25 июн. 2010 г.

Ваҳдати миллӣ

Онро ҳифз бояд кард

27 июн аз ба имзо расидани Созишномаи истиқрори судҳ ва Ваҳдати миллӣ 13 сол пур мешавад. Таври маълум, Ваҳдати тоҷикон ба осонӣ даст надодааст. Барои ба ин рӯз расидан фарзандони миллат ҷонбозиҳо кардаанд. Хусусан, саҳми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Саид Абдуллои Нурӣ дар ин росто беандоза аст. Чун, агар як ҷониб намехост, ба ин рӯзи нек расидан кори басо душвор мебуд.
Ҳамин шабу рӯз дар Ҷумҳурии Қирғистони ба мо ҳамсоя вазъ чандон хуб нест. Ба ақидаи коршиносон ин нооромиҳо шабеҳи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аст. Ҳукумати муваққати ин кишвар низ дар амалҳои зишт, ки қариби 2000 нафар ба ҳалокат расидаву 60 фоизи биноҳои шаҳри Ош хароб гаштаанд, кори дасти сеюмро мебинад. Дар мо агар байни «вовчик»-у «юрчик»-ҳо ҷанг андохтанд, дар Қирғизистон байни ӯзбекҳову қирғизҳо низоъ бархост.
Роза Отунбоева, роҳбари Ҳукумати муваққати Қирғизистонро мебинем, ки саропо бо канзули муҳофизатӣ (бронежилет) печонида шудааст. Ин дар ҳоле ки нооромиҳо дар ҷануби ин кишвар сар задааст. Аммо Тоҷикистон пурра ба гирдоби ҷанг ғутавар гашта буд. Дар ҳамон рӯзҳои вазнин Президенти мамлакат як бор канзули муҳофизатӣ ба тан накард. Ҷавонмардона ба ҳар куҷое, ки лозим буд мерафт. Хусусан, ба Хусдеҳи Афғонистон, ки минтақаи даргир буд ва ягон кас кафили зинда мондани Президенти кишвар нашуд, Эмомалӣ Раҳмон рафт ва бо Саид Абдуллоҳи Нурӣ гуфтушунид анҷом анҷом дод. Ин амалро ба он хотир кард, ки дилаш ба ин сарзамину ин миллат месӯхт. Ин вохӯриро барои расидан ба сулҳ муҳим арзёбӣ мекунанд.
Акнун мо бояд ба ин сарвати бебаҳо, ки баробари Истиқлолияти давлатӣ арзиш дорад, арҷ гузорем. Ба ҳар гуна фиребу найранги душманону хоинони миллат дода нашавему дар фикри ободии ин ватану сарзамини бостонӣ бошем.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ бар ҳамам шумо муборак бошад!

Комментариев нет:

Отправить комментарий