конфронсу ҳамоишҳои байналмилалӣ шудааст.
Кишвари мо низ дар ин масъала бетараф нест. Президенти кишвар қариб дар ҳамаи баромадҳояш сари ин масъала ҳарф мезанад ва қариб ҳамаи пешниҳодҳои кишвари мо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст. Хусусан, масъалаи об. Ҳарчанд Тоҷикистон захираҳои фаровони об дорад, аммо бештари масъалагузориҳои Президенти кишвар сари ҳамин мавзӯст. Ва яке аз бузургтарин ин тасмимҳо эълон шудани солҳои 2005-2015 10-солаи «Амалиёти об барои ҳаёт» аст, ки ба наздикӣ дар Душанбе конфронси байналмилалӣ доир шуда, аз 5 соли гузашта натиҷагирӣ карда мешавад.
Аммо вобаста ба тағйирёбии иқлим бузургтарин ҳамоиш нишасти Копенгаген буд, ки моҳи декабри соли гузашта баргузор шуд. Дар ин нишаст Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон низ иштирок ва суханронӣ кард. Яке аз масъалаи асосии ин ҳамоиш коҳиш додани газҳои парникӣ буд.
Як моҳи қабл аз ин нишаст бошад, дар шаҳри Лондон роҳбарони рӯҳонии ҷаҳон ба ҳам омада буданд ва як қатор лоиҳаҳои пешгирии тағйирёбии иқлимро муаррифӣ карданд. Ҷолибтарин лоиҳа дар ин нишаст нақшаи мусулмонони ҷаҳон буд, ки пешниҳод карданд, дар 5 соли оянда 10 шаҳри муқаддаси ҷаҳон «сабз» шаванд.
Бале, бояд хона, деҳа ва шаҳрҳоямонро сабз кунем. Ҳамасола дар ҷумҳурӣ ниҳоли зиёде шинонда мешавад. Аммо аз бемасъулиятии шаҳрвандон ва масъулин бештари ин ниҳолҳо намесабзанд. Дар маҳалҳо гову мол мехӯрадашон дар маркази шаҳру навоҳӣ бошад, аз беобӣ хушк мешаванд. Дар солҳои ҷанг талу тепаҳо аз дарахт холӣ шуданд. Мардум онро чун маводи сӯхт истифода карданд. Натиҷаашро бошад, имрӯз мебинем. Қариб ҳамасола сар задани сел, фуромадани яхч ба назар мерасад. Агар дарахтонро нобуд намекардем, пеши роҳи селро ҳам мегирифту шамолро ҳам ва ҳам намегузошт, ки аз теппаҳо яхч фурояд. Аммо ҳоло ҳам фурсат аст. Сафи дарахтонро бештар бояд кард. Дарахтон бошанд, «дӯстони сабз»-и моанд.

Комментариев нет:

Отправить комментарий