9 июн. 2010 г.

ҶОМИ ҶАҲОН БЕ ТОҶИКИСТОН?



11 июн, аниқтараш пас аз 2 рӯз бозиҳои Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол оғоз мешавад. Мизбонии ин мусобиқаро Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ бар дӯш дорад.
Дар мусобиқа 32 даста аз чор қитъа барои қаҳрамони ҷаҳон шудан мубориза мебаранд. Қитъаи мо - Осиёро чор давлат намояндагӣ мекунад: Кореяи Ҷанубӣ, Кореяи Шимолӣ, Ҷопон ва Зеландияи Нав. Чаро дар ин мусобиқа Тоҷикистон нест. Оё имкон дошт, ки тими мунтахаби кишвари мо дар сатҳи ҷаҳонӣ ширкат кунад? Оре. Агар таваҷҷӯҳ ва дастгирии футболбозон бошад.
Агар ёд доред, футболбозони навраси мо соли 2007 чун чор дастаи беҳтарини Осиё ба мусобиқаи Қаҳрамонии ҷаҳон роҳхат гирифта буданд ва бозии хубе низ нишон доданд. Онҳо Тоҷикистонро дар ҷаҳон муаррифӣ карданд ва исбот намуданд, ки Тоҷикистон низ ватани футбол аст. Аммо ҳамин футболбозони ҷавон то ҳоло дар ягон бозии дигар комёб нашудаанд, ки боиси ҳайрат аст. Аз рӯи қоида шахс дар роҳи интихобкардааш бояд пеш равад на ақиб. Вале ин тавр нашуд. Ҳамон футболбозон, ки бештараш ба тими мунтахаби кишвар даъват шудаанд, ҳафтаи гузашта дар мусобиқаи футзал барои ба даст овардани Ҷоми Осиё дар Тошканд бозиро бо дастаи миллии Эрон бо ҳисоби 19:2 бохт, ки хеле нигаронкунанда аст.
Дар мусобиқаи қаҳрамонии кишвар байни дастаҳои Лигаи Олӣ низ танҳо 3-4 даста фаъоланду маълум аст, ки рушд мекунанд. Боқимонда дастаҳо бошанд, ташаккул ёфтанашон як тараф, дар ҳамон сатҳе, ки буданд, наистодаанд. Дастаи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат, ки соли аввал дар Лигаи Олӣ бозӣ мекунад, дар ҷадвали мусобиқот мақоми чорумро соҳиб аст. Аз чанд дастае, ки солҳо дар Лигаи Олӣ бозӣ мекарданд, пеш гузаштааст. Рӯшан аст, ки ин даста хуб дастгирӣ мешавад. Агар не, футболбозони машҳур ба ин даста намегузаштанд. Ду дастаи дигар – «Саройкамар»-и Панҷ ва «Зарафшон»-и Панҷакент низ, ки ба Лигаи Олӣ роҳхат гирифта буданд, бо сабаби набудани маблағ аз иштирок дар ин мусобиқа даст кашиданд.
Аммо як чиз хушнудкунанда аст. Дастаи наврасони кишвар моҳи август дар мусобиқоти Ҷоми Осиё ва ҳам барои роҳхат ба Мусобиқаи ҷаҳон иштирок хоҳад кард. Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои мунтахаби Индонезия, Уммон ва ӯзбекистон бозӣ мекунад. Дар бозиҳои гурӯҳӣ бошад, наврасони мо бе сар додани ягон гол ба дарвозааш дар гурӯҳаш ҷои аввалро гирифта буд. Зоҳир Бобоев, сармураббии тими футболи наврасон кӯшиш дорад, дар чор ҷои аввал қарор гирад. Ва ваъда ҳам додааст, ки дар сурати пирӯзӣ як муддат бо аъзои команда рӯза дошта, мавзеъҳои муқаддаси кишварро зиёрат мекунанд. Ба гуфтаи ӯ варзиш пеш аз ҳама покӣ аст.
Мо ҳам дуо мекунем, Тоҷикистон дар ин мусобиқа ғолиб шавад ва дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон оид ба футбол низ иштирок кунад.

Комментариев нет:

Отправить комментарий