9 июн. 2010 г.

ҚОНУНИ МАТБУОТ НАВ МЕШАВАД?



Созмонҳои журналистии кишвар аз бархӯрди ҳукумат бо ВАО-и мустақил изҳорӣ нигаронӣ мекунанд.

Бо ибтикори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ таҳти унвони «Таҳқиқи сабабҳои ҳуқуқӣ ва маънавии ба ҷавобгарии судӣ ҷалб гардидани ВАО дар Тоҷикистон» мизи мудаввар доир гашт. Иштирокчиён аз муносибати Ҳукумати ҷумҳурӣ бо ВАО-и мустақил, хусусан, ба суд кашидани панҷ нашрия, ки товони зараршон дар умум 5 млн. сомониро ташкил медиҳад, инчунин, қатъ гардидани пахши барномаҳои СМТ, ягона шабакаи телевизиони мустақил дар шаҳри Душанбе, изҳори нигаронӣ карданд. Гуфта шуд, масъулини шабакаҳои барқ бе огоҳонии пешакӣ хатти барқи коргоҳи СМТ-ро буридаанд ва аз 1 июн пахши барномаҳои ин шабака қатъ гардидаасту шаҳрвандони Душанбе ва ноҳияҳои атроф метавонанд аз ин пас роҳат барномаҳои шабакаи аввали Русияро тамошо кунанд. То ин вақт дар басомаде, ки ба СМТ дахл дошт, ҳам барномаҳои СМТ ва ҳам аз шабакаи авали Русия пахш мешуд, ки ҳар дуро тамошо карда намешуд. Мардум дар ин ҳолат телевизионҳои кишварро тамошо мекард. Аммо акнун тамоми шаҳри Душанбе барномаҳои ОРТ-ро тамошо хоҳанд кард.
Иброҳим Усмонов, раиси Шӯро оид ба ВАО зимни суханрониаш гуфт, ҳукумат дар баробари нашрияҳо ҳам дар сурати пирӯзӣ ва ҳам мағлубият мағлубшуда ҳисоб аст. Дар ин маврид ҳуҷуми Курӯши кабир ба Томирис, ки мегуфт, агар ғолиб ояд, мегӯянд бар як зан пирӯз шуд, дар сурати мағлубият ҳам мардум хоҳанд гуфт, аз як хонум шикаст хӯрд, мисол оварда шуд.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки журналистикаи имрӯза бояд ё силоҳ бошад, ё қудрат. Аз он ки журналистикаро ҳокимияти чорум ном мебарем, пас бояд силоҳ набошем. Ба андешаи И. Усмонов, журналистикаи даврони Шӯравӣ силоҳи ҲКТ буд. Аммо дар шароити демократия ва дунявият ин тавр буданаш даркор нест. Барои он ки журналист бояд камбудиҳои ҳукуматро ёфтаву гуфта тавонад.
Иброҳим Усмонов изҳори нигаронӣ кард, ки ВАО ба сатҳи почта поён фуромадааст. Нашрияҳои бояд аз чопи мактубҳо ба унвони Президенту роҳбарони дигар мақомот даст кашанд. Ин беэътибор кардани сухан аст. Мактубҳоро дар дигар шакл бояд чоп кард. Раддия чоп кардан ҳам ба манфиати кор нест. Қайд шуд, ки дар дигар давлатҳо журналистон маҳбас шуданро ба дӯш мегиранду раддия чоп намекунанд.
Ҳамчунин, аз рӯҳияи гадоӣ гирифтани ВАО низ изҳори нигаронӣ карда шуд. Воситаҳои ахбори омма имрӯз гадоиро пропаганда мекунанд, ки барои ҷомеа оқибати хуб надорад. Ҳамарӯза аз фалон қадар кӯдакро хатна кардани кадом сарватманд ва ёрӣ хостани Ҳукумат аз созмонҳои байналмиалӣ иттилоъ пахш кардан ба манфиат нест.
Дар охир иштирокчиён ба хулосае омаданд, ки бояд қонунҳои марбути соҳа мавриди баррасӣ қарор гирад, зеро чандин нуктаҳои ин қонунҳо хилофи ҳамдигаранд.

Комментариев нет:

Отправить комментарий